Озарахш: “Инсоният як дард, як шодӣ, як ифтихор ва як ҳасрат дорад!”

Date:

Толиб Каримӣ, мутахаллис ба Озарахш, яке аз шоирони номвари на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои форсизабон аст. Шеъри ӯ ба далели равон ва муассиру мардумӣ буданаш дили ҳазорон шеърдӯстро тасхир намудааст.

Дар рӯзи мавлудаш, ки 13-уми август аст, “Азия-Плюс” бо ин Шоири халқии Тоҷикистон мусоҳиба орост. Суҳбат перомуни маҳфили “Ҳумоюн”, масъулияти аҳли қалам дар назди миллат ва даст кашидан аз “тафаккури музофотӣ” ҷараён гирифт.

Озарахш дар бораи сафарҳояш ба кишварҳои гуногуни олам, беҳтарин рӯзҳои зиндагонӣ қисса кард. Ӯ инчунин дар бораи дарди ҷонкоҳи аз даст додани ду писараш ва аз боби муҳаббати зиёди мардум гуфтугӯ кард. Шукру шодии беандоза намуд, аз имтиҳонҳои сангини қисмат гузашт.

Дар мавриди вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон шоир гуфт, ки “ба Эрон тир андохтан кори ҷоҳилист”.

Шоир ба таври ғайричашмдошт дар бораи рэпҳои навишаи худ ва зарурати ҳамкории адибон бо ҳунармандони навҷӯю навроҳ ибрози назар кард.

Дар оғози гуфтугӯ аз Толиб Карими Озарахш пурсидем, ки чӣ ҳол дорад ва боз як солгарди умрро чӣ гуна истиқбол мегирад?

 

Қарздори муҳаббати мардум

– Бисёр хушбахтам, ки дар оғӯши муҳаббати беандозаи мардум қарор гирифтаам. Як рӯз пеш аз рӯзи мавлуд дӯстонам ирсоли паёму паёмакҳои худро оғоз карданд. Имрӯз ҳам, аз субҳ занги телефон ором намегирад, аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз он алоқамандони адабиёт шодбош гуфанд.

Ман ҳамеша дар назди мардум худро қарздор мешуморам, зеро хурду бузург дар рӯзҳои фараҳ  ва шомҳои мусибат дар канори ман ва оилаи мо буданд. Ҳамеша мадюни меҳру муҳаббати самимонаи мардуми кишварамон ҳастам.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Озарахш бо ҳамсараш Фарзона, Шоирони халқии Тоҷикистон

Равзанаи умед

– Бештар ба чӣ корҳо банд ҳастед?

– Бо ҷамъи ҳамкорон ба корҳои таҳияву нашри маҷаллаи “Паёми Суғд” машғул ҳастем. Як моҳ пештар 30-солагии маҷалларо ҷашн гирифтем, бо алоқамандон ва муштариёни маҷалла аз наздик суҳбат кардем. Онҳо фикрҳояшонро гуфтанд, пешниҳодҳо карданд ва дар заминаи бардоштҳо барномаи дурнамо сохтем.

Мо осори шоирону носирони тамоми Тоҷикистонро нашр мекунем. Ҳамзамон, мехоҳем ҳамқадами замон гардем, то ба хонандагон дастрас бошем. Барои ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саҳифа боз кардаем, то матолиби маҷалла дастраси ҳамзабонони бурунмарзӣ ҳам бошад.

Боиси шодмонист, ки ҳоло тоҷикони Самарқанду Бухорою Фарғона ба мо тамос мегиранд ва осори  хешро мефиристанд. Ҳоло “Паёми Суғд” равзанае шудааст, ки бо ҳамзабонони бурунмарзиамон суҳбат кунем, аз эҷодашон бохабар бошем ва аз фазои фарҳангии тоҷикони ҷаҳон каме огоҳӣ ёбем.

– Боз чӣ машғулият  ва саргармии дигар доред?

– Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ҷараён дорад ва ман дар ҳайати комиссияи боздиди шикоятҳо ҳастам.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ростӣ, вақте наврасону ҷавонони навболро дар минбари озмун мебинам, муҳаббати онҳоро ба адабиёт дармеёбам, ҷисмҳои кӯчаку қалбҳои бузурги онҳоро эҳсос менамоям, ашкам меояд, ашки шодӣ…

Хонандаҳои синфҳои 3-4 ҳам адабиёти классикро медонанд, ҳам адабиёти муосирро ва ҳам адабиёти ҷаҳонро. Наврасони хурдакак “Шоҳнома” ва “Маснавии маънавӣ” мехонанд, даҳҳо ғазал аз Саъдиву Ҳофиз мегӯянд, ашъори устодони адабиёти муосирро бо шавқу ҳавас қироат мекунанд. Дидори онҳо, гуфтугӯ бо онҳо дидори умед ва гуфтугӯи фардоҳост.

