Дар Тоҷикистон ҳосили мева 32% зиёд шудааст. Ин нишондиҳандаи рекордӣ аст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

То охири даҳаи аввали моҳи август дар Тоҷикистон ҳудуди 324 ҳазор тонна ҳосили мева ва ангур ҷамъоварӣ шудааст. Истеҳсоли мева дар Тоҷикистон 32,4% афзуда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳазор тонна зиёд шудааст. Истеҳсоли ангур низ ба таври назаррас – ба андозаи 38,2% афзудааст.

Дар ин бора аз омори Вазорати кишоварзӣ зикр мешавад. Дар маҷмуъ, дар соҳаи растанипарварӣ дар ним сол ҳаҷми истеҳсол 9% афзуда, ба 15,9 млрд сомонӣ расидааст.

Бояд гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 225 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шуда буд: 19,5 ҳазор тонна себ, 145,9 ҳазор тонна  зардолу, 2,7 ҳазор тонна ангур, ки нисбат ба 7 моҳи соли 2025 хеле камтар аст.

Дар назар аст, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли ангур то 221 ҳазор тонна ва мева то 726 ҳазор тонна расад.

Дар дурнамои дарозмуҳлат афзоиши минбаъдаи истеҳсол пешгӯӣ мешавад, ки соли 2026 ҷамъоварии 926 ҳазор тонна мева ва 375 ҳазор тонна ангур, соли 2027-ум 1 млн тонна менва ва 425 ҳазор тонна ангур ва дар соли 2028-ум 1,085 млн тонна мева ва 477 ҳазор тонна ангур ҷамъовари гардад.

 

Меваҳо чӣ қадар нарх доранд?

Нархи меваҳо дар Тоҷикистон ба минтақа вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳудуди нархҳо ва арзиши миёнаи онҳоро ба назар мегирем. Дар даҳаи аввали моҳи август меваҳо чунин нарх доштанд:

– ангур аз 4,40 то 20,40 сомонӣ (нархи миёна 10,86 сомонӣ);

– нок аз 8,40 то 35,00 сомонӣ (нархи миёна 16,58 сомонӣ);

– анҷирро аз 10,40 то 34,20 сомонӣ (нархи миёна 22,27 сомонӣ);

– шафтолу аз 5,60 то 20,33 сомонӣ (нархи миёна  11,39 сомонӣ);

– себ аз 5,00 то 12,33 сомонӣ (нархи миёна 7,75 сомонӣ).

Тобистони имсол меваҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 8% қимат шуданд, ки тамоюли умумии болоравии нархҳо ба маҳсулои хӯроквориро нишон медиҳад. Миёни меваҳо болоравии нархи бештар назаррас ба лимӯ (лимон) ба андозаи 14,2% ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 2,2% болоравии нарх ба себ ва 38,2% – ба ангур ба мушоҳида мерасад.

Аз оғози моҳи август болоравии нарх ба лимӯ (14,2%), себ (2,2%) ва ангур (0,4%) ба қайд гирифта шуд. Дар робита ба ангур бошад, пас дар вилояти Хатлон арзиши он ба андозаи 60,2% ва дар вилояти Суғд – 47,6% боло рафт, ки тамоюли афзоиши нарх дар минтақаҳои гуногунро нишон медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...