Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 августи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 26 АВГУСТ

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 АВГУСТ

Соли 1964 – Дар Душанбе консерти нахустини ансамбли эстрадии ҷумҳурӣ “Гулшан” баргузор гардид.

Соли 2007 – Дар Панҷи Поён (ноҳияи Қумсангир) пули дуқабатаи автомобилӣ аз рӯйи дарёи Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, ба истифода дода шуд. Дарозии он 672 метр ва паҳноиаш 11,6 метр буда, наздиктарин шаҳри Тоҷикистон –  Панҷи Поёнро бо Шерхон-Бандари Афғонистон мепайваст.

Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон роҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритошро ба истифода дод, ки Тоҷикистонро бо Қирғизистон мепайвандад.

Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро, 300 ҳазор сомонӣ туҳфа ва ордени Шараф, дараҷаи 1-ро супорид.

Соли 2018 – Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи кишвар дар мусобиқаи гурзандозӣ дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 сазовори медали нуқра гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2023 – Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд (KFW) ба маблағи 13,97 миллион  евро шартномаи грантӣ ба имзо расонида шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Мавлуди Имомназар Келдиев, таърихнигори тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор.

Соли 1939 – Мавлуди Маҳмуд Маликов, таърихшинос, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.

Соли 1949 – Мавлуди Дилбар Умарова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дилбар Умарова

Дилбар Умарова, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик фаъолияти ҳунариашро соли 1957 аз филми “Ман бо духтаре вохурдам” оғоз намудааст.

Ӯ соли 1971 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро дар Маскав хатм карда, солҳо дар  Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ дар саҳнаи театр дар намоишҳои “Дод аз дасти ақл”, “Робиаи Балхӣ”, “Эй ҷавонӣ, ҷавонӣ”, “Охирин арӯси амиралмӯминин”, “Васса Железнова”, “Марати нодони ман”, “Дилшод”, “Муаллими рақс” нақш офаридааст.

Дар синамо бошад дар филмҳои “Достони Рустам, “Вақте ки осиё бозистод, “Тӯфон дар водӣ”, “Субҳи Ганг”, “Соҳиби об”, “Боз як шаби Шаҳризод”, “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар” ва “Ашк ва шамшер” ҳунарнамоӣ кардааст.

Соли 1963 – Зодрӯзи Хуршед Зиёӣ (Махшулзода), доктори илми фалсафа, роҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуршед Зиёӣ (Махшулзода)

Соли 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1985 то соли 1988 ҳамчун муҳандис-тарҷумони Вазорати саноати мудофиаи собиқ ИҶШС дар мамлакати арабии Ливия шуруъ кардааст. Солҳои 1991-1993 ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ ва ходими калони илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ фаъолият дошт.

Аз соли 1993 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ҳамчун мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва аз соли 1998 ба ҳайси муовини ректор оид ба таълими фаъолият кардааст.

Солҳои 2009-2011 сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва аз соли 2011 то соли 2015 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода буд.

Ду сол, аз соли 2015 то соли 2017  сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм,  аз соли 2017 то  соли 2019 директори Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият дошт.

Соли .2019 муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва як сол баъд, директори ин Марказ  таъин гардида, то  январи соли 2022 дар ин вазифа фаъолият намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 2022 то имрўз муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ мебошад.

Соли 1967 – Зодрӯзи Мавзуна Шарофидинова, вакили пешини парлумон.

Соли 2006 – Ғаффор Мирзо, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 77 аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ғаффор Мирзо

Ғаффор Мирзо яке аз шоирони дӯстдоштаи кӯдакон буда, шеърҳои машҳури “Достак”, “Санговдавак”, “Гунҷишкак” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе буда, чанде муаллимӣ кардааст. Муддате корманди моҳномаи “Шарқи Сурх” буд. Соли 1956 курси олии адабиётро дар Маскав ба поён расонда, солҳои тӯлонӣ котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизони сулҳ будааст.

