Ифтитоҳи мактаби хусусии “Дӯстии халқҳо” ва шоми эҷодии Бӯрӣ Каримов дар Душанбе

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе мактаби хусусии "Дӯстии халқҳо" расман ифтитоҳ гардида, баъди бозкушоии он, шоми эҷодии Бӯрӣ Каримов, сиёсатмадор, муҳандис ва шоири тоҷик, ки ташкилкунандаи ин мактаб аст, баргузор гардид.

Ин маҳфил 30-юми август дар маркази фарҳангиии “Боргоҳи сухан” бо номи "Роҳҳои дӯстӣ ва набзу назми роҳ" бо ширкати тоҷикон, эрониён, қирғизҳо ва фарҳангиёни 15 кишвари дигар гузашт.

Дар рафтаи он, китобҳои тозанашри "Хокироҳ" ва "Бо муҳаббат дар бораи Қирғизистон"-и Бӯрӣ Каримов рӯнамоӣ шуд. Бӯри Каримов гуфт, "дар рӯзҳое, ки байни ду миллат бадбинӣ буд, ин кишварро васф кардам".

Нафаре аз ҳайати меҳмонони Қирғизистон гуфт, ки "Бӯрӣ Каримов натанҳо роҳсоз аст, ӯ дар қалби ду миллате, ки байнашон низоъ буд, пул сохт. Дар бораи Қирғизистон, таърих, маданият ва мардумаш китоб навишт."

Ӯ ҳамчунин, ба китобхонаи мактаби навтаъсис китоби навиштаашро тӯҳфа кард, ки дар он 30 шеъри Бӯрӣ Каримов ба забони қирғизӣ тарҷума шудааст.

Дар шоми эҷодӣ хонандагони мактаби "Дӯстии халқҳо" ва иштирокорони маҳфил аз корномаи Бӯрӣ Каримов гуфта, шеърҳои ӯро қироат карданд.

Гурӯҳи ҳунармандон аз Эрон бо роҳабарии Ҳасани Алитабор чорабиниро рӯҳияи тоза бахшиданд.

“Дар консертҳои мухталиф дар шаҳрҳои Эрон чандин оҳанг аз шеъри устодро иҷро кардем. Ин иҷрои муштарак боис шуд, ки мо тавонем пеш аз ҳама пайванди ду миллат ва ду кишварро дошта бошем”, – гуфт Ҳасани Алитабор.

Маҳфил бо сурудҳои ҳунармандони эронӣ дар якҷоягӣ бо Хосият Зарафшонӣ, овозхони тоҷик идома ёфт.

Ортиқ Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, аз дӯстӣ ва бародари бо Бӯри Каримов ёд карда, аз интизориҳои модар дар роҳи писар ҳикоят кард ва ба хотири модари Бӯрӣ Каримов таронае қироат намуд.

Дар охир ӯ илова намуд, ки “имрӯз Бӯрӣ Каримов фарзанди як миллат нест, барои ӯ тамоми дунё ватан аст”.

Дар охири чорабинӣ, ба меҳмонони хориҷӣ аз номи мактаб ҷомаҳои миллии тоҷикона ҳадя гардида, кормандони мактаб, ки дар таъсиси он саҳм гузоштанд, бо сипоснома сарфароз шуданд.

Чорабинӣ бо шеъри "Тоҷикистон"-и Бӯрӣ Каримов хотима ёфт.

Мактаби "Дӯстии халқҳо" ва маркази фарҳангии "Боргоҳи сухан" ба номи Бӯрӣ Каримов номгузорӣ гардидааст. Мактаби мазкур бо забони русӣ фаъолият карда, забони тоҷикӣ ва хатҳои ниёгон ҳамчун фанни асосӣ ба кӯдакон омӯзонида мешавад. Ҳар як синф ва толори ин мактаб ба номи кишваре ва ё намояндаи он кишвар номгузорӣ шудааст, ки дар таъсиси он саҳм гузоштаанд.

Бӯрӣ Каримов яке аз чеҳраҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта мебошад. Ӯ дар охири  Иттиҳоди Шӯравӣ ва замони ҷанги шаҳрвандӣ аз мақоми вазири сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилии Тоҷикистон (1987-89) то ноиби раиси Шӯрои вазирон – раиси ниҳоди нақшакашии давлатии (Госплан)-и Тоҷикистон (1989-90) кор кардааст. Дертар аз Тоҷикистон кӯч баст ва ҳоло дар Русия зиндагӣ мекунад.

Имрӯз ӯ директори иҷроияи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, муҳаррири маҷаллаи "Роҳҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил" мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...