Тоҷикистонро дар Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ 144 варзишгар муаррифӣ мекунанд

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Тоҷикистонро дар Бозиҳои варзишии сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон  144 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, дар ин мусобиқа 1605 варзишгар ва 2330 намоянда аз 10 кишвар ширкат меварзанд.

Дар ин мусобиқа аз дигар давлатҳо низ варзишгарон ширкат мекунанд:

Озарбойҷоно 340 варзишгар;

– Русия 262 варзишгар;

– Ӯзбекистон 254 варзишгар;

– Беларус 240 варзишгар;

– Қазоқистон 147 варзишгар;

– Қирғизистон 126 варзишгар,

– Туркманистон 48 варзишгар;

– Туркия 38 варзишгар;

– Кувейт 6 варзишгар.

 

Бояд гуфт, ки имсол Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ аз 28-уми сентябр то 8-уми октябр дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор мешаванд. Мусобиқаҳо аз рӯи 23 навъи варзиш дар 12 майдону толор баргузор мегардад.

Дар мусобиқа, варзишгарон аз рӯи навъҳои варзиши ҷудо, самбо, гӯштини юнонию румӣ, гимнастикаи бадеӣ, тирпаронӣ, қаиқронӣ, таэквон-до, бокс, шамшерзанӣ, камонварӣ ва дигар навъҳо бо ҳам рақобат мекунанд. 

Дар Бозиҳои якуми кишварҳои ИДМ, ки аз 4 то 11-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Русия баргузор шуданд, Тоҷикистонро 80 варзишгар дар 12 навъи варзиш намояндагӣ карда, 14 медал ба даст оварданд.

Дар Бозиҳои дуввуми кишварҳои ИДМ, ки аз 4 то 14-уми августи соли 2023 дар пойтахти Беларус баргузор шуданд, Тоҷикистон миёни 22 кишвари иштирокчӣ зинаи 8-умро касб карда, ба дарёфти 13 медал, 1 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ ноил гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...