Аз содироти сурма ва алюминий Тоҷикистон садҳо миллион доллар даромад гирифт

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар 6 моҳи соли 2025 ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳаи саноати Тоҷикистон ба истиснои фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳо 953 млн долларро ташкил дод.

Хуршед Зуҳурзода , муовини аввали Оҷонсии содироти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 36,6% зиёдтар аст.

Зикр гардид, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон молу маҳсулот ба Тоҷикистон асосан ва бештар аз Чину Туркия ва Ӯзбекистону Русия ворид шудааст.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки 70%-и содиротро молу маҳсулоти ашёи хом ва 30%-ашро маҳсулоти тайёри саноатӣ ташкил медиҳад.

Ба даҳгонаи молу маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал фулузот, захираҳои энергетикӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ дохил шуданд.

Дар зинаи аввали даҳгонаи молу маҳсулоти содиротии Тоҷикистон сурма ва дар зинаи охираш ангишт қарор доранд.

 

1. Сурма

Ин маҳсулот дар ин давра аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 286,5 млн доллар содир шудааст, ки 3,2 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (88,3 млн доллар) мебошад. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содирот 6% коҳиш ёфта, ба 6 482,5 тонна баробар шудааст (ҳамин давраи соли гузашта – 6,9 ҳазор тонна).

 

2. Алюминий

Аз содироти алюминий дар ним сол 120,5 млн доллар (+33,1%) даромад гирифта шудааст. Ҳаҷми содирот то 47,6 ҳазор тонна расид (афзоиш – 23,7% дар муқоиса бо 38,5 ҳазор тоннаи соли гузашта).

 

3. Консентратҳои фулузоту сангҳои қиматбаҳо

Аз содироти ин категорияи маҳсулот 98 млн доллар даромад ба даст оварда шудааст, ки 71,4% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст. Ҳаҷми содирот 40,8 ҳазор тоннаро ташкил додааст (+60,3%).

 

4. Сурб ва консентратҳои он

Даромад аз содироти он ба хориҷи кишвар 89,2 млн доллар (+57,7%) ва ҳаҷми интиқол – 52,1 ҳазор тонна (афзоиш 37,1%)-ро ташкил додаст.

 

5. Руҳ ва консентратҳои он

Маблағи содироти ин маҳсулот ба 52,5 млн доллар (+38,7%) ва ҳаҷмаш — ба 63,3 ҳазор тонна (афзоиш – 19%) баробар аст.

 

6. Нерӯи барқ

Дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 54,9 млн доллар нерӯи барқ содир шудааст, ки 57,8% зиёдтар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2024 мебошад.

 

7. Сарулибос

Дар соҳаи саноати сабук низ ҷараёни мусбат ба мушоҳида мерасад: маблағи умумии содироти ин навъи маҳсулот ба 14, млн доллар (+39,2%) расидааст.

 

8. Мис

Даромад аз содироти мис 12,1 млн доллар (+57,2%)-ро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол то 3,3 ҳазор тонна (+33,3%) афзудааст.

 

9. Профилҳои алюминий, партовҳо ва шикастпораҳои алюминий

Даромад 11,9 млн доллар (+92%) ва ҳаҷми истеҳсол – зиёда аз 4 ҳазор тонна (афзоиш – 49,3%)-ро ташкил медиҳад.

 

10.  Ангишт

Аз содироти ангишт 10,8 млн доллар даромад ба даст оварда шудааст, ки 6 баробар зиёдтар аз нишондиҳандаи соли гузашта аст. Ҳаҷми содирот низ 6 баробар афзудааст – аз 44,7 ҳазор тонна то 267,5 ҳазор тонна.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...