Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи ҳуши маснуӣ қатънома қабул кард

Asia-Plus

Рӯзи 25-уми июли соли равон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) лоиҳаи қатъномаи “Нақши зеҳни сунъӣ (ҳуши маснуӣ) дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”-ро, ки аз сӯи Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

Ташаббуси мазкур моҳи сентябри соли 2024 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод гардида буд.

“Санади мазкур бо бархурдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои узви СММ қадами муҳиммеро дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ ташкил медиҳад”, – навиштааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шарҳи қабули ин қатънома.

Ба иттилои ин ниҳод, қатънома ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад.

Ба гуфтаи ВКХ, яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Манбаъ менависад, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ба тезонидани раванди татбиқи ташаббусҳои асосии марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла самтҳои зерини марбута мусоидат хоҳад кард:

– пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ  миёни паркҳои технологӣ дар минтақа;

– роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ  миёни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;

– ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот ҷиҳати афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;

– ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ ба мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ  дар Осиёи Марказӣ;

– пешбурди ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон пешниҳоди қабули ин қатъномаро соли 2024 ба Маҷмаи умуми СММ ироа карда буд. Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди ин ташаббус пешниҳод карда буд,ки ин Маҷмаъи СММ дар иҷлоси навбатӣ дар бораи нақши ҳуши маснуӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ қатъномаи махсус қабул кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...