Даҳ ниҳоди байналмилалӣ, ки ба Тоҷикистон бештар сармоягузорӣ кардаанд

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Ҳоло дар кишвар 82 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 4,5 млрд доллар татбиқ мешавад ва саҳми сармояи хориҷӣ дар ин лоиҳаҳо қариб 97 дарсад аст

Тибқи омори ироакардаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аз 82 лоиҳи амалкунанда,  55 лоиҳа аз ҳисоби грантҳо буда, 5 лоиҳа қарзӣ ва 22 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант амалӣ мешаванд. Аз ин 3,2 млрд доллар грант ва 1,2 млрд доллар қарз аст.

Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар сармоягузории лоиҳаҳои давлатӣ 3,1% ё 143,8 млн доллар мебошад. Саҳми корхонаҳои давлатӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо 0,1% ё 5,8 млн доллар аст.

Дар тасвирбаёни зер бо 10 ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон бештар сармоягузорӣ кардаанд, шинос шавед. Дар тасвирбаён сармоягузории ҳар як ниҳод нишон дода шудааст.

 

 

Сармоягузорӣ аз рӯи соҳаҳо

Бештар аз ҳама, яъне 1,6 млрд доллар ба соҳаи энергетика ва 1,2 млрд доллар ба соҳаи нақлиёт равона шудааст. Ин ду самт дар 6 моҳи 2025 бахши афазилиятноки сармоягузорӣ будаанд.

Бо дигар самтҳои сармоягузорӣ дар тасвирбаёни зер шинос шавед.

 

 

Ба гуфтаи Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нимсолаи аввали 2025 ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд 9 созишномаи қарзию грантӣ бо маблағи 153,7 млн доллар ба имзо расондааст, ки ин созишномаҳо 7 лоиҳаро дар бар гирифта, соҳаҳои рақамикунонӣ, обёрӣ, нақлиёт ва тандурустиро фаро мегирад.    

Ин ниҳод дар сомонаи худ феҳристи лоиҳаҳои амалкунандаро нашр кардааст, ки дар ин пайванд метавонед  бо минтақа, маблағ ва мӯҳлати амалишавии лоиҳаҳо шинос шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...