Театри Лоҳутӣ мавсими нави театриро бо намоишномаи “Шамсу Мавлоно” оғоз мекунад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе бори нахуст зиндагиномаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, шоири маъруфи тоҷик ва яке аз орифони шӯҳратёр дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ намоиш дода мешавад.

Дар ин бора аз театри мазкур ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки муаллиф ва коргардони намоишнома саркоргардон Султон Усмонов аст.

“Намоиш аз рӯйи асари “Чил қонуни ишқ”-и Алиф Шафақ ва бархе таърихномаҳои дигар таҳия шудааст. Дар намоиш рафоқати Шамсу Мавлоно ва ҳамдилии ин ду ориф нишон дода мешавад”, – гуфтанд аз Театри Лоҳутӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар намоиш нақши Шамсро Абдукарим Машрабов, директори театр ва нақши Мавлоноро Шоҳмурод Аюбов, ҳунарманди ҷавони он меофаранд.

Нахустнамоиши “Шамсу Мавлоно” ҳафтаи аввали моҳи сентябр дар Театри Лоҳутӣ баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки Театри Лоҳутӣ мавсими нави театриро бо намоиши “Шамсу Мавлоно”  оғоз мекунад ва интизор меравад, ки дар он Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг ва як зумра зиёиёни кишвар ширкат кунанд.

Ба иттилои дастрас, коргардон ва ҳунармандони Театри Лоҳутӣ чанд сол боз мехостанд ин намоишро ба рӯйи саҳна оранд, вале бо сабабҳои гуногун саҳнагузории он лағв мешуд.

Асалбек Назриев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз ҳунарварони куҳанкори Театри Лоҳутӣ охири соли 2023 ба “Азия-Плюс” аз таҳияи намоише аз зиндагии Мавлоно хабар дода буд.

Ӯ он вақт бо такя ба манбаи асосии таҳияи намоиш – асари “Чил қонуни ишқ”-и нависандаи турк Алиф Шафақ ишора карда, бо изҳори нигаронӣ гуфта буд, ки “ин хуб аст, лекин ғояи асар моли муаллифи хориҷӣ аст ва мо бо ифтихор гуфта наметавонем, ки ин пурра намоишномаи мо аст”.

Ҳоло маълум нест, ки ғояи асосии намоиши таҳияшуда аз чӣ иборат аст.

 

Ҳасби ҳоли Шамсу Мавлоно

Ҷалолуддини Балхӣ, ки бо номи Мавлоно маъруф аст, шоир, фақеҳ ва сӯфии форсу тоҷик аст, ки дар асри 13 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ӯ дар Балх (Афғонистони имрӯза) таваллуд шуда, аксари умри худро дар Қунияи Туркия гузаронидааст.

Мавлоно яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти форс-тоҷик ва ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки осори ӯ, бахусус “Маснавии маънавӣ”, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мутолиа ва омӯхта мешавад.

Шамси Табрезӣ орифи дигари асри 13 аст, ки аз ҷавонӣ ба тасаввуф майл намуда, ҳини сайру сафар бо бузургону пешвоёни маънавии шаҳру кишварҳои атрофи Эрон вохӯрду бо таълимоташон ошно шуд.

Шамс дар ҳаёти Мавлоно нақши калидӣ гузошт ва маҳз ӯ Ҷалолуддини воъиз ва олими динро ба кӯйи орифӣ кашонд. Вақте Шамс бо Мавлоно дар Қуния вохӯрд ва ин дидор тамоми зиндагии Мавлоноро дигаргун сохт.

Ба зикри адабиётшиносон, Шамс барои Мавлоно на танҳо як дӯст, балки устоди рӯҳонӣ буд. Ҳарфҳои Шамс Мавлоноро ба дунёи ишқ, шеър ва рақси дарвешӣ (самоъ) овард. Рафоқати онҳо чунон наздик шуд, ки дигар шогирдони Мавлоно ба ин ҳасад мебурданд ва дар ниҳоят Шамс ба таври асроромез нопадид шуд.

Ин нопадидшавӣ Мавлоноро сахт ғамгин кард ва ӯ аксари ғазалиёти худро ба номи Шамс менавишт. Маҳз ин дӯстии қарин ва аз даст додани Шамс, Мавлоноро ба яке аз бузургтарин шоирони мутасаввиф табдил дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...