ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 1 СЕНТЯБР
– Имрӯз дар Тоҷикистон ва аксари кишварҳои дигар соли нави таҳсили 2025-2026 оғоз мегардад. Ҳамасола, дар ин рӯз, дар кишвари мо “Дарси сулҳ” баргузор мешуд, аммо имсол он ду рӯз пештар, 30-юми август доир гардид.
– Имрӯз дар шаҳри Тянҷини Чин, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ қарор дорад, дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок карда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
– Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро боздид кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 СЕНТЯБР
Соли 1930 – Дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) аввалин мактаби даҳсолаи русӣ ифтитоҳ гардид.
Соли 1931 – Дар Душанбе нахустин муассисаи олии кишвар – Институти педагогӣ (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) таъсис ёфт.
Соли 1931 – Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) ифтитоҳ гардид.
Соли 1932 – Институти давлатии педагогии Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) кушода шуд.
Соли 1939 – Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино) таъсис ёфт.
Соли 1948 – Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ифтитоҳ гардид.
Соли 1956 – Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осими) таъсис ёфт.
Соли 1971 – Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов) ифтитоҳ гардид.
Соли 1973 – Институти давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) таъсис ёфт.
Соли 1992 – Дар заминаи мактаби миёнаи №74-и Душанбе аввалин гимназия дар кишвар таъсис ёфт.
Соли 1996 – Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таъсис ёфт.
Соли 1996 – Шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.
Соли 1997 – Аввалин мактаби байналмилалӣ дар Душанбе кушода шуд.
Соли 2011 – Ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон барои узвият дар гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев, полковники исёнгар 16 сол равонаи зиндон шуданд.
Соли 2012 – Дар Душанбе нахустин Мактаби байналмилалии президентӣ ифтитоҳ ёфт.
Соли 2015 – Литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар Тоҷикистон баста шуда, ба ҷои онҳо “Мактабҳо барои хонандагони болаёқат” пайдо шуданд.
Соли 2015 – Як сайёраи хурд дар системаи офтобӣ ба номи Тоҷикистон гузошта шуд.
Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он бесарнишин (дронҳо), ки дар қаламрави кишвар истифода мешаванд, бояд расман сабт шаванд.
Соли 2020 – Низоми “Равзанаи ягона” барои расмиёти содирот, воридот ва транзит ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2024 – Дар 140 мактаби Тоҷикистон ба таври озмоиши низоми баҳогузории 10-холӣ барои хонандагон ҷорӣ карда шуд.
Соли 2024 – Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи истифодаи мактаббачагон барои пешвоз ё истиқболи мансабдорони давлатӣ шадидан интиқод кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1911 – Зодрӯзи Сотим Улуғзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон.
Устод Улуғзода пас аз устод Айнӣ адиби соҳибқаламе ба ҳисоб меравад, ки ба қаҳрамонҳои таърихии халқи тоҷик дар адабиёт умри абадӣ бахшид. Ӯ бисёр асарҳои мондагор эҷод кардааст, амсоли “Ривояти суғдӣ”, “Восеъ”, “Фирдавсӣ”, “Марги Ҳофиз” ва “Қисмати шоир”. Романи “Фирдавсӣ” соли 1997 дар Эрон “Романи сол” эълон шуд.
Сотим Улуғзода ҳамчунин, тарҷумони хубӣ замони худ буд. Ӯ асарҳои ҷаҳониро ба забони содаву равони тоҷикӣ баргардон кардааст, ки ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик мебошанд. “Ғурмагас”, “Ҳаёт даъват мекунад”, “Гунаҳгорони бегуноҳ” ва “Дон Кихот” аз амсоли онҳост.
Соли 1967 Азиз Улуғзода, писари Сотим Улуғзода аз Бритониёи Кабир паногоҳи сиёсӣ хоста, ба хориҷа муҳоҷират кард. Баъди ин ҳодиса, Сотим Улуғзода мавриди таъқиби шадиди ҳукумати Шӯравӣ қарор гирифт. Нашру тадриси китобҳояш манъ гардид.
Солҳои 80-ум вазъи сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ тағйир ёфт ва Сотим Улуғзода ба адабиёт бо асарҳои тозааш баргашт, аммо таъқиби шадиди низоми Шӯравӣ барояш гарон афтод.