Вақте як насл бо ишқи адабиёт ба камол мерасад, ҷомеаи мо он вақт дигар, беҳтар мешавад.

 

Кӯдакон бо рӯйи сурх меоянд…

– Маҳфили “Ҳумоюн”-ро таъсис додед ва дар доираи он озмунҳоеро ҳам роҳандозӣ кардаед. Мақсади маҳфил ва озмуни пиёдакардаи Шумо чист?

– Беш аз ду сол мешавад, ки “Ҳумоюн” амал мекунад. Бо озмуни “Рӯдакихонӣ” оғоз кардем, баъдан озмуни “Шоҳномахонӣ” ҷараён гирифт ва ҳоло озмуни “Саъдихонӣ” идома дорад. Ҳар Наврӯз озмуни мо ҷамъбаст мешавад.

Ин маҳфил ва озмуни мо музофотӣ нест ва дар он аз тамоми Тоҷикистон дӯстдорони фарҳангу адабу мусиқӣ ширкат меварзанд. Гоҳо дар рӯзҳои сарди зимистон ва дар гармои тобистон нигарон мешавам, ки касе ба маҳфил меомада бошад ё не. Аммо мебинам, ки падару модарон дасти фарзандони худро гирифта, аз шаҳру навоҳии гуногун ба маҳфили мо омадаанд, рӯйи гули наврасони хурдакак гоҳо дар зимистон аз сардӣ сурх шудаву дар тобистон аз гармӣ арақ кардааст. Ин ишқи дӯстдорони хурдакаки адабиёт дилҳоро гармӣ мебахшад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Чанде пеш аз Бадахшон хоҳиш карданд, ки тариқи онлайн мехоҳанд дар озмун иштирок кунанд. Онро хуш пазируфтем. Ҳоло ҳама метавонанд, хоҳ ҳузурӣ ва хоҳ онлайнӣ, дар маҳфил ва озмун ширкат кунанд.

Ғайр аз ин, тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳфили "Ҳумоюн" марзҳоро ҳам убур кардааст. Дар Теҳрон маҳфил гузаронидем. Чанд дӯсти эрониям ахиран хоҳиш карданд, ки рӯзи баргузории маҳфили навбатиро муайян кунем, то ба Тоҷикистон биёянд ва шеъру тарона хонанд.

Мақсади маҳфил пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба фарҳангу адабиёти мост ва бароям азиз аст, ки ҳамноми фарзанди ҷигарбандам Ҳумоюнҷон мебошад. Мисли вуҷуди азизаш пур аз фарри фарҳангу рӯшноии илму адаб. Мехоҳем бо маҳфили “Ҳумоюн” фарҳангу адабиёти ғании тоҷикро тарғиб кунем ва ҳамзамон агар тавонем, мактабе созем, ки ба навраҳони роҳи адабиёт роҳнамо бошад.

 

Мазаммати тафаккури музофотӣ ва шарҳи ҷуғрофиёи фарҳангӣ

– Фикр мекунам, ки “музофотӣ будан” Шуморо ранҷ медиҳад… Оё адабиёт ҷуғрофиё дорад?

– Адабиёт қолабҳою сарҳадҳоро мешиканад. Ба вижа, вақте аз адабиёти форсӣ мегӯем, бояд паҳноии беохири онро дарк кунем. Адабиёти классикии тоҷик тамоми ҷаҳонро тасхир кардааст. Бани одамро аъзои якдигар дониста (мазмун аз Саъдӣ) ва ҳамдилиро аз ҳамзабонӣ беҳтар дарёфта (мазмун аз Мавлоно).

Вақте ба боғистони адабиёт медароем, меваи саодат меёбем ва тамоми дунёямонро муҳаббат пур мекунад. Агар ин нуктаро дарк карда натавонем, дар маҳдудаи маҳал ё музофот монем, беҳтараш даъвои роҳи фарҳангу адаб накунем.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Пас ҷуғрифиёи фарҳангии моро чӣ гуна тасвир мекунед?

– Як шоир, овозхон, оҳангсоз ё наққоши нағз ҳеҷ вақт дар қолаби марзҳои ҷуғрофӣ маҳдуд буда наметавонад. Дар марзи ҷуғрофӣ зистани эҷодкор нафасгир кардани эҷод аст.

