Боз оташгирӣ дар ҷангалҳои Гулистон. КҲФ мегӯяд, сӯхтор аз Ӯзбекистон гузаштааст

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар кӯҳу теппаҳои шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистони вилояти Суғд сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса сокинони маҳаллиро нигарон кардааст, ки сӯхтор метавонад ба манзилҳои онҳо наздик шавад.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) гуфтанд, сӯхтор ин минтақаҳои кӯҳиро тасдиқ карданд ва гуфтанд, сӯхтор аз таллу теппаҳои минтақаҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон гузаштааст.

“Сӯхтор 14-уми август соати 12:00 дар кӯҳу теппаҳои деҳаи Терекли ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканди Ӯзбекистон сар задааст. Бинобар назди сарҳади будани деҳаи мазкур, соати 16:00 сӯхтор ба кӯҳу теппаҳои шаҳраки Зарнисори вилояти Суғд гузаштааст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Аз КҲФ гуфтанд, ба ҷои ҳодиса кормандони КҲФ дар вилояти Суғд ва аҳолӣ сафарбар шуда, якҷоя бо Хадамоти оташнишонӣ сӯхторро хомӯш кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Фирдавс Махсудзода, директори хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дар як суҳбати телефонӣ гузаштани оташ аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, “дар байни сарҳад сой ҳаст ва тамоми алафу дарахатони хушкидаи назди сарҳадӣ тоза карда шуданд, то ки оташ ба ин тараф нагузарад. Ҳоло оташ дар он тарафи сарҳад хомӯш карда шудааст ва ягон хавф вуҷуд надорад”.

Навори сӯхтор, ки гуфта мешавад, дар кӯҳу теппаҳои шаҳраки Зарнисор аст, шоми дирӯз, 14-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва нигаронии корбаронро ба миён овард.

Қаблан, низ корбарони “Азия-Плюс” аз сар задани сӯхторҳо нигаронӣ ва аз минтақаҳое, ки сӯхтор ба амал омадааст, аксу навор ирсол карда буданд.

Дар пайи ин, Оҷонсии хоҷагии ҷангал дар нишасти матбуотии худ гуфт, имсол дар ҷангалҳои 9 шаҳру навоҳии кишвар сӯхтор сар зада, беш аз 434 гектарро фаро гирифтааст. Ба таъкиди онҳо, сабаби сӯхтор “баландшавии ҳарорати ҳаво ва бемасъулиятии бархе аз истироҳаткунандагон” мебошад.

Қаблан, Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон аз мавсими хавфи сӯхтор дар минтақаҳои кӯҳӣ хабар дода, гуфта буд, ки хавфи сӯхтор аз 15-уми апрел то 15-уми ноябр давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...