Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба 20-гонаи гаронтарин мусобиқаҳои КФО шомил шуд.

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ ба 20-гонаи гаронтарин мусобиқаҳои футболи қораи Осиё шомил гардида, бо арзиши умумии 22,03 млн евро дар мақоми 20-ум қарор гирифтааст. Дар ин бора пойгоҳи "Transfermarkt" навиштааст.

Барои муқоиса, арзиши бозингарони Про-Лигаи Арабистони Саудӣ дар бозор зиёда аз 1 млрд евроро ташкил дода, онҳо дар зинаи 1-ум қарор гирифтаанд. Дар зинаҳои баъдӣ мусобиқоти зерин ҷойгир шудаанд:

– Лигаи ситораҳои Қатар (362 млн евро);

– Пролигаи баргузидаи Амороти Муттаҳидаи Араб  (358 млн);

– Ҷей-Лигаи Ҷопон (298 млн ва 5) Суперлигаи Чин (138 млн).

Про-Лигаи Эрон (125,88 млн) ва Суперлигаи Ӯзбекистон (87,66 млн) болотар аз мақоми Тоҷикистон ва кишварҳое чун Мянма, Фиҷи, Лаос ва Филиппин дар зинаҳои поинтар аз он ҷойгир шудаанд. Масалан, арзиши умумии ҳайати дастаҳои Лигаи миллии Мянма 17,27 млн евро ва Премйер-лигаи Фиҷи – ҳамагӣ 17 млн евроро ташкил медиҳад.

Ба ин тариқ, мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон устуворона дар сафи 20-гонаи гаронтарин лигаҳои Осиё боқӣ монда, аз як қатор мусобиқаҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ пешсаф аст ва тадриҷан мавқеъҳои худро дар радабандиҳо (рейтингҳо)-им қораи Осиё мустаҳкам мекунад.

Радабандии мазкур бо он ҷолиб аст, ки натанҳо сатҳи сармоягузорӣ ба лигаҳоро таҷассум месозад, балки то чӣ андоза аз ҷониби кишварҳо таваҷҷуҳ ба футболро аз лиҳози касбӣ нишон медиҳад. Нишондиҳандаҳое чун синнусоли миёнаи бозингарон, фоизи легионерҳо, шумори умумии иштирокчиён, фаъолнокӣ дар трансфер (гузариш) ва вазъи босуботи дастаҳо ба инобат гирифта мешавад.

Дар мавсими соли 2025 дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 12 даста иштирок мекунанд. Синни миёнаи бозингарон 25,9 солро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи легионерҳо (бозингарони аз хориҷи кишвар даъватшуда) ба 33,5% баробар аст.

Ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар радабандӣ аст, ки ба иштироки фаъолонаи футболбозони хориҷӣ дар фароҳам сохтани муҳити рақобат ишора менамояд. Легионерҳо бахусус дар ҳайати дастаҳои “Истиқлол”, “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” зиёданд.

Ба арзиши лига фаъолияти трансферии дастаҳо низ таъсири мусбат мерасонад. Равзанаи тобистонии соли 2025 хеле фаъол дар таърих гардид: даҳҳо гузариш (трансфер), аз ҷумла аз дастаҳои Русия, Ӯзбекистон, Эрон, Черногория, Косово ва кишварҳои дигар. Ин ба шинохти бештари лига, ҷалби скаутҳо ва афзудани таваҷҷуҳи расонаҳои минтақа имкон медиҳад.

Расидан то ба сатҳи 5-гонаи беҳтарин барои Тоҷикистон душвор аст, аз ҷумла аз лиҳози миқёси маблағгузорӣ, зерсохтор ва ҳаҷми бозор. Аммо шомил гардидан ба сафи 20-гонаи беҳтаринҳо низ як марҳилаи муҳим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...