Ҷалби $500 млн барои сохтмони “Роғун”. Натиҷаи ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 500 млн доллари дигар ҷудо мекунад. Ин тасмими бонкро Ҷин Литсюн, президенти он дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зикр кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, вохӯрии ҷонибҳо имрӯз, 1-уми сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, бонки мазкур “дар татбиқи 4 лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар иштирок дорад, аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ва пули бузурги мошингарди дарозиаш 920 метр дар ноҳияи Нуробод”.

“Дар ин зимн бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории худро ба нерӯгоҳи “Роғун” ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонад”, – омадааст дар хабари расмӣ.

Бояд гуфт, ки барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони НБО “Роғун” Тоҷикистон ба 6,4 миллиард доллар ниёз дорад.

Дар аввал ҳукумат мақсад дошт, ки бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо ба роҳ монда мешавад. Аммо дертар ҳукумат эълон кард, ки барои сохтмони ин иншоот сармоя ҷалб мекунад. Ҳамин тариқ, соли 2021 ҳукумати кишвар барои ҷалби сармоя ба шарикони байналмилалӣ муроҷиат кард. То ҳол чандин ниҳоди сармоягузории байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида барои сохтмони "Роғун" сармоягузорӣ кардаанд. 

 

Таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) иштирок ва суханронӣ кардааст. Пас аз анҷоми ҷаласа сарони кишварҳои узви он 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанберо имзо кардаанд.

Роҳбари кишвар дар ҷаласаи СҲШ гуфтааст, ки таъсиси ин марказ дурнамои навро барои ҳамкории давлатҳо дар самти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боз мекунад.

Дар хабари расмӣ дар мавриди кай ва дар куҷо бунёд шудани ин марказ маълумот дода нашудааст.

“Мо рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозиро муҳим мешуморем”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, раисҷумҳур бо дарназардошти имкониятҳои муҳити табии Тоҷикистон, иштирокдорони ҳамоишро “ба ҳамкории густурда дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ  ва табобатӣ” даъват кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома дар бораи муборизаи муштарак бо тундгароӣ, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, таҳдидҳои сайберӣ (киберӣ), гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин соҳаҳову бахшҳои дигар суханронӣ кардааст.

Ба иттилои расмӣ, ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ карда, аз муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарду кишвар изҳори қаноатмандӣ намудаанд.

Дар ҳошияи ин нишаст, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, бо Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон суҳбат карда, онҳо доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию башарӣ табодули афкор кардаанд

"Сарони ҳар ду давлат аз раванди рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноат намуданд", – навиштааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) ба Чин сафар кард. Ин вохӯрӣ рӯзҳои 31-уми август ва 1-уми сентябр дар шаҳри Тянҷин сурат гирифт, ки дар он роҳбарони кишварҳои узви ин созмон ширкат карданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...