Вай муаллифи маҷмӯаҳои ашъори “Аз самими дил”, “Ҳазор раҳмат”, “Дил дар кафи даст”, “Аз гаҳвора то майдон”, достонҳои “Асрор”, “Тоҷи давлат” , “366 паҳлӯ”, “Нору Нур”, дуҷилдаи осор, романи манзуми “Фарзанди ҳукумат” аст.

Дар эҷодиёти Ғаффор Мирзо асарҳои кӯдакона ҷойгоҳи вижа доранд, ки “Санговдавак”, “Баррача рӯяд аз замин”, “Чилдухтарон”, “Гунҷишкак”, “Достак”, “Шайтони бекафшу маҳсӣ”, “Як қатра Офтоб”, “Кадом ҳунар беҳтар аст?”, “Гулҳои дастабаста” аз он шумуланд.

Ғаффор Мирзо 26-уми августи соли 2006 дар 77-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 26-уми август дар Амрико Рӯзи баробарҳуқуқии занон таҷлил мегардад. Ин сана ба ифтихори қабули 19-умин ислоҳ ба Конститутсияи Амрико дар соли 1920 муқаррар гардидааст, ки ба занон ҳаққи пурраи иштирок дар интихоботро дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ташаббускори таҷлили ин рӯз Белла Абзуг буд. Ӯ соли 1971 пешниҳод намуд, ки ҳар сол 26-уми август ҳамчун рамзи пирӯзии занон дар роҳи тӯлониву сангин барои баробарқуқуқӣ қайд карда шавад.

26-уми августи соли 1910 дар шаҳри Скопе, пойтахти Македонияи Шимолӣ  (он вақт қисми Империяи Усмонӣ буд) духтаре таваллуд шуд, ки баъдан тамоми ҷаҳон ӯро бо номи Модар Тереза шинохт.

Ӯ дар оилаи баққоли сарватманди албанӣ таваллуд ёфтааст. Дар ҳаждаҳсолагиаш оилаашонро тарк месозад, ба Ирландия рафта ба “Иттиҳоди хоҳарони Лоретанӣ” мепайвандад. Соли 1931 вай ба дайр меравад, маросими мӯйтароширо анҷом медиҳад, роҳиба мешавад, номи Терезаро мегирад. Қариб як сол дар Дублин (Ирландия) мемонад, сипас рӯ ба Ҳиндустон меорад, вақти зиёде дар донишкадаи Марями  Калкутта аз ҷуғрофия дарс медиҳад, баъдтар директори он таъйин мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Модар Тереза барои ифтитоҳи иттиҳодияи роҳибии шахсиаш кӯшид. Танҳо соли 1950 баъди шахсан бо папаи Рим вохӯрдан барои ин иҷозат ба даст овард. 30 сентябри ҳамон соли 1950 дар Калкутта роҳибаи католик “Иттиҳоди хоҳарони шафқат”-ро бо мақсади ёрӣ расонидан ба бенавоён таъсис дод.

Барои фаъолияти инсондӯстиаш модар Тереза соли 1979 ба Ҷоизаи Нобел барои сулҳ сазовор мешавад. Ӯ маблағи мукофотҳоро пурра ба рушди фаъолияти иттиҳодаш бахшидааст.

26-уми август ҳамчунин Рӯзи арҷгузорӣ ба сагҳо ҳамчун рамзи вафодорӣ таҷлил мешавад. Ин ҷашн соли 2004 аз тарафи Коллин Пейҷ, коршиноси зиндагии ҳайвоноти хонагӣ ва фаъоли ҳифзи ҳуқуқи ҳайвонот таъсис ёфт. Ин ҷашн гарчанде мақоми расмӣ надорад, бо гузашти солҳо хусусияти байналмилалӣ гирифтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Саг яке аз аввалин ҳайвонотест, ки инсон хонагӣ кардааст. Дар тӯли ҳазорсолаҳо он ҳамчун ёвари инсон дар шикор, муҳофизати чорво, ҳифзи манзил ва дӯсту ҳамсафари содиқ хизмат кардааст.

Муассисон мехоҳанд тавассути ин ҷашн таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мушкилоти сагҳои бесарпаноҳ ва бесоҳиб ҷалб кунанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 26 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...