Ҳоло маоши омӯзгорон чанд аст ва аз моҳи сентябр чӣ қадар зиёд мешавад?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Аз моҳи сентябри имсол маоши омӯзгорон дар Тоҷикистон 30% зиёд мешавад ва онҳо вобаста ба дараҷаи маълумот аз 1 ҳазору 702 то 2 ҳазору 699 сомонӣ маош хоҳанд гирифт. Дар ин бора Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф ва илм дирӯз, 28-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, музди меҳнати омӯзгорони синфҳои 1-4 ва 5-11 вобаста ба дараҷаи маълумоти онҳо фарқ мекунад.

“Аз моҳи сентябр омӯзгорони синфҳои 1-4 вобаста ба дараҷаи маълумоти худ аз 1 ҳазору 702 сомонӣ то 2 ҳазору 699 сомонӣ маош мегиранд. Маоши вазифавии омӯзгорони синфҳои 5-11 бошад, аз 1 ҳазору 232 сомонӣ то 1 ҳазору 907 сомониро ташкил хоҳад дод”, – гуфт ӯ.

Ба таъкиди ӯ, ин танҳо барои як воҳиди корӣ буда, инчунин, баъди гирифтани дараҷа, маоши муаллимон баланд мешавад ва барои роҳбари синф будан ҳам маоши иловагӣ мегиранд.

“Масалан, маоши омӯзгори синфҳои 1-4, ки дараҷаи олӣ дорад, аз моҳи сентябр ба 3 ҳазору 563 сомонӣ  мешавад”, – гуфт ӯ.

Ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс”, маоши вазифавии директорони мактаб вобаста аз шумораи хонандагон (аз 100 то беш аз 2 ҳазору 500 хонанда) аз 1 ҳазору 803 то 2 ҳазору 972 сомонӣ аст. 

Ҷонишинони директор оид ба корҳои таълим ва тарбия бошад, аз 1 ҳазору 602 то 2 ҳазору 634 сомонӣ музди меҳнат хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин, дигар ҷонишинони директор ва роҳбари тайёрии ибтидоии ҳарбӣ аз 1 ҳазору 498 то 2 ҳазору 519 сомонӣ маош мегиранд.

Қобили зикр аст, ки ҳоло музди меҳнати миёнаи омӯзгорон дар кишвар 1 ҳазору 646 сомонӣ аст, ки аз маоши омӯзгорон дар кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас кам аст.

Барои муқоиса, маоши миёнаи омӯзгорон дар кишварҳои ҳамсоя чунин аст:

Бояд гуфт, маоши паст дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои асосии соҳаи маорифро тарк кардани муаллимон ва паст шудани сифати таълим дар кишвар гуфта мешавад.

 

Шикояти омӯзгорон аз нагирифтани маош ва пули рухсатӣ

Чанде пеш бархе омӯзгорони шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла омӯзгорон аз ноҳияҳои Восеъ ва шаҳри Конибодом ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки то ҳол музди меҳнат ва маблағи рухсатии худро нагирифтаанд.

Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф ва илм дар нишасти матбуотӣ шикояти бархе омӯзгоронро тасдиқ карда, гуфт, ҳукумати кишвар супориш додааст, ки то охири моҳи июл музди меҳнати омӯзгорон пурра пардохта шавад.

Номбурда зикр кард, ки рӯзи 27-уми июл дар ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини сарвазир вобаста ба ин масъала ҷаласа доир шуда, ба намояндагони ноҳияҳое, ки омӯзгорон то ҳол маоши худро нагирифтаанд, ҷиҳати пардохт супориши қатъӣ дода шудааст.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки пардохти музди меҳнати омӯзгорон “аз пур шудани буҷаи шаҳру ноҳияҳо вобастагӣ дорад”.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки омӯзгорон аз напардохтани маошашон нигаронӣ мекунанд. Қаблан низ борҳо аз дер пардохт шудани музди меҳнат шикоят карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...