Автомобилҳои нодиру озмунҳо ва мусиқиву нишот. Ҷашнвораи “Retro & New Cars Fest” дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Шоми рӯзи 29-уми август маркази шаҳри Душанбе дар чанд соат ба осорхонае зери фазои кушод табдил ёфт. Дар майдони “800-солагии Маскав” ҷашнвораи ҳамасолаи “Retro & New Cars Fest” аз “Азия-Плюс” доир гардид, ки яке аз рӯйдоди ҷолиби тобистона дар пойтахт маҳсуб меёбад. Ҷашнвора бо дастгирии шаҳрдории Душанбе баргузор шуда, он на танҳо дӯстдорони автомобилҳо, балки онҳоеро, ки мошинро бартар аз як воситаи равуо ва ҳаракат, ҳамчун як ҷузъи фарҳанг медонанд, гирдиҳам овард.

 

Аз соли 1936 то 2024. Автомобилҳои нодир

Ҷашнвора соати 16:00 оғоз гардида, то соати 22:00 давом кард. Аллакай аз дақиқаҳои аввал намоишгоҳи автомобилҳои нодир ё худ ретро-автомобилҳо таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кард. Таҳти ҷилои “хром” ва бӯйи металли куҳна меҳмонон автомашинаҳои қадимаро, ки бо эҳтиёт барқарор ва дар коллексияҳои хусусӣ нигоҳ дошта мешуданд, бо хушнудӣ тамошо мекарданд.

 

Автомобили қадимтарини ҷашнвора намунаи соли 1936, мошине буд, ки даҳсолаҳо ва давраҳои гуногунро пушти сар кардааст. Дар канори мошинҳои нодири гузашта, навгониҳои дурахшони саноати ҷаҳонии мошинсозӣ қарор доштанд, ки рамзи “имрӯз ва фардо”-и ин соҳа ба ҳисоб мераванд.

Дар ҷашнвора ҳамчунин мошинҳои нодири чанбаракашон аз дасти ростро дидан мумкин буд, ки барои Душанбе ғайриоддӣ маҳсуб мешаванд. Онҳо зиёд набуданд, вале маҳз ҳамин мошинҳо таваҷҷуҳи махсуси тамошобинонро ба худ ҷалб карданд: меҳмонон ба дохили онҳо даромада, месанҷиданд, ки аз “тарафи дигар” рондани мошин чӣ гуна аст.

 

Соҳибони мошинҳо дар бораи “дӯсти оҳанин”-ашон бо камоли майл маълумот медоданд. Барои бештари онҳо ин на танҳо техника, балки қариб як узви оила аст. Онро солҳо бо ғамхорӣ нигоҳ медоранд ва аз таъсири вақт муҳофизат мекунанд. Бисёриҳо иқрор мешуданд, ки борҳо ба онҳо маблағҳои ҳангуфт пешниҳод шуда буд. Яке аз коллексионерон беихтиёр аз пешниҳоди 600 ҳазор доллар ёдовар шуд, вале ҳатто чунин маблағ ӯро водор накардааст, ки аз “дӯсти оҳанин”-аш ҷудо шавад.

“Ҳар мошин таърихи худро дорад, ба онҳо нигоҳ мекуниву гӯё ба гузашта бармегардӣ”, – гуфт яке аз меҳмонони ҷашнвора.

 

Фароғат барои ҳамаи наслҳо

“Retro & New Cars Fest” танҳо фесттвали мошин нест. Ташкилкунандагон талош варзиданд, ки он ба як чорабинии оилавӣ табдил ёбад. Дар майдон гӯшаҳои расмкашӣ, машқҳои варзишӣ, ҷойҳои суратгирӣ ва ҳатто як мошине буд, ки хоҳишмандон изи дасти худро гузоштанд.

 

Онҳое, ки либосҳои қадима (ретро) пӯшида буданд, ба фазо муҳити махсус мебахшиданд. Онҳо зиёд набуданд, вале маҳз ҳаминҳо ба фестивал ҷозибаи фазои қадимаро зам карданд.

Ин шом воқеан зебо буду бо шодиву нишот гузашт. Озмунҳо якдигарро иваз мекарданд ва ғолибон бо худ ҷоизаҳои гуногун мебурданд – аз “клубника” дар “шоколад” то абонементҳои солона барои таваққуфгоҳ ва смартфонҳои муосир.

 

Мусиқӣ зери осмони пурситора

Ҳангоме, ки офтоб ба сӯи ғуруб майл кард, ҷашнвора ба шакли шомгоҳӣ гузашт. Мусиқӣ танин андохта, дар майдон суруду таронаҳои пайвандагари дирӯзу имруӯз садо доданд. Аз сурудҳои маҳбубтарини солҳои пешин то таронаҳои маъруфу машҳури муосир. Дар саҳна таронаҳои маҳбуби “Ман ёри туям” ва “Ман бо духтаре во хӯрдам”, ки аз ганҷинаҳои воқеии мусиқии ретрои тоҷикӣ шуморида мешаванд, низ садо доданд.

Дар баргузории ҷашнвора дастгирии шарикон нақши бузург дошт. Шарики генералии ҷашнвора холдинги байналмилалии автомобилӣ “Вектор” ва шарики расмӣ – лоиҳаи “Neru” буда, инчунин шарикон “ЭкоОйл” ва “НитроЭнержи” низ саҳм гузоштанд.

“Retro & New Cars Fest” бо табассумҳои самимӣ, нури чароғҳо ва кафкӯбиҳои бардавом анҷом ёфт. Ҳамаи ин бозгӯи он аст, ки ин ҷашнвора кайҳо аз чаҳорчӯбаи як намоишгоҳ гузашта, ба анъанаи доимии Душанбе табдил ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...