Ӯ соли 1997 дар Маскав даргузашт ва ҷасади ӯ ба кишвар оварда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.
Соли 1920 – Мавлуди Муҳаммад Осимӣ, донишманди шинохта, академики тоҷик, президенти пешини Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Муҳаммад Осимӣ ҳамчун файласуф натанҳо дар рушди ин илм дар Тоҷикистон саҳм гузошт, ҳамчунин ба донишмандони дигар имкон фароҳам овард, то дастовардҳои худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.
Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи Самарқанд дар соли 1941, муддате дар мактабҳои олии Тоҷикистон кор кардааст. Як муддат бо кори сиёсӣ ва давлатӣ низ шуғл варзид.
Солҳои 1946-1952 мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, муовини директори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, солҳои 1956-1962 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 1962 вазири маорифи халқи Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Солҳои 1962-1965 ба ҳайси раиси Кумитаи назорати ҳизбию давлатӣ, котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст.
Осимӣ беш аз бист сол, аз соли 1965 то 1988, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ҳамзамон солҳои 1991-1996 вазифаи раиси Ҷамъияти “Пайванд”-ро бар дӯш дошт.
Охирҳои солҳои 80 ва ибтидои 90-уми асри XX дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфтааст. Зери роҳбариаш шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.
Ӯ инчунин, солҳо Маркази пажӯҳиши тамаддун ва фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказиро дар ЮНЕСКО сарварӣ мекард. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Осимӣ аз аввалин касоне буд, ки хостори ислоҳот дар илми тоҷик, аз ҷумла бознависии таърихи тоҷикон шуд.
Самтҳои асосии фаъолияти илмии академик Осимӣ фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафа, илм, забон, адабиёт мебошад. Таълифоти ӯро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлӯҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ фарогир мебошанд.
Академик Осимиро афроди мусаллаҳ соли 1996 дар 76-солагиаш дар шаҳри Душанбе ба қатл расониданд.
Хотироти Абдунабӣ Сатторзода, яке аз донишамдони Тоҷикистон ва профессори тоҷикро дар бораи Муҳаммад Осимӣ дар мақолаи "Қатли Муҳаммад Осимӣ зарбаи сахте ба раванди ташаккули миллати тоҷик буд" хонед.
Соли 1925 – Зодрӯзи Юсуф Акрамов, хокшинос, доктори илмҳои кишоварзӣ.
Соли 1946 – Зодрӯзи Намоз Ҳотамов, муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих.
Намоз Ҳотамов хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар ин боргоҳи илм оғоз намуда, солҳо ҳамчун ассистент, устоди калон ва дотсент кор кардааст. Соли 1980 ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ даъват шуда, то соли 1995 ба сифати ходими калони илмӣ ва сарходими шуъбаи таърихи навини пажуҳишгоҳ фаъолият намуд. Соли 1991 ба унвони профессор мушарраф шуда, солҳои 2001-2013 ба ҳайси профессори кафедраи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс мегуфт.
Намоз Ҳотамов муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаҳои илмӣ буда, барои донишҷӯён ва хоннадагони мактаб китобзои дарсӣ навиштааст. Аз ҷумла, китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик барои синфи 9”-ро ӯ навиштааст. Ӯ ҳамчунин яке аз муаллифони маҷмӯаи илмии бисёрҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” аст, ки аз 12 ҷилд иборат мебошад.
Соли 1946 – Мавлуди Ҳалим Ёров, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Соли 1949 – Зодрӯзи Мирзо Шукурзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон.
Мирзо Шукурзода хатмкардаи бахши рӯзноманигории факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, солҳо дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, интишороти “Адиб” ба фаъолияти журналистӣ ва адабӣ машғул буд.
Муаллифи очерку мақолаву қиссаҳои “Баҳодури Дилварзин”, “Ситораҳои рахшанда”, “Теғи ҷонбахш” аст.
