Машъалбардори илму фарҳанги тоҷик. Имрӯз академик Муҳаммад Осимӣ 105-сола шуд

Date:

Имрӯз, 1-уми сентябр, академик Муҳаммад Осимӣ, президенти пешини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, агар зинда мебуд, 105-сола мешуд.

Дар таърихи навини миллати тоҷик чеҳраҳои намоёне ҳастанд, ки номашон бо рушди илм, фарҳанг ва худшиносии миллӣ пайванд хӯрдааст. Яке аз ин абармардон, бешубҳа, академик Муҳаммад Осимӣ мебошад. Ӯ ҳамчун файласуфи маъруф, академики Академияи илмҳо, арбоби шоистаи давлатӣ ва омӯзгори соҳибмактаб, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва берун аз он эътироф шудааст.

Мавсуф бидуни тардид корномаи чандинҷанба дорад, вале мо ба муносибати милодаш хостем танҳо нақши ҳувиятсозӣ ва талошҳои фарҳангии варо хотиррасон кунем.

Мо мекӯшем нишон диҳем, ки чӣ гуна академик Осимӣ тавассути ташаббусҳои илмию фарҳангии худ, бахусус дар замони Шӯравӣ ва пас аз он, халқи тоҷикро аз хатари фаромӯшӣ ҳифз карда, фарҳанги бостонии онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Ӯ на танҳо як олим, балки муборизи асили миллӣ буд, ки барои зинда мондани арзишҳои таърихию фарҳангии тоҷикон ҷонбозиҳо кард.

 

Роҳбарии 23-солаи Академияи илмҳо

Академик Осимӣ бо роҳбарии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар тӯли 23 сол, як давраи тиллоиро дар таърихи илми кишвар ба вуҷуд овард. Ӯ на танҳо ниҳодҳои мавҷударо мустаҳкам кард, балки ба қавли муҳаққиқон, барои таъсиси институтҳои нав низ ибтикор нишон дод.

Тавре профессор Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, Муҳаммад Осимӣ ба ҷавонони болаёқат таваҷҷуҳи хоса дошт:

“Академик Осимӣ чанд нафар ҷавонони болаёқатро аз таълимгоҳҳои саросари кишвар пайдо намуда, дар тарбия ва ҷалбу ҷазби онҳо ба илм саҳм гирифтаанд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммад Осимӣ

Ғайр аз ин, ба қавли Сатторзода, академик Осимӣ ҳамчун “поягузори донишноманависӣ”, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷикро таъсис дод. Ин кори бузург, ки як дастоварди муҳимми фарҳангӣ буд, донишҳои илмӣ, таърихӣ ва фарҳанги миллиро дар як маҷмӯаи мукаммал гирд овард ва ба ташаккули тафаккури миллӣ мусоидат кард.

 

Дар талоши ҳувиятсозӣ

Яке аз корҳои муҳимтарини академик Муҳаммад Осимӣ дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, бешубҳа, таҷлили бошукӯҳи 1000-солагии зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Ин ҷашн на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки ба гуфтаи шогирдони мавсуф, “набарде барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва исботи ҷойгоҳи тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ буд”.

Аз ҷумла, Назри Яздонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз муҳаққиқони зиндагӣ ва осори Сино, мегӯяд, дар солҳои 1980-ум академик Осимӣ “барои таҷлили ҳазораи Сино месӯхту метапиду набард мекард”.

Ба қавли Яздонӣ, ин “набард” басо душвор ҳам будааст ва дар Маскав, дар муҳити донишмандони шӯравӣ, Осимӣ барои исботи тоҷик будани Ибни Сино бо далелҳои қатъӣ ба ҷонбозиҳо кардааст.

Академик Осимӣ шахсан раванди тарҷумаи асарҳои Ибни Синоро назорат мекард. Ба қавли Назри Яздонӣ, дар тарҷумаи асари “Ишорот ва танбеҳот” (аз арабӣ ба русӣ) чанд бор мушкил пеш омад, ҳатто яке аз шарқшиносони маъруфи Шӯравӣ шартнома баста, ҳаққи қалами зиёд гирифта, пас аз 3 сол гуфт, ки китобро тарҷума намекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммад Осимӣ

Аз сари нанг академик Мӯсо Диноршоев тарҷумаро ба зимма гирифт ва бо ҳаммуаллифии Назри Яздонӣ ва Тоҷиддин Мардонӣ ин корро ба анҷом расониданд.

Назри Яздонӣ мегӯяд, “набард”-и асосӣ пас аз нашри китоб сар шуд: дар Маскав Федосеев Пётр Николаевич, ки он вақт ноиби президенти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, фармон дод, аз саҳифаи аввали китоб ибораи “Ибн Сино сын таджикского народа” (Ибни Сино писари халқи тоҷик) хориҷ карда шавад.

Ба гуфтаи Яздонӣ, академик Осимӣ барои рафъи мушкил ба Маскав омад ва онҳо барои исботи тоҷик будани Сино ҳуҷҷату бурҳон ҷамъ карданд, вале ҳеҷ кадоми онҳо ба назар гирифта нашуд.

Ҳарчанд академик Осимӣ кӯшиш мекард, ки худро ором нишон диҳад, вале Яздонӣ мегӯяд, он замон “фарёду фиғони ботиниаш” баръало намоён буд.

 

Вақте офтобро бо доман пӯшонидан мехоҳанд

Назри Яздонӣ дар идомаи таҷлили ҳазораи Сино аз тоҷикситезии дигаре ёдовар мешавад, ки нишон медиҳад, Осимӣ бо кадом душвориҳо мувоҷеҳ шудааст.

“Дар яке аз қасрҳои бошукӯҳи Маскав, маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Ибни Сино оғоз шуд. Тибқи машварату қарордоди қаблӣ, бояд сухани нахустинро президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ мекард. Академик Федосеев маҷлисро оғоз намуда, эълон мекунад: “Акнун сухан ба президенти Академияи илмҳои…”. Дар ин лаҳза Муҳаммад Осимӣ аз ҷой мехезад ва ба тарафи минбар равона мешавад. Федасеев ҷумлаашро давом медиҳад: “…Ӯзбекистон дода мешавад”. Баъдан Муҳаммад Осимӣ низ дар бораи фаъолиятҳои илмӣ ва эҷодии Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ карда, аз беадолатӣ дар мансубияти миллии ин донишманди тоҷик изҳори нигаронӣ мекунанд”, – ба ёд меорад Назри Яздонӣ.

Муҳаққиқ мегӯяд, ин саҳнаи беназокат ва таҳқиромез гувоҳӣ медиҳад, ки “дар шароити шӯравӣ Осимӣ ба кадом ҷонфишориҳо, заҳматҳо, сабру таҳаммулҳо шаъну шарафи миллати тоҷик, номи бузургворони тоҷикро баланд нигоҳ доштааст”.

Сарфи назар аз ҳамаи мушкилот, ҷашни ҳазораи Сино бо ташабуси Муҳаммад Осимӣ дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ботантана баргузор шуд ва халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки бузургони оламгир дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммад Осимӣ

 

Бузургонро бузургон зинда медоранд

Баргузории ҷашнҳои бузурги фарҳангӣ ва солгардҳои чеҳраҳои матраҳи адаб яке аз корҳои асосии Осимӣ ба ҳайси президенти Академияи илмҳо маҳсуб мешуд. Ӯ, ки аз соли 1965 то соли 1988 роҳбари ин ниҳоди илмӣ буд, дар ташкили ҷашнҳои муҳими миллӣ нақши калидӣ дошт.

Соли 1971 таҷлили 650-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҷойгоҳи муҳимро дар барномаи фарҳангии кишвар ишғол кард. Дар замоне ки идеологияи расмии Шӯравӣ ба адабиёти классикии Шарқ чандон таваҷҷуҳ намешуд, ин иқдоми ҷасуронаи академик Осимӣ нишон дод, ки шеъру адабиёти форс-тоҷик як қисми ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ мебошад.

Се сол баъдтар, дар соли 1974, ҷашни 1000-солагии Абурайҳони Берунӣ барпо гардид. Осимӣ барои муаррифии ин донишманди барҷастаи риёзиёт, нуҷум ва ҷуғрофия, ба қавли муҳаққиқон, аз ҳама зиёд машғул шуда буд.

Соли 1975 таҷлили 700-солагии Амир Хусрави Деҳлавӣ яке аз мисолҳои барҷастаи талошҳои Осимӣ барои эҳтироми мероси муштараки фарҳангӣ буд. Ду сол баъдтар, дар соли 1977, таҷлили 100-солагии Муҳаммад Иқбол барпо шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммад Осимӣ ва Мирзо Турсунзода

Дар соли 1978 ҷашни 100-солагии Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, барпо гардид. Баъдан, таҷлили 1200-солагии Муҳаммад Хоразмӣ дар соли 1983 таваҷҷуҳи Осимӣ ба илмҳои дақиқро нишон дод.

Маҳз бо ҷаҳду талошҳои академик Осимӣ 550 ва 575-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дар солҳои 1964 ва 1989, 150-солагии Аҳмади Дониш (1975), 100-солагии Абулқосим Лоҳутӣ, 75-солагии Мирзо Турсунзода (1986) ва дигар чорабиниҳои бузурги илмӣ баргузор гардиданд.

Пас аз тарки роҳбарии академия ҳам, баргузории ду ҷашни муҳимро бар зимма дошт: 80-солагии Бобоҷон Ғафуров (1989) ва 1400-солагии Борбад (1990). Дар таҷлили ҷашни 1400-солагии Борбад, Осимӣ донишмандон ва ҳунармандонро аз кишварҳои мухталиф, ба мисли Амрико, Фаронса ва Эрон даъват намуд.

Профессор Ҷалол Матинӣ, донишманди эронии муқими Амрико, дар ин маврид гуфтааст: “тоҷикони азиз бо ин кори бузурги худ Борбадро аз дунёи афсона ба дунёи таърих ворид карданд”.

Хидмати арбоби илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимӣ дар таҷлили солгарди аҳли илму адаб ва намояндагони барҷастаи тамаддунамон ниҳоят бузург буд. Ҳатто пас аз марги фоҷиавии ӯ, 1000-солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (1996) ба асоси тарҳу нақшаҳои ӯ баргузор гардид.

 

Пайвандгари дилҳо ва фарҳангҳо

Аакадемик Осимӣ на танҳо дар дохили кишвар ба таҳкими ҳувияти миллӣ кӯшиш кард, балки ҳамчун як чеҳраи байналмилалӣ дар муттаҳид сохтани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон нақши калидӣ бозид. Аз соли 1989 то замони маргаш, ӯ раиси Ҷамъияти робитаҳои илмию фарҳангӣ бо мардуми форсизабони ҷаҳон – “Пайванд” буд.

Мақомҳои байналмилалии академик Осимӣ – раиси Кумитаи омӯзишии тамаддуни Осиёи Марказӣ дар ЮНЕСКО, президенти ассотсиатсияи байналхалқии омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ ва узви ифтихории Академияи улуми Афғонистон – ба ӯ имкон доданд, ки фарҳангу илми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

 

Осимӣ дар шинохти дигарон

Акбар Турсон, академик: “Беҳтар аст, ки мо се шахсияти барҷаста – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимиро муқаддасоти миллати тоҷик эълон кунем, зеро онҳо муаррифгари миллату давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ буданд ва барои худшиносӣ ва худогоҳии миллати мо заминаҳои амиқ гузоштанд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акбар Турсон

Абдунабӣ Сатторзода, профессор: “Академик Муҳаммад Осимӣ шахсияти истисноӣ буданд ва тафаккури миллӣ доштанд ва тамоми умр барои ташаккул ва рушди миллаташон ва сарзаминашон содиқона ва бо сарсупурдагӣ хидмат менамуданд ва афсӯс, ки оқибат дар ин роҳ қурбон шуданд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдунабӣ Сатторзода

Назри Яздонӣ, шоир ва муҳаққиқ: “Дар зиндагӣ инсонеро дар ин мартабаи устод чунон меҳрубон, собитқадам, бо нангу номусу ватандӯст ва дар айни замон хоксору фурӯтан надидам ва ҳоло дилам гум мезанад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Назри Яздонӣ

 

Фоҷиаи қатл – зарба ба илму дониш

Бо вуҷуди ин ҳама ҷонбозиҳо дар роҳи илму фарҳанг, Муҳаммад Осимӣ субҳи 27-уми августи соли 1996 дар роҳ ба сӯи коргоҳ ҳадафи тир қарор гирифт ва ҷон ба Ҳақ супурд.

Марги фоҷиавии Муҳаммад Осимӣ ба илму адаби тоҷик зарбаи сахте буд, вале корнома ва талошҳои ӯ, аз ҷумла асарҳои илмӣ, мактаби фалсафӣ ва ташаббусҳои фарҳангиаш, номи варо то кунун зинда медорад.

Академик Осимӣ дар шароити душвор тавонист арзишҳои асолати миллиро ҳифз кунад ва онҳоро ба наслҳои оянда интиқол диҳад.

Ёдаш ба хайр!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...