RuID чист ва чӣ тавр онро истифода барем?

Asia-Plus

Мақомоти Русия рӯзи 30-юми июн як барномаи нави мобилиро бо номи RuID муаррифӣ кард, ки гуфта мешавад, барои сода кардани раванди муҳоҷират ба хориҷиён кумак мекунад. Ин барнома як навъи "Госуслуги" аст, аммо махсус барои муҳоҷирон сохта шудааст. Он тамоми корҳои заруриро, аз дархости аввалия то бақайдгирӣ ва пардохти андоз, дар як ҷой ҷамъ овардааст.

RuID саҳифаи рақамие аст, ки дар он ҳамаи маълумот ва нусхаи ҳуҷҷатҳои электронии шумо нигоҳ дошта мешавад. Ҳарчанд мақсади асосии он осон кардани корҳост, баъзе коршиносон мегӯянд, ки ин барнома барои назорати бештари муҳоҷирон сохта шудааст.

Ба воситаи ин барнома шумо метавонед:

– Пеш аз рафтан ба Русия дархост диҳед.

– Худро ба қайди муҳоҷират гузоред.

– Иҷозатномаи корӣ (патент) ё суғуртаи тиббӣ гиред.

– Бо корфармо шартномаи корӣ бандед.

– Андозҳо ва дигар пардохтҳоро супоред.

– Аз хизматрасониҳои давлатӣ истифода баред.

– Аз мӯҳлати ҳуҷҷатҳои худ бохабар бошед.

Ҳоло барнома дар ҳолати озмоишӣ кор мекунад, бинобар ин, истифодаи он ҳатмӣ нест. Вале мақомоти Русия ба муҳоҷирон “тавсия” медиҳанд, ки аз он истифода баранд.

 

Чӣ тавр дар барнома сабтином мешавед?

Барномаи RuID-ро аз мағозаҳои барномавӣ, ба мисли RuStore, Google Play, AppGallery ва App Store гирифтан мумкин аст.

Агар шумо дар пойгоҳи "Госуслуги" аллакай сабти ном шуда бошед, метавонед бо ҳамон номи корбарӣ (логин) ва калидвожа (парол)-и худ ба RuID дароед.

Агар "Госуслуги" надошта бошед, бояд дар худи RuID сабти ном кунед.

Барнома бо 7 забон, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ кор мекунад. Шумо метавонед забони дилхоҳатонро интихоб кунед. Аммо, бояд донист, ки баъзе қисмҳои барнома то ҳол пурра ба забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд ва бо забони русӣ навишта шудаанд.

 

Раванди сабти ном қадам ба қадам

1. Тугмаи "сабти ном"-ро пахш кунед.

2. Агар СНИЛС (рақами суғуртаи нафақавӣ) дошта бошед, онро ворид кунед. Агар не, СНИЛС-и шумо ба таври худкор сохта мешавад.

3. Маълумоти шахсии худро, аз қабили ному насаб, рӯзи таваллуд, рақами шиноснома, суроғаи почтаи электронӣ ва дигар маълумотро пур кунед. Диққат: ному насабро бо ҳарфҳои лотинӣ, ҳамон тавре ки дар шиносномаи шумо навишта шудааст, ворид кунед.

4. Маълумотро санҷед ва барои идома додан рамзи дар акс бударо нависед.

5. Ба почтаи электронии шумо мактуб меояд. Ба он даромада, тугмаи "тасдиқ кардан"-ро пахш кунед ва ба барнома баргардед.

6. Барои ба итмом расонидани сабти ном калидвожаи қавӣ гузоред, то касе ба маълумоти шумо дастрасӣ пайдо накунад. Калидвожаро ҳатман дар ёд доред.

7. Барои ҳар дафъа даромадан ба барнома рамзи кӯтоҳе гузоред.

Барои дастрасӣ ба ҳамаи хидматрасониҳои барнома, шумо бояд маълумоти биометрии худро тасдиқ кунед. Барои ин, ба ягон бонки Русия рафта, онҳоро дархост кунед, то акси рӯйи шумо, акси шиноснома ва сабти овозатонро дар низоми ягона сабт кунанд. Ҳамин тавр, шумо метавонед дарҳол дар "Госуслуги" ҳам сабти ном шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...