Чаро бо гузашти қариб 20 сол сохтмони нақби “Истиқлол” нотамом боқӣ мондааст?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аллакай, қариб 20 сол инҷониб ронандагони автомашинаҳо аз Душанбе ба шимоли кишвар ва баръакс тариқи нақби “Истиқлол” равуо мекунанд, ки он то ҳол бо низоми ҳавософкун (вентилятсия) ва дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда ба таври кофӣ муҷаҳҳаз нест.

Саволе ба миён меояд, ки билохира кай ин нақб ба меъёрҳое, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ барои чунин иншооти роҳ истифода мешаванд, мутобиқ карда мешавад?

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ин робита гуфтанд, ки анҷоми пурраи сохтмони нақби “Истиқлол” ба Эрон вобаста буда, ин ҷо сари норасоии 2,16 млн доллар сухан меравад ва ин кишвар уҳдадор шуда буд, ки онро дар доираи лоиҳа ҷудо мекунад.

“Агар маблағ ҷудо нашавад, лозим меояд, ки барои анҷоми корҳои боқмонда манбаъҳои дигари маблағгузориро ҷустуҷӯ кунем”, – гуфтанд дар вазорат.

Зери мафҳуми корҳои боқимонда дар ин ниҳод насби низоми оташнишонӣ, инчунин яктогӣ генератори дизелӣ, трансформатор ва борбардори гидравликиро дар назар доранд.

 

Дар Вазорати нақлиёт шарҳ доданд, ки мувофиқи қарордоди имзошуда бо Эрон дар соли 2020, ҳукумати Тоҷикистон барои анҷоми корҳои сохтмони нақб ба ҷудо кардани маблағ аз буҷет уҳдадор шуда, вале бар асари хуруҷи пандемияи "COVID-19" ба мушкилоти молиявӣ дучор шуд.

“Бо ин сабаб татбиқи лоиҳа аз соли 2020 ба соли 2021 гузаронида шуда, муҳлати анҷоми лоиҳа як сол дертар – соли 2023 муқаррар шуд”, – хабар доданд дар вазорат.

 

Баъдан муҳлати амалисозии лоиҳа боз бар асари аз ҷониби Эрон пурра иҷро нагардидани уҳдадориҳои молиявии худ, дароз карда шуд. Эрон инро ба надоштани имкон шарҳ дод. Ин ҷо сари 2,16 млн доллар сухан меравад, ки Эрон мебоист дар доираи қарордод ҷудо кунад.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи идомаи сохтмони нақби “Истиқлол” ҷудо гардидани 11 млн доллар – 5,5 млн долларӣ аз ҳарду ҷониб пешбинӣ шуда буд. То ҳозир аз ин миқдор 8,8 млн доллар ҷудо шудааст. Аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистон 5,46 млн доллар (99,3% аз ҳиссаи худ) ва Эрон – 3,34 млн доллар (60,7% аз ҳиссаи худ) ҷудо кардаанд.

 

Дар Вазорат зикр карданд, ки дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа низоми рӯшноидиҳӣ, ҳавософкун, мониторингӣ камералӣ, инчунин қисман низоми оташнишонӣ ба истифода дода шудаанд. Ҳамчунин дигар корҳои иловагӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти ёрирасон ба иҷро расидаанд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки айни замон ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тариқи нақби “Истиқлол” таъмин карда шудааст.

 

19 сол сипарӣ шуд…  

Сохтмони нақби мошингарди “Истиқлол” соли 2003 дар чаҳорчӯби созишномаи дахлдор миёни Тоҷикистону Эрон оғоз гардида буд. Дар аввал ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор $10 млн. маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, $7,8 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи ҷониби Эрон буд.

Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ва Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти вақти Эрон баргузор шуд. Вале аз сабаби хатои лоиҳакашон аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.

Моҳи апрели соли 2014 корҳои бозсозии нақби “Истиқлол” дубора шурӯъ гардида, вале аз сабаби қатъи маблағгузорӣ он боздошта шуд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон дар бораи маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 6 млн доллар – 3 млн долларӣ аз ҳарду ҷониб барои анҷоми пурраи иншоот ба мувофиқа расиданд.

Аммо соли 2016 бар асари ба сардӣ гароидани муносибатҳо байни кишварҳо, амалисозии ин ниятҳо ба дарозо кашида шуда, танҳо дар соли 2019 корҳо боз аз сар гирифта шуданд.

Нақби “Истиқлол” дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби “Истиқлол” 5,2 километр аст. Ба корҳои анҷоми пурраи сохтмони иншоот ширкатҳои эронии “Собир” ва “Фароб” машғуланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...