Ҳарфи ҷомеа шунида шуд? Нақши Ҷомиро дар филми “Дурахши ахтарон” Қурбони Собир иҷро мекунад

Asia-Plus

Иҷрои нақши Абдураҳмони Ҷомӣ дар филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”  ба Қурбони Собир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон вогузор шудааст. Қаблан, тасдиқи номзадии Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси “Тоҷикфилм” барои иҷрои ин нақш, дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътирозу интиқоди корбаронро барангехта буд.

Тасмими таҳияи филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи робитаи дӯстона ва устодиву шогирдии шоирон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба давлатҳои якдигар рӯйи даст гирифта шуд.

Хабари ивази иҷрокунандаи нақши Ҷомиро пеш аз ҳама Радиои Озодӣ нашр кард. Манобеи “Азия-Плюс” ҳам тасдиқ карданд, ки чунин тасмим рӯйи даст гирифта шудааст. Аммо манобеи расмӣ ва худи ҳунарпеша аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ карданд.

Қурбони Собир, ҳунарпешаи театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар суҳбати кӯтоҳ бо “Азия-Плюс” хабари тасдиқи номзадиаш барои иҷрои нақши Ҷомӣ дар филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро ошкор тасдиқ накард ва дар баробари ин, рад ҳам накард.

“Ҳоло чизе гуфта наметавонам. То ҳол шартномае набастаем. Вақте шартнома имзо шавад ва сабти филмро оғоз кунем, баъд дар ин бора ҳарф мезанем", – гуфт Қурбони Собир.

Толиб Ғайбуллозода, муовини аввали раиси “Тоҷикфилм” ҳам аз шарҳи бештар ба “Азия-Плюс” худдорӣ кард ва танҳо зикр кард, ки “то ҳол аз ҷониби ҳукумат дар ин маврид дастуре наомадааст”. Аммо ӯ тасдиқ кард, ки “сабти филм дар шаҳри Хуҷанд идома дорад, вале Шоҳиён дар он ҷо ҳузур надорад”.

Маҳмадсаид Шоҳиён рӯзи 25-уми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ нахостааст дар ин бора суҳбат кунад. Файзуллои Файз, яке аз коргардонҳои филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” низ аз суҳбат дар ин бора худдорӣ варзидааст.

 

Интихоби Маҳмадсаид Шоҳиён барои иҷрои нақши Абдураҳмони Ҷомӣ дар филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо оғози сабти филм баҳсбарангез гардид. Бархе иддао карданд, ки симову ҷуссаи Маҳмадсаид Шоҳиён барои иҷрои нақши Ҷомӣ муносиб нест ва ин нақшро бояд ҳунарпешаи дигар – Нурулло Абдуллоев, Ортиқи Қодир, Маҳмадалӣ Маҳмадов ё Қурбони Собир бозӣ кунад.

Он замон Толиб Ғайбуллозода ба “Азия-Плюс” сабаби асосии интихоби Маҳмадсаид Шоҳиён дар нақши Ҷомиро шарҳ дода буд. Ӯ зикр кард, ки раиси “Тоҷикфилм” ба нақши Ҷомӣ тариқи кастинг интихоб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, 8 ҳунарманд дар марҳилаи охир барои нақши Ҷомӣ пешниҳод шуданд ва шӯрои бадеии “Тоҷикфилм” 3 нафарро аз ин байн беҳтар дониста, онҳоро ба коргардон пешниҳод кардааст. Ба таъкиди ӯ, бозигари нақши Ҷомӣ, яъне Маҳмадсаид Шоҳиён аз ҷониби коргардон интихоб шудааст.

Аммо Файзулло Файзов, коргардони тоҷикистонии ин филм он замон ҳам нахост шарҳ диҳад, ки чаро маҳз Маҳмадсаид Шоҳиёнро барои офаридани нақши Ҷомӣ интихоб кардааст. Танҳо кӯтоҳ зикр карда буд, ки “ин тасмими шӯрои бадеӣ аст”.

Бояд гуфт, нақши Алишер Навоиро дар ин филм Илҳом Бердиев, ҳунарманди Ӯзбекистон иҷро хоҳад кард.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баъди тасмими филмбардорӣ дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар соли 2021, моҳи апрели соли 2024 матни филмнома тасдиқ гардид ва аввали моҳи ноябр корҳои омодагӣ ба наворбардории филм оғоз шуданд.

Ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс”, буҷаи умумии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” 10 млн доллари амрикоӣ гуфта мешуд.

Файзулло Файзов пештар гуфта буд, ки филм беш аз як моҳ дар Тоҷикистон ва баъдан 2 моҳи дигар дар кишвари Ӯзбекистон сабт мешавад.

“Дар Тоҷикистон дар Боғи “Ирам”, қалъаи Ҳисор ва шаҳри Хуҷанд” сабти филм идома мекунад”, – изҳор дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, филм бояд пурра ба забони тоҷикӣ бардошта мешуд, аммо бинобар ин ки ҳунармандони Ӯзбекистон бо забони тоҷикӣ ҳарф зада наметавонанд, бо забони ӯзбекӣ нақш иҷро мекунанд ва баъдан он ба тоҷикӣ садогузорӣ шуда, филм пурра ба тоҷикӣ пешниҳоди бинандаи тоҷик мегардад.

Дилмурод Масаидов, коргардони ӯзбекистонии филм мегӯяд, сабти филм 70 дарсад дар Ӯзбекистон ва 30 дарсад дар Тоҷикистон мегузарад.

“Дар Ӯзбекистон мавзеъҳои алоҳидаи Бухоро, Тошкент барои сабт интихоб шуда, интизор меравад, ки дар Хева низ баъзе саҳнаҳо гирифта шаванд”, – тавзеҳ дод ӯ.

Ба қавли ӯ, 60 дарсади ҳунармандоне, ки дар “Ҷомӣ ва Навоӣ” нақш меофаранд, аз Ӯзбекистон ва 40 дарсад аз Тоҷикистон будаанд.

Дар назар аст, филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар моварои ҷашни Наврӯзи соли 2026 манзури тамошобинон гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...