Қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ дар Тоҷикистон тадриҷан кам мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар бораи давра ба давра коҳиш ёфтани ҳаҷми қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ дар замони фаъолияти ин ширкат аз соли 2021 хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти ширкат, қарзи истеъмолгарони маишӣ то 1 июли соли ҷорӣ ҳудуди 1 млрд сомониро ташкил додааст, ки 40,3 млн сомонӣ камтар нисбат ба аввали соли 2025 аст.

Намояндагони ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” имрӯз, 30 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор доштанд, ки камшавии қарзи аҳолӣ аз замони оғози фаъоитяти ширкат дар соли 2021 оғоз шуд.

Ба гуфтаи онҳо, ба ин раванд лоиҳаҳое, ки дар ин соҳа амалӣ мешаванд, аз ҷумла ҷорисозии низоми биллингӣ, аз ҳудуди хонаҳо берун баровардани ҳисобкунакҳои барқ, огоҳ намудани аҳолӣ аз қарз ва зарурати пардохти он тариқи паёмакҳо (СМС) ва дигар чораҳо мусоидат карданд.

Камшавии қарз инчунин сангинтар намудани қонунгузории кишвар дар самти дахолат ба кори ҳисобкунакҳои барқ ва даст кашидан аз пардохти маблағи истифодаи он маънидод мешавад.

Афзоиши қарз дар солҳои пешин ба гуфтаи онҳо, дар навбати аввал ба ҳисоби нодурусти барқи истифодагардида марбут буд. Аз ҷумла ҳолатҳое буданд, ки истеъмолгарон бо ҳисобу китоби нозирони барқ розӣ набуданд ва мутаносибан аз пардохти он даст мекашиданд.

Дар шарҳи он, ки ҳиссаи истеъмолгарони маишӣ дар ҳаҷми умумии қарз 38%-ро ташкил медиҳад, дар ширкат зикр карданд, ки истеъмолгари асосии барқ дар кишвар маҳз аҳолӣ мебошад, ки ба он маъмулан 50% ва дар давраи сармо – то 70%  аз ҳаҷми умумии интиқол рост меояд.

Қарзҳо аз куҷо ба вуҷуд меоянд?

Дар ҳамин ҳол, қаблан маълумоти ширкат аз он гувоҳӣ медод, ки қарзи аҳолӣ танҳо тайи соли ахир 73 млн сомонӣ афзудааст – аз 1 млрд 626 млн сомонӣ ба 1 июли соли 2024 то ҳудуди 1 млрд 699 млн сомонӣ дар ҳамин давраи соли ҷорӣ.

То 1 январи соли 2023 маблағи умумии қарзи андӯхтаи аҳолӣ ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ ва то таъсиси ҶСК “Шабакаҳои тақсмимоти барқ” – 1,3 млрд-ро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки аҳолии кишвар бисёр вақт ба нашри чунин омор норозигӣ изҳор мекунад.

Мардум савол медиҳанд, ки ин қадр қарзҳои назаррас аз куҷо пайдо мешаванд, вақте ки агар пардохти истифодаи барқ ба таъхир афтад, интиқоли онро ба истеъмолгарони маишӣ қатъ мекунанд?

Қаблан дар ширкати “Барқи тоҷик” зикр карда буданд, ки қисми асосии қарзи аҳолӣ давраҳои гузашта, асосан солҳои 1990-ум ба вуҷуд омада буд.

Аммо ин иддаъоҳо ба омори худи энергетикҳо мухолифанд: қарзи истеъмолгарони маишӣ аз 1 млрд сомонӣ дар аввали соли 2019 то 1,5 млрд сомонӣ дар аввали соли 2023 ва минбаъд – қариб то 1,7 млрд сомонӣ дар 6 моҳи аввали соли равон афзуда буд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан бархе аз энергетикҳо афзоиши қарзи аҳолиро бо дар кишвар мавҷуд будани ба истилоҳ “табақаи баргузидаҳо” марбут медонистанд, ки нозирони барқ ба хонаи онҳо ҳатто наздик намешаванд.

Намояндагони ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар нишасти матбуотии имрӯза мавҷуд будани чунин шахсонро рад намуда, вале инкор ҳам накарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...