Аз Озода Раҳмону Руқия Қурбонова то Раҳим Саидзода ва Муҳаммадсаид Шоҳиён. Боз киҳо имрӯз мукофоти давлатӣ гирифтанд?

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як маросими хос ба наздики 200 корманди касбу кори гуногун, ки “дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд”, ҷоизаву унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои олии давлатӣ супорид.

Хадамоти матбуотии президент мегӯяд, ҷоиза ва унвонҳо ба нафароне дода шуд, ки “барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ” саҳм доштанд.

Аз ҷумла, 4 ҳунарманд, Турахон Аҳмадхонов, Ғуломзода Исфандиёр, Давлат Назрӣ ва Дилором Сатторзода бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Латофат Кенҷаева бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, Юнус Юсуфӣ ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

“Дар маросими мукофотсупорӣ 23 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 5 кас бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 3 нафар бо ордени Дӯстӣ, 1 кас бо ордени Шараф дараҷаи I, 11 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 107 кас бо медали Хизмати шоиста ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд”, навиштааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Ҳамчунин, 12 нафар олими ҷавон бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2025 ва  15 кас бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2025 сарфароз гардиданд.

Дар аксҳое, ки хадамоти матбуотии президенти кишвар нашр кард, дида мешавад, ки Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи президент низ ҳаст ва тибқи иттилои ғайрирасмӣ, президент ба ӯ унвони Корманди шоиста додааст.

Ҳамчунин, Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбари “Тоҷикфилм”, ки чанд пеш ҳунарнамоии ӯ дар нақши Ҷомӣ дар филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷоми ва Навоӣ” дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, мукофоти “Арбоби ҳунари Тоҷикистон” дода шуд.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм, Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Руқия Қурбонова, яке аз сиёсатмадорони пешин дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва чанде аз мансабдорон ва шахсиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ соҳиби мукофотҳо шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми супоридани ҷоизаҳо гуфтаст, ки “фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар равона месозанд”.

Тибқи анъана, ҳамасола дар остонаи ҷашни истиқлол Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатӣ медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...