“Истиқлол” ва “Ал-Наср” боз рақиби ҳам шуданд. Криштиану Роналду ба Тоҷикистон меояд?

Asia-Plus

Дар қуръакашии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон боз рақиби дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ шуд, ки дар он Криштиану Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ бозӣ мекунад. Ҳамакнун, имкон дорад, ки ин ситораи маъруфи футбол ба Тоҷикистон биёяд.

Қуръакашӣ, имрӯз, 15-уми август, дар шаҳри Куала-Лумпури давлати Малайзия баргузор гардид. Дастаи "Истиқлол" дар гурӯҳи "D" ҳамроҳ бо дастаҳои "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ, "Ал Завра"-и Қатар ва "Гоа"-и Ҳиндустон қарор гирифт.

Рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё рӯзи 16-уми сентябр оғоз хоҳанд шуд. Дар ин марҳила дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ду маротиба бо дастаи “Ал-Наср” – як маротиба дар майдони худ ва маротибаи дигар дар сафар бозӣ мекунад. Ҳоло ҷадвали бозиҳо маълум нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан ҳам дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими солҳои 2023/2024 рӯёрӯйи ҳам қарор гирифта, ду бозӣ баргузор карданд.

Дар бозии якум дар шаҳри Риёз “Ал-Наср” бо натиҷаи 3:1 “Истиқлол”-ро ноком кард ва рақобати дуюм дар Душанбе, ки бидуни Роналду доир гашт, бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ шуд. 

Он замон ҳам омадани Криштиану Роналду ба Тоҷикистон сарусадоҳои зиёдеро барпо карда буд, вале билохира ӯ ба Душанбе наомад.

Маъмурияти бошгоҳи “Ан-Наср” наомадани Роналду ба Тоҷикистонро ба ҷароҳати ӯ дар рақобат бо “Персеполис”-и Эрон рабт дода, гуфта буданд, то ба ҳол шифо наёфтааст. 

“Бинобар ин сабаб, Роналдуро роҳбарияти тим истироҳат додаанд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” ба Душанбе намеояд. Ҳамин тавр, бо наомадани Роналду орзуи мухлисони зиёди футболи тоҷик, ки хоҳиши аз наздик дидани бозии ӯро доштанд, ҷомаи амал напӯшид”, – навишта буд он вақт ТВ “Варзиш”.

Бояд гуфт, дар ҳайати “Ал-Наср” ба ҷуз аз Криштиану Роналду, бозигарони машҳуре ба монанди Садио Мане, Эмерик Ляпорт, Жуан Феликс, Отавио Эдмилсон ва дигарон низ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...