ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 27 ИЮЛ
Соли 2010 – Президенти Тоҷикистон ба сохтмони Осорхонаи миллии Тоҷикистон расман оғоз бахшид.
Соли 2010 – Беш аз сад нафар, ки аз кори шӯъбаи консулгарии Сафорати Русия дар Тоҷикистон норозӣ буданд, эътирози оммавӣ ташкил карданд.
Соли 2011 – Дар назди Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон – “Созандагони Ватан” таъсис дода шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1944 – Мавлуди Кароматулло Олимов, академик, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистону мушовири давлатии президент ва узви Комиссияи оштии миллӣ.
Кароматулло Олимов, ки саҳмаш дар бахши илму давлатдорӣ кам нест, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буда, солҳои зиёд дар Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Ӯ дар гузашта узви Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон, вазири фарҳанги Тоҷикистон ва мушовири давлатии президенти кишвар буд. Ҳамчунин Олимов соли 2001 раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО буд.
Номбурда як муддат директори Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинов ва директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Чанд муддат иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳо ва раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академия низ буд.
Кароматулло Олимов дар бахшҳои фалсафа ва шарқшиносӣ фаъолияти илмӣ мебарад ва ба таҳқиқи афкори фалсафии ниёгон пардохтааст. Ӯ осори орифону файласуфони маъруф, ба монанди Абулмаҷид Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайр, Ибни Сино, Ҷомӣ ва дигаронро таҳлил кардааст. Дар китоби “Тасаввуфи Хуросон” (1994) бори аввал зиндагинома ва таълимоти орифони қарнҳои IX–XII-ро таҳлил кардааст.
Олимов муаллифи беш аз 300 мақолаву асари илмӣ ва публисистӣ, аз ҷумла чандин монографияҳо буда, дар тарҷума низ дасти қавӣ дорад.
Соли 1954 – Зодрӯзи Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Қурбоналӣ Раҳмонов хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон буда, давоми фаъолияти қариб чилсолаи худ аз мероси халқ ва осори шуарои пешину муосир таронаҳои зиёде сурудааст, ки ӯро ба унвони яке аз бозёфтҳои санъати тоҷик муаррифӣ кардаанд.
Ӯ чанд соли охири рӯзгори хеш барномаҳои тозаэҷодеро аз осори бузургони адаб, чун Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз, Бедил, Иқбол, Лоҳутӣ таҳия кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ ансамблҳои “Чашма” ва “Сомон” дар ҷашнвораҳои байналхалқии мусиқӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.
Қурбоналӣ Раҳмон дар гузашта ҳамчунин директори Хонаи маданияти ноҳияи Восеъ, роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси хоҷагии ба номи Ленини н. Восеъ ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси “Сомон”-и назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд.
Қурбоналӣ Раҳмон дар сини 67 солагӣ бо аломатҳои бемории "COVID-19" даргузашт.
Соли 1957 – Зодррӯзи Мирсаид Яҳёев, мураббии таэквандо, раиси Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон.
Соли 1964 – Зодрӯзи Обид Назариён, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик, муовини варзири фарҳанги Тоҷикистон.
Обид Назариён дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи Одил Назаров, ҳунарпешаи театр ба дунё омада, соли 1985 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро бо ихтисоси актёри драма ва кино хатм кардааст. Фаъолияти ҳунарии ӯ соли 1985 ҳамчун ҳунарпеша др Театри драмаи мусиқии Ленинобод оғоз шудааст.
Ӯ солҳои 1999-2004 директори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ буд ва баъдан як муддат дар ин театр саркоргарони гурӯҳи хор буд.
Сипас, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дарс гуфт ва аз соли 2007 то соли 2014 дар вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд кор кард. Солҳои 2014-2016 директори Кохи фарҳанг ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2016-2017 муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.
Баъдан як муддат сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе буд ва соли 2019 дубора муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин ва то ҳол дар ин маснад кор мекунад.
Обид Назариён дар намоишномаҳои “Баъди исёни арӯсон”, “Компютери сеҳрнок”, “Қоқалӣ ва Лӯндабек”, “Корвони нур”, “Панҷ зани Афандӣ”, “Муъҷизаи Хӯҷаи Хизр”, “Достони Ҳофиз”, “Камоли Хуҷандӣ”, “Талоши зиндагӣ” дар театр нақш офаридааст.
Соли 1973 – Зодрӯзи Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, собиқ раиси Бонки миллӣ
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси молия ва қарз буда, ҳамчунин, Академияи хидмати давлатии назди президенти Русияро бо ихтисоси идоракунӣ хатм намудааст.
Холиқзода фаъолияташро дар соли 1995 ба ҳайси муҳосиб дар Муассисаи хуроки умумии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе оғоз карда, то мансаби муовини аввали сарвазир расид.
Баъди кор дар муассисаҳои гуногун ба ҳайси муҳосиб, солҳои 1998-1999 хазинадори Идораи амалиётии “Амонатбонк” ва баъди чанд соли фаъолият, аллакай дар соли 2005 сардори Идораи амалиётии Раёсати ин бонк буд ва то соли 2009 кор кард.
Баъдан, аз 3-юми апрели соли 2007 бо қарори ҳукумат аъзои Раёсати БДА “Амонатбонк” шуд ва солҳои 2009 – 2015 ҳамчун директори Департаменти хазинадории Раёсати бонк кор кард.
Як даъвати пурра, солҳои 2015 – 2020 (даъвати панҷум) вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд. Моҳи марти соли 2020 ҳам вакили парлумон интихоб шуд ва дар ҷаласаи якуми иҷлосияи даъвати шашум раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид. Вале дар даъвати дуввум зиёд фаъолият накард. Моҳи июн муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд ва баъди беш аз 6 моҳи фаъоляит дар моҳи ноябри соли 2020 раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид.
Баъди 4 соли кор дар ин ниҳоди муҳими давлатӣ моҳи январи соли 2024 муовини якуми сарвазири Тоҷикистон таъин гард ва то ҳол дар ин мансаб фаъолият дорад.
Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.
Соли 1976 – Мавлуди Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Солеҳа Холмаҳмадзода хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо тахассуси муҳандис-технолог-механик ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос аст.
Ӯ фаъолияти худро ҳамчун раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан ёрдамчии адвокат ва таҷрибаомўз дар ҳайати мушовараи адвокатҳои Тоҷикистон, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудири шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ ва адвокати Маркази “Буҳрони боварӣ ба фардо”-и Кумитаи кор бо занон ва оила, сардори шуъбаи кадрҳои Филиали Донишгоҳи миллӣ-таҳқиқотии технологии “МИСиС” дар Душанбе буд.
Ӯ соли 2015 муовини раиси шаҳри Турсунзода интихоб шуда, то лаҳзаи вакили парлумон интихоб гардиданаш дар соли 2020 дар ин мансаб буд.
Солеҳа Холмаҳмадзода 21-уми январи соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин шуд ва то ҳол дар ин вазифа кор мекунад.
"Азия-Плюс" баъди вазир интихоб шудани Солеҳа Холмаҳмадзода “Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон омода карда, мубрамтарин мушкилоти кору муҳоҷиратро гирд овард, то вазири нав дар раванди кораш ба ин мушкилот расидагӣ кунад.
Соли 2012 – Ҷонон Икромӣ, кимиёдон, доктори илмҳои кимиё дар 76-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳар сол 27-уми июл дар Финляндия ҷашни ғайриодие бо номи “Рӯзи хоболуд” баргузор мешавад. Пайдоиши ин ҷашн ба асрҳои миёна бармегардад ва ба ривояти ҳафт ҷавонмарди насронии шаҳри Эфес рабт мегирад. Гӯё онҳо барои наҷот аз таъқиби як императори Рим ба ғоре паноҳ бурда, ба хоби тӯлонӣ рафтанд ва танҳо пас аз қариб 200 сол бедор шудаанд ва дарк карданд, ки ҷаҳон пурра дигаргун шудааст.
Дар Финландия дар ин рӯз анъанае вуҷуд дорад, ки шахси танбалтарин ва хоболудтарин қаҳрамони рамзии рӯз эълон мешавад. Барои бедор кардан, ӯро бо ҳазлу ханда ба оби хунуки баҳр меандозанд.
27-уми июл рӯзи пайдоиши гамбургер аст. Гамбургер, ки имрӯз аз маъруфтарин ғизоҳои тезтайёри ҷаҳон аст ва дар амрико пайдо шудааст, аслан номи худро аз шаҳри Гамбурги Олмон гирифтааст. Барои он ки ин хӯрок дар саросари ҷаҳон маъмул шавад, он бояд шакли қулай ва тарзи омодакунии тез ва осон медошт.
Маҳз рӯзи 27-уми июли соли 1900, ошпази амрикоӣ Луис Лессинг дар шаҳри Ню-Хейвен аввалин бор бифштекси олмониро миёни ду буридаи нон гузошта, бо барги салат ва соус пурра кард ва онро фурӯхт.
Ин ғизо дар солҳои 1930 шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард, вақте Уолтер Андерсон дар иёлати Канзас шабакаи аввалини гамбургерфурӯшӣ бо номи “White Castle Hamburger”-ро таъсис дод.
Сипас, соли 1948, дар шаҳри Сан-Бернардинои Калифорния бародарони Макдоналд бо Рей Крок, ихтироъкори дастгоҳи коктейлсоз ҳамкорӣ оғоз карданд ва шабакаи машҳури “McDonald's”-ро таъсис доданд. Ин шабака босуръат тавсеа ёфт ва гамбургер ҷаҳонӣ шуд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 27 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кутоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 19+24º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш ва дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 31+33º гарм.


