Пешниҳоди ҷазо барои рафтан ба назди фолбину ҷодугар дар Тоҷикистон

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардаст, ки барои рафтан ба назди фолбину ҷодугар ва ё истифодаи хидматрасонии онҳо ҷазо таъин карда шавад. Агар ин пешниҳод қабул шавад, муштариёни фолбину ҷодугар то 750 сомонӣ  ҷарима мешаванд.

Дар асоси ин пешниҳод, ба моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди нав бо номи “истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин” илова карда мешавад.

Тибқи ин тағйирот, нисбати нафароне, ки ба назди сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин мераванд аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 375 то 750 сомонӣ) ҷарима татбиқ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки як сол охир мақомоти Тоҷикистон мубориза бо фолбину ҷодугарро пурзур кардаанд. Тобистони соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон карда буд, ки нафаронеро, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, ному аксҳояшонро дар махзани ВКД мегузорад.

Мақомот гуфта буданд, “мақсад аз ин кор пешгирӣ аз бовар ба фолбину ҷодугар аст, чун баъзе аз шаҳрвандон ба назди фолбину ҷодугарон рафта ба онҳо пул медиҳанд ва бо ин кор дар густариши фолбиниву ҷодугарӣ саҳм мегузоранд”.

Аммо аз он замон то ҳол теъдоди нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд ва ба мақомот даъват шудаанд, маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта ҷазо барои машғул шудан ба фолбиниву ҷодугарӣ пурзур шуд. Парлумони кишвар ба банди 2-юми моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, андозаи ҷаримаи маъмуриро то 80-100 нишондиҳанда зиёд кард ва дар баробари ин, ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз илова гардид.

Қаблан ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро пешбинӣ мекард.

Ҳамчунин, бар асоси тағйироте, ки ба моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ (агар чунин кирдор давоми сол баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) аз ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз як то ду соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Қаблан барои ин кирдор танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.

Ба иттилои ВКД, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ошкор шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...