Ҳамзабонон ва ҳамдилони мо дар Эрону Афғонистон ҳастанд ва ҳазорон форсигӯи дигар дар мамолики гуногуни олам зиндагӣ доранд. Фарҳанги волои мо қариб тамоми оламро тасхир кардааст ва ҳар ҷое як форсизабон ҳаст, он ҷо ҷуғрофиёи фарҳангии мост.

 

Шодӣ ва дарди Озарахш…

– Вақте мегӯед, ки “маро ғавғои уқёнуси танҳоӣ ба дод овард”, чиро дар назар доред? Ё бо шоир ҳамдард шудан чӣ гуна аст?

– Агар шоир аз хонандагону алоқамандонаш як ҳамдард ё ҳамшодӣ пайдо намояд, шоири хушбахт аст.

Дар наврасӣ вақте осори шоирони классику муосирро мехондам, ҳайрон мешудам, ки чӣ хел ҳарфҳои пинҳони дили маро пеш аз ман гуфтаанд? Ҳанӯз ҳам дар ҳамон ҷодаам. Фикр мекунам, вақте дилгуфтаҳои худро аз забони шоир мехонем, ҳамон вақт бо шоир ҳамдард ё ҳатто ҳамшодӣ мешавем.

Ҳарчанд дарёфтаам, ки тамоми мардуми олам нишонае аз як Одаманд. Як дард доранд, як шодӣ ва як ифтихору як ҳасрат. Зеро роҳи ҳама, хурду бузург, ҳакиму нодон, дорою нодор як масир аст. Танҳо замону макон, фосилаю муҳит дигар…

– Дарди худи Озарахш чӣ аст?

– Дар ҷавониям бо кӯлбори шеъру тарона ними оламро давр задам, муҳаббати халқро чашидам. Дар оила ҳам муҳаббату саодати фаровон дидам, Худованд фарзандони беҳтаринро насибам гардонд, Шоҳонаю Шаҳнавозу Ҳумоюн. Саодати шодию хандаҳои онҳоро дидам, бо онҳо ашки шодӣ ҳам рехтам.

Аммо гардиши зиндагӣ ману азизонамро дар як имтиҳони ногаҳонӣ гузошт. Ин бароям дарди сахт ҷонкоҳ аст. Писаракам дар умри 21-солааш дар ҳар қадам, дар ҳар нафас, дар ҳар лаҳзаи зиндагиаш бароям шодии ҳазорсола овард. Баодоб, босавод буд. Метарсидам барои ситоиши ӯ. Ин ҳол ҷигарро пора мекунад…

Пеши ин муъҷизаи Худованд ҳоло ҳам ҳайронам, ки писари маро аз оғӯшам гирифт ва бо кадом муъҷизае гирифт, нафаҳмидам. Худованд худаш доност.

Аз сарнавишт ҷойи гурез нест. Ростӣ, дарди сахт аст, аммо чӣ кор мекунед. Агар насозед, намешавад. Бе дарду ранҷ зиндагӣ нест. Дар ҳар сурат, бояд қадри ҳама лаҳзаҳои шодро донем ва бояд бо ғамҳо канор оем.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шоирон бо писари ҷавонмаргашон Ҳумоюн

Шоирӣ масъулият дорад

– Дар оғози мусоҳиба гуфтед, ки “худро сахт қарздор мешуморам”. Оё ин қарзро бо шеър баргардонда метавонед?

– Хеле мушкил аст. Хонандае, ки то ин вақт Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно то Туғрали Аҳрориро хондааст, сахтгир аст. Адабиёти муосири мо низ – аз устод Садриддин Айнӣ то Фарзона – адабиёти нотакрору дӯстдоштании олам аст.

Шоирӣ масъулияти баланд дорад. Агар мо сатҳи адабиётро аз гузашта поёнтар фарорем, ҳам ба адабиёт, ҳам ба хонанда ва ҳам ба миллат хиёнат мекунем.

Мо ҳақ надорем, ки шеъри пастмазмун гӯем. Миллати форсигӯ ашъори моломоли маъно хондааст. Бубинед Мавлоно чӣ мегӯяд:

Хез, то фитнае барангезем,

Аз замон як замона бигрезем.

Бузургиро бубинед, ки дар калимаи “фитна” Мавлонои беназаир ибтикор, эҷод, худсозӣ, худогоҳиро чӣ сон ҷо додааст!?

Аз ин рӯ, мо ҳақ надорем, ки сатҳи баланди фарҳангиву адабии ин миллатро паст кунем. Мо бояд ин мактаб ва ин мероси гаронбаҳоро ҳифз кунем.

 

Қадамҷои бузургон аст ин мулк

– Ҳам дар шеър ва ҳам дар суханрониҳоятон муҳаббати Эрон бисёр барҷаста намудор мешавад. Чӣ Озарахшро бо Эрон мепайвандад?

– Замину осмону таъриху қисмат. Мо бояд иқрор шавем, ки бузургтарин шоирон, рассомону наққошон, аҳли дину оин ва орифони мо дар ҷуғрофиёи имрӯзаи Эрон зиста ва ба хок супурда шудаанд. Эронро барои абармардонаш дӯст медорам.

Эрониён мо ва кишвари моро ба хотири он дӯст медоранд, ки монанди осорхонае тамоми арзишҳои қадимиро зинда медорем. Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон зинда аст. Барои эронӣ вохӯрдан ба гузаштаҳои зебояш хеле арзишманд аст.

Чӣ тавре ки дар Афғонистон, дар Ҳироту Ғазнину Кобул аз пайванди мо ёд меоранд.

Қадамҷои бузургон аст ин мулк,

Макони хусраву шоҳу вазирон…

Худоё, кӯр бодо чашми он хасм,

Ки дорад кина бар равшанзамирон!

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Озарахш дар Эрон

“Қудратмандтарин ҷаллодон аз Эрон меҳаросанд”

– Дарвоқеъ, даргирии Исроил бо Эрон бори дигар муҳаббати тоҷикистониёнро ба ин сарзамин барҷаста нишон дод. Шумо дар бораи ин кашмакашҳои сиёсӣ чӣ фикр доред?

– Бале, ҳатто қудратмандтарин ҷаллодони олам низ аз ин сарзамин як дараҷа ҳарос доранд. Эрон – замини Фирдавсию Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ ва Рустаму Сӯҳробу Ораш аст. Тир андохтан ба Эрон кори ҷоҳилист. Ба қавли устод Лоиқ:

Тирборон кардани мо кӯшиши беҳуда аст,

Ҳар ки моро мекушад, бо шеърборон зинда бод.

– Рост аст, ки ба ашъори Шаҳриёр, шоири шаҳири Эрон, муҳаббати фаровон доред?

– Бидуни шак, Шаҳриёр дар адабиёти форсӣ офтоби дурахшон буд. Ӯро мо дар оила ҳама дӯст медорем. Писари аввалинаро, ки як рӯз умр дид, бо муҳаббат Шаҳриёр ном гузоштем. Ман ашъорашро хеле дӯст медорам. Чанд маротиба ба Табрез ба зиёрати оромгоҳаш ҳам рафтам:

Нолон шавам ба манзили табрезиён чу тор,

Дар шаҳри Шаҳриёр ба оҳанги Шаҳриёр…

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бо Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Шаҳриёр, Теҳрон, соли 2014.

– Бо Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя – шоҳсунуни дигари адабиёти муосири форсӣ ҳам мулоқот ё гуфтугӯе доштед?

– Бо устод Соя суҳбати телефонӣ доштам. Духтари устод Соя – хонум Ялдо занг зад. Ӯ аҳли мусиқист. Баъд бо падараш, ки ҳамон вақт 93-сол дошт, гуфтугӯ кардем. Аз тариқи телефон бо оҳанги Аҳмад Зоҳир таронаи “Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ”-ро хондам ва ӯ гирист. Гуфт, ки орзуяш ба зодгоҳи Рӯдакӣ, ба Тоҷикистон рафтан ва маҳфили шеър оростан аст, аммо дареғ…

 

Озарахш рэп менависад

– Шунидем, ки бо овозхонони Эрон ҳам ҳамкорӣ доред…

– Бале, ҳамроҳи овозхонҳои эронӣ чандин тарона эҷод кардем. Бо овозхонҳои Ӯзбекистон низ ҳамкории хуб дорам. Хушҳол мешавам, ки онҳо мехоҳанд тоҷикӣ хонанд. Ба овозхони ӯзбекистонӣ Сайёра Мӯсоева як албоми пурраи тарона навиштем, ки аз муҳаббати зиёд ба забони тоҷикӣ “Сапеда” ном ниҳод.

Барои Шаҳриёр, як албоми рэп навиштам. Кӯшиш кардам онро бо лаҳни нағзи тоҷикӣ бинависам.

