“Аз эътибор соқит кардани миллиардҳо сомонӣ қарз”. Барои солимгардонии вазъи молиявии “Барқи тоҷик” чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар чаҳорчӯби қарори ҳукумат ҷиҳати солимгардонии вазъи молиявии ҶСК “Барқи тоҷик” як қатор тадбирҳо анҷом дода шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 30 июл дар Душанбе муовини раиси ширкат Рустам Маҷидзода хабар дод.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, моҳи апрел бо ҶСК “НБО Сангтӯда-1” дар мавриди аз эътибор соқит намудани 297 млн доллар қарзи “Барқи тоҷик ба ин ширкат тавофуқ ҳосил шуд.

“Ин қарз дар давраи аз соли 2025 то 2033 ҳар сол 25 млн долларӣ бо шарти пардохти саривақтӣ ва пурраи интиқолҳои ҷории барқ аз эътибор соқит карда мешавад”, – иброз дошт Маҷидзода.

Муовини раиси ширкат зикр кард, ки маблағи қарзи “Барқи тоҷик” ба “НБО Сангтӯда-1” аз оғози сол бетағйир боқӣ мондааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба коҳиши арзиши нерӯи барқи “НБО Сангтӯда-1” аз 3,2 сент то 1,5 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ба мувофиқа расиданд.

Ғайр аз ин, дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар истифодаи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” протокол ба имзо расидааст, ки дар он дароз кардани муҳлати баргардонидани сармоягузории ҷонибҳо ба муҳлати иловагии 15 сол – аз 20 то 35 сол, яъне то соли 2048 пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи Маҷидзода, дар нимсолаи аввал бо ҶСК “НБО Сангтӯда-2” дар бораи дароз кардани муҳлати пардохти қарзи “Барқи тоҷик” ба ин ширкат тавофуқ ҳосил шудааст.

Ӯ саҳеҳтар изҳор намуд, ки ширкат барои барқи гирифтааш аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” 3,7 млрд сомонӣ пардохт накардааст.

Ғайр аз ин, идома дод Маҷидзода, қисме аз қарзи “Барқи тоҷик” ба Вазорати молия аз эътибор соқит дониста шуд. Ин ҷо сари қарзҳое сухан меравад, ки зери кафолати ҳукумат барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи электроэнергетика ҷалб шудаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ин қарзҳо то 12 млрд сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ширкати “Барқи тоҷик” аз ҶСК “НБО Роғун” аз барқи гирифтааш аз нерӯгоҳе, ки сохта мешавад, низ 1 млрд сомонӣ қарздор аст (ба ҳолати 1 июли соли равон).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...