Зиёда аз 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ, аз ҷумла “Тоҷикон дар масири таърих”, “Кӯҳкане аз користони дил”, “Парниёну ҳариру абрешим” (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ), “Ҷонпайванд” , “Тоҷикон дар қаламрави Ориёно” (30 мақола роҷеъ ба тоҷикон ва таъриху фарҳанги онон), “Ашки сари мижгони ман”, “Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон”, “Себи Самарқанд”, “Ҳамосаи родмардони Хуросон”, “Кимиёгари дурри дарӣ”, “Размоварони Ҳиндукуш” ва “Тӯшаи умри падар” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Шукурзода 18-уми октябри соли 2024 дар синни 75 даргузашт. Таассуфи зиёиёни тоҷикро дар робита ба марг ва нақши Мирзо Шукурзода дар аабиёти тоҷик дар мақолаи "Тани танҳо кори Академия ва Иттифоқи нависандагонро анҷом дод”. Зиёиёни тоҷику форс аз Мирзо Шукурзода ёд карданд" хонед.
Соли 1949 – Мавлуди Абдураҳмон Расулӣ, рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумони тоҷик.
Соли 1958 – Мавлуди Сафрон Ёдгорова, раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1979– Зодрӯзи Вафо Ниятбекзода, сафири ҳозираи Тоҷикистон дар Туркманистон.
Соли 1991 – Фотеҳ Ниёзӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистони шуравӣ дар 77-солагӣ аз олам чашм баст.
Фотеҳ Ниёзӣ яке аз нависандагони забардасти тоҷик буда, соли 1934 ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) омадааст. Ӯ дар рӯзномаҳои “Барои маорифи коммунистӣ” (баъд – “Газетаи муаллимон”, ҳоло “Омӯзгор”), “Тоҷикистони Сурх” фаъолият кардааст.
Моҳи декабри соли 1941 ихтиёран ба Ҷанги бузурги Ватанӣ рафта ва маҳз ширкаташ сабаб шуд, ки чанд асар дар ин мавзуъ таълиф кунад.
Махсусан, романи аввалини ӯ “Вафо”, ки ба форсӣ баргардон ва русӣ тарҷума шудааст, воқеаҳои солҳои ҷангро дар бар мегирад. Баъдан қиссаҳои “Димаи диловар”, “Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг”, “Духтари ҳамсоя” ба табъ расиданд. Романҳои ӯ “Ҳар беша гумон мабар, ки холист….”, “Сарбозони бесилоҳ” тасвири манозири ҷангро идома додаанд.
Драмаи “Кӯпрук” аз тарафи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ борҳо пешкаши тамошобинон гардидааст. Дар асоси филмномаҳояш филмҳои ҳунарии “Духтари сеюм”, “Оилаи Ғаюровҳо” ба саҳна омадаанд.
Фотеҳ Ниёзӣ 1-уми сентябри соли 1991 дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2003 – Муборакшо Ҷумъаев, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 75 солагӣ даргузашт.
Соли 2014– Даврон Алиматов, ҳунарпеша ва сарояндаи тоҷик дар 71-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 2020 – Мавлуда Обидова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
1-уми сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар замони Шӯравӣ расман бо қарори Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 15-уми июни соли 1984 таъсис ёфт. Баъд аз соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон низ идомаи ин анъанаро нигоҳ дошт ва онро ба яке аз рӯйдодҳои муҳим табдил дод.
Рӯзи дониш дар Тоҷикистон рамзи оғози таҳсил, эҳтиром ба омӯзгорон ва арҷгузорӣ ба илму маърифат мебошад.
1-уми сентябр – Рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон аст. Рӯзи 31-уми августи соли 1991 дар Тошканд Иҷлосияи ғайринавбатии 7-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон эълон карда шуд. Изҳороти Шӯрои Олӣ дар бораи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ қабул гардида, бо қарори дахлдор 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи истиқлолият тасдиқ карда шуд.
1-уми сентябри соли 2004 гурӯҳи зиёда аз 30 террорист таҳти роҳбарии Расул Хачбаров мактаби №1 шаҳри Беслани Осетияи Шимолиро ишғол намуд. Дар саҳни мактаб дар он лаҳза маросими тантанавии оғози соли нави таҳсил идома дошт. Террористон бо истифода аз силоҳ ва минагузорӣ зиёда аз 1100 хонанда, падару модар ва омӯзгорро гаравгон гирифтанд.
Пас аз се рӯз, 3 сентябр, ҳангоми кӯшиши озодсозии гаравгонҳо таркиш ва тирпарронӣ ба амал омад. Дар натиҷа 334 нафар кушта шуданд, ки беш аз нисфи онҳо кӯдакон буданд. Садҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса яке аз фоҷиабортарин амалҳои террористӣ дар қаламрави Русия ба шумор меравад.