СПРАВКА ПО ТЕМЕ


Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон 13-уми августи соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1986-1989 муҳаррири Кумитаи телевизион ва радио, 1989-1992 директори Иттиҳодияи эҷодӣ – истеҳсолии “Союзтеатр” дар вилояти Суғд, солҳои 1992-2002 муҳаррири телевизиони вилоят буд. Аз соли 2015 то кунун сардабири маҷаллаи "Паёми Суғд" аст. Ашъори Озарахш дар маҷмуаҳои “Аз чашмасор омадам”, “Чархболи Офтоб”, “Намози мусофир”, “Девони ишқ”, “Ояндаҳо”, “Соядасти зиндагӣ”, “Себе зи боғи Рӯдакӣ” ва ғайра мунташир шудаанд. Ахиран китоби ӯ бо унвони “Гавҳари ишқ” ба нашр расида, дар Эрон низ ба хати форсӣ мунташир шуд. Инчунин, беш аз 10 намоишнома навишта, ки дар театрҳои кишвар иҷро шудаанд.

– Аммо бархе фарҳангиён ба рэпхониву рэпнависӣ назари манфӣ доранд. Нигоҳи Шумо чӣ гуна иваз шудааст?

– Бархе зиёиёни мо барои забони олуда ва муҳтавои пасти рэп зидди он ҳастанд. Ман таҷриба кардам ва дидам, ки агар шоир рэпи пурмуҳтаво нависад, ин андешаҳо тағйир меёбад. Азбаски ба рэпсароёни мо касе матни хуб наменависад, худашон суханони пастро мебофанду месозанд. Шоирон бояд бо рэпсароён ҳамкорӣ кунанд, то мусиқии мудерн бо матни нағз ба омма расад.

– Мавзӯъи рэпе, ки Шумо навиштед, чист?

– Коргардони Шаҳриёр – Баҳромҷон ҷавони хеле аз илму дониш ва мусиқии муосир огоҳ аст. Онҳо як албоми пандомез хондаанд. Масалан, яке суҳбати падар бо духтараш аст. Ҳамаи лаҳзаҳои зиндагиро ба монанди як қиссаи зиндагии нағз тасвир намуда. Мисли як филм аст. Ҳамин гуна 6 рэпи дигар тарбиявӣ аст. Ҳар кадом 6 дақиқа давом мекунад ва як қиссаи нағзу шуниданӣ.

– Таҷрибаи рэп навиштан барои шоире, ки бештар шеъру тарона гуфтааст, душвор набуд?

– Не, душвор набуд, зеро таҷрибае дар гузашта доштам. Барои Фараҳманд Каримов рэптаронаи бисёр навиштаам. Ба якчанд ҷавони дигар низ. Ба сарояндагони Хуҷанд низ навиштам.

– Рэп бояд чӣ гуна бошад?

– Дар Африка ҳам будам ва медонам, ки рэп чӣ гуна пайдо шуд. Он намоди эътироз аст. Сарояндаҳои эронӣ ҳатто аз ғазалиёти Ҳофиз низ рэп сохтаанд, ки хеле зебост. Ман ҳам бо истифода аз абёти “Маснавии маънавӣ” рэптаронае сохтам, Фараҳманд Каримов дар Душанбе хонд. Мардум хуб қабул карданд.

– Фикр намекунед, ки бо гузашти замон мусиқии классикии мо аз байн меравад?

– Намеравад. Мусиқии классикии мо ба монанди шеърҳои Ҳофиз аст — ҳамеша дар ҳамаи асру замонҳо як гурӯҳи одамоне ҳастанд, ки Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Бедил мехонанд ва мерос медиҳанд ба насли дигар. Шашмақом ва дигар намуди мусиқии суннатии мо низ аз имтиҳони асрҳо гузаштааст, ҳеҷ аз байн намеравад.

Бузурге гуфтааст: “як мусиқии нағз инсонро аз гӯшаш мегирад ва рост ба биҳишт мебарад”. Шашмақомоми мо, хонишҳои бадахшонӣ, зарафшонӣ, хатлонӣ ва фалак биҳишти мо ҳастанд. То гӯш ҳасту мусиқист, мардум лаззати биҳишти гумшудаашонро хоҳанд ҷуст.

 

Пас аз ҳазор сол…

– Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

– Худованд саломатӣ диҳад, дар ҳамин ҷодаи худ меравам. Суханҳои ногуфта хеле зиёданд, дар ин чанд нафасе, ки дорам, мехоҳам ҳамон нагуфтаҳоямро гӯям.

– Ба фикратон, баъди як аср аз Озарахш чӣ гуна ёд мекунанд?

– Вақт медонад:

Шеъре, ки навиштааст шоир сари вақт,

Сабт аст чу нақши санг дар хотири вақт,

Варна ба ҳазорсолаи хотираҳо,

Не вақт расад зиндаю не шоири вақт…

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...