ВКД марги наврасеро, ки падараш ба мошин баставу кашола карда буд, шарҳ дод

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон марди 40-солаи сокини Турсунзодаро, ки фарзандашро “барои кашидани нос” ва “дуздии пулҳояш” латукӯб ва баъдан ба мошин баста кашола карда буд, боздошт кардааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст, ҳодиса рӯзи 26-уми июл дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода рух додааст.

Нахуст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз ин саҳна паҳн гардиданд ва дар онҳо дида мешуд, ки мард аз писараш тасдиқи дуздии 600 сомониро тақозо карда, бо ишораи нос кашидан ва дуздиаш ӯро таҳдид мекард.

Дар иттилоияи мақомот омадааст, ки мард фарзанди ноболиғи 15-солаашро барои дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонии дигар дар аввали моҳи июл гунаҳкор донистааст.

“Наврас дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст”, омадааст дар иттилоияи ВКД.

Ба иттилои манбаъ, нисбати ин мард бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парванда боз шудааст. Ин  банди қонунгузорӣ аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мақомот аз ӯ ном набурдаанд ва назари гумонбар дар робита ба ин қазия ба расонаҳо дастрас нест.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар такя ба манобеъи худ аз ин марди 40-сола Парвиз Одинаев ном бурда, фарзанди ӯро Хисрав Одинаев гуфтааст.

Як манбаъи огоҳ аз қазия, низ ки нахост номаш ошкор шавад, ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳодисаро тасдиқ карда гуфт, навор аз ҷониби худи падар сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, чанде пеш писар барои истеъмоли нос аз сӯи падар латукӯб шудааст.

“Рӯзи дигар писар 600 сомонии падарро “дуздида”, ба назди аммааш ба Душанбе фирор карда, чанд рӯз бедарак будааст. Аммааш ба падар занг зада, хабар додааст, ки фарзандаш дар хонаи ӯст. Падар ӯро гирифта, дар роҳ пойҳояшро ба мошин баста, кашола кардааст”, – гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, баъдан мард писарашро дар таҳхонаи манзилаш маҳкам карда, ба модар ва дигар фарзандон иҷоза надодааст, ки ба ӯ наздик шаванд.

Манбаъ мегӯяд,  субҳи рӯзи дигар вақте падар ба назди ӯ меравад, мебинад, ки ҳолати фарзанд вазнин аст. Аз ин рӯ, ба духтури маҳаллӣ муроҷиат мекунад, вале табиб тасдиқ мекунад, ки фарзандаш ба ҳалокат расидааст.

“Падару модар барои пинҳон кардани ҷиноят кӯшиш мекунанд ҷасадро шуста, ба ноҳияи Балҷувон, зодгоҳашон бурда, дафн кунанд. Вале дар роҳ мақомот онҳоро боздошт мекунад”, – афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, паҳн шудани аксу наворҳо аз ин қазия дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокунишҳои сокинонро ба бор овард. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...