Дастоварди ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузург дар Муғулистон

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузург (Гранд Салам) дар пойтахти Муғулистон ҷудокори тоҷик Масъуди Аҳмадзод медали нуқра гирифт. Дар ин бора Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар вазни 73 кг Масъуди Аҳмадзод то даври финалӣ чор нафарро мағлуб карда, дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи соҳибони майдон шикаст хӯрд. Дар ин вазн Муҳҳиддин Асадуллоев дар даври дуюм шикаст хӯрд. Меҳрдод Сӯфиев (60 кг) то даври нимфиналӣ роҳ ёфт.

Дар вазни 66 кг Ёсин Бобокалонов ва Мулораҷаб Халифаев, вазни 90 кг – Умед Раҷабов, Мизробшо Лоиқов, вазни 100 кг – Муҳсин Малаев ва Кароматулло Хакимов вазни +100 кг – Мансур Рахмон низ аз ҳарифони худ шикаст хӯрданд.

Байни занон ҳам Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) дар рақобатҳои аввал ба нокомӣ дучор шуданд.

Дар ин мусобиқа 236 ҷудокор аз 28 кишвар рақобат карданд. Тоҷикистон 12 намоянда дошт: 10 мард ва 2 зан. Бо 1 медали нуқра, ду ҷойи 5-ум ва 2 ҷойи 7-ум мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидаставӣ мақоми 10-умро касб кард.

Маблағи мукофотпулии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолиби ҳар як вазн бо 5 ҳазор евро (4 ҳазор ба ҷудокор ва 1 ҳазор – ба мураббӣ) медали нуқра – бо 3 ҳазор ва биринҷӣ – 1500 евро мукофотпулӣ сафароз гардонида мешавад.

Ба ғайр аз мукофотпулӣ, ба радабандии ҷаҳонӣ имтиёз низ ба даст оварда мешавад: 1 ҳазор имтиёз барои медали тилло, 700 имтиёз- барои ҷойи 2-юм, 500 имтиёз – барои зинаи 3-юм, 360 ва 260 имтиёз – мутаносибан барои ҷойҳои 5 ва 7-ум.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...