Масъулияти ҳамларо Шамил Басаев, яке аз роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи чеченӣ ба зимма гирифт. Фоҷеаи Беслан то имрӯз ҳамчун рамзи ваҳшонияти терроризм дар хотираи мардуми ҷаҳон боқӣ мондааст.
Рӯзи 1-уми сентябри соли 1939 иғвои Глейвитс ба амал омад, ки он барои ҳамлаи Олмон ба Полша, ки оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд, баҳона шуд.
Қабл аз ин, Вячеславом Молотов, вазири мардумии корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ бо Иоахимом фон Риббентропом, вазири корҳои хорҷиии Олмон паймони ҳамла накардан ба Иттиҳоди Шӯравиро имзо карда буданд ва Гитлер ҳам ба Сталин иҷрои ин санадро ваъда дода буд.
Рӯзи 3-юми сентябр Англия ва Фаронса ба муқобили Олмон ҷанг эълон карданд. Зеро онҳо аз рӯи уҳдадориҳои иттифоқӣ, бо Полша, ки ба таҷовуз дучор шуда буд, аҳд баста буданд.
Субҳи якшанбеи рӯзи 22-юми июни соли 1941 Олмон шартномаи ҳуҷум накарданро дағалона вайрон карда, ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард ва бо ҳамин, Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд.
Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҷанги байни ду эътилофи ҷаҳонии низомӣ ва сиёсӣ буд, ки бузургтарин задухӯрди мусаллаҳона дар таърихи инсоният гардид. Дар он 62 кишвар аз 73 давлати мавҷудбуда – 80 фоизи аҳолии кураи замин иштирок доштанд.
Задухурдҳо дар минтақаи Аврупо Осиё, Африқо ва обҳои ҳамаи уқёнусҳо идома дошт. Шумораи кишварҳои иштирокчӣ дар давоми ҷанг тағйир ёфт. Баъзеҳо дар амалиёт, фаъолона меҷангиданд, баъзеи дигар ба иттифоқчиёни худ бо маводи озуқа ёрӣ мерасонданд ва бисёриҳо дар ҷанг танҳо бо ном иштирок доштанд.
Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ 2 сентябри соли 1945 ба охир расид. Дар ҳамин рӯз санади таслими Ҷопон ба имзо расид. Дар натиҷаи ин ҷанг даҳҳо миллион одам ҳалок гардиданд.
1-уми сентябри соли 1919 дар Маскав Мактаби давлатии кинематография таъсис ёфт. Ин муассиса аввал ҳамчун мактаби миёнаи махсус фаъолият мекард, вале тадриҷан рушд ёфта, соли 1930 ба Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематография (ВГИК) табдил дода шуд.
Он яке аз қадимтарин ва маъруфтарин муассисаҳои олии ҷаҳон дар соҳаи синамо ва телевизион ба шумор меравад. Дар ин донишкада ҳунармандону коргардонҳои маъруфи синамои тоҷик низ таҳсил кардаанд.
Соли 1964 дар телевизиони марказии Иттиҳоди шуравӣ аввалин бор барномаи кӯдаконаи “Шаб ба хайр, кӯдакон!” пахш гардид. Барнома дар шакли намоиши як афсона пешбинӣ шуда буд, то кӯдакон пеш аз хоб қиссаҳои ҷолиб ва тасвири қаҳрамонҳои дӯстдоштаи худро бубинанд.
Дар аввал барнома бо иштироки ровиён ва бо истифода аз филмҳои кӯтоҳ омода мешуд. Хусусияти фарқкунандаи он суруди “Хоб рафтаанд бозичаҳо” буд, ки мусиқияшро Аркадий Островский ва матнашро Зоя Петрова навишта буданд. Ин суруд зуд ба рамзи барнома табдил ёфт.
Бо гузашти вақт дар барнома қаҳрамонҳои машҳури аниматсионӣ ба саҳна омаданд: Филя, Хрюша, Каркуша ва Степашка. Ин барнома то ҳол ҳамчун яке аз қадимтарин барномаҳои телевизионии кӯдакона фаъолият мекунад.
Соли 1902 дар Фаронса нахустин филми илмӣ-фантастикӣ бо номи “Сафар ба Моҳ» (Le Voyage dans la Lune) намоиш дода шуд. Филм аз ҷониби коргардо Жорж Мