Вазорати маориф гуфт, аз 1 сентябр мактабҳои Тоҷикистон пурра ба низоми 10-хола мегузаранд

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар назар аст, ки аз 1-уми сентябри соли равон тамоми мактабҳои Тоҷикистон ба низоми баҳогузории 10-хола, ки чанд сол аст, баҳсаш идома дорад, гузаранд. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст.

Ӯ афзуд, аллакай журналҳои синфие, ки барои баҳогузорӣ дар ин низом истифода мешавад, аллакай омода шудаанд.

Ба таъкиди номбурда, имрӯз дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар низоми 100-хола амал мекунад.

Гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола дар ҳолест, ки қарор аст, мактабҳои Тоҷкиистон пас аз 4 сол ба низоми таҳсили 12-сола гузаранд. Айни замон омодагиҳо барои гузариш ба низоми нави таҳсил идома дорад.

Қаблан, Раҳим Саидзода дар як мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Омӯзгор” гуфта буд, ки низоми 10-холаи баҳогузорӣ ба таври озмоишӣ дар 140 мактаб аз ҷараён дорад ва баъди татбиқи муваффақи он дар тамоми мактабҳо ҷорӣ карда мешавад.

“Низоми 10-холаи баҳогузорӣ баъди омӯзишу таҳлил ва баррасии коршиносон барои маорифи миллӣ муайян карда шуд, ки метавонад ба ҳама амалҳои муҳассилин баҳогузорӣ карда шавад”, – гуфтааст Саидзода.

Ба таъкиди ӯ, ин низоми баҳогузорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот, сатҳи дониш, малака ва маҳорати амалии хонандагон, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил, баҳогузории воқеӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон ҷорӣ карда мешавад.

 

Тибқи низоми нав баҳоргузорӣ чӣ гуна мешавад?

Мувофиқи низоми нав, баҳогузорӣ тариқи зайл сурат мегирад:

10-9 балл – "аъло";

8-6 балл – "хуб";

5-3 балл– "қаноатбахш";

2 ва 1 балл – "ғайриқаноатбахш".

Бояд гуфт, ки баҳси татбиқи низоми баҳогузории 10-хола дар Тоҷикистон чанд сол аст идома дорад. Қисме, махсусан мақомот онро дуруст ва саривақтӣ шуморида, барои ин далелҳо ҳам доранд. Вале бархеи дигар, аз ҷумла омӯзгорони собиқадор ва коршиносони соҳа ин тасмимро кори нодуруст ва сарфаи вақт медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...