Нигаронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сари вақт ошкор нашудани ҷиноятҳои одамкушӣ дар кишвар

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз содиршавии ҷинояти одамкушӣ ва сари вақт ошкор нашудани онҳо дар кишвар нигаронӣ карда, аз зердастони худ талаб кардаанд, ки “қатлҳои солҳои гузашта, ки ҳануз кушода нашудаанд, таҳқиқ ва ошкор карда шавад”.

Ин масъала дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки рӯзи 29-уми август дар Додситонии кул таҳти роҳбарии Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералӣ ва роҳбарони дигари  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баргузор шуд, баррасӣ гардидааст.

Онҳо дар якҷоягӣ, ҳолати содиршавии ҷинояти одамкушӣ, сабабҳои сари вақт ошкор нашудани ин ҷиноятҳо, амалияи тафтишотӣ-судӣ ва самаранокии чорабиниҳои оперативӣ-ҷутуҷӯӣ вобаста ба чунин ҷиноятҳо дар 4 соли охир ва 6 моҳи соли 2025 мавриди баррасӣ қарор додаанд.

“Дар ин ҷода диққати масъулини мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амният ба ошкор намудани ҷиноятҳои одамкушии нокушодаи солҳои пешин ҷалб карда шуда, муваззаф карда шуданд, ки баҳри ошкор намудани онҳо тадбирҳои судманд андешанд”,-навиштааст сомонаи Додситонии кулл.

Мақомот ҳамчунин, натиҷаи тафтиши силсилакушторҳои соли 2024 ва сабабу омилҳои содиршудани онҳоро баррасӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар шаҳри Конибодом силсилаи кушторҳои пайдарпай рух дод, ки дар пайи он беш аз 20 кас кушта шуданд. Кушторҳои пайдарпай дар он шабу рӯз тарсу ҳарос ва нигаронии сокинонро ба вуҷуд овард. Соли равон мақомот дар иртибот ба ин кушторҳо 4 касро ба ҳукми абад маҳкум карданд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар имсол дар нишасти хабарӣ гуфт, ки кушторҳои пурсарусадо дар Конибодом бо мақсади ғоратгарӣ ва тасарруфи молу амвол содир шуда, “ягона мақсади гунаҳкорон ба даст овардани маблағ буд”.

Дар бораи силсилаи кушторҳо дар Конибодом муфассал дар маводи “Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?” метавонед мутолиа кунед.

Дар ҷаласаи Шӯро, инчунин даст ба ҷиноят задани онҳое, ки қаблан барои одамкушӣ зиндонӣ шуда буданд, мавриди таҳлил қарор гирифта, таъкид шудааст, ки рафтори минбаъдаи собиқ маҳкумшудагон назорат карда шавад.

Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамзамон роҳбари Шуро мебошад, гуфтааст, ки ҳадафи зери назорат қарор додани рафтори минбаъдаи собиқ маҳкумшудагон, ба ҷамъият ва зиндагии маъмулӣ баргардонидан ва реинтегратсияи иҷтимоии онҳо мебошад.

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои дахлдор супориш додааст, ки қатлҳоро пешгирӣ, ошкор ва тафтиш карда, ҳамчунин кори гурӯҳҳои тафтишотӣ-фаврии додситонии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин самт беҳтар карда шавад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 адад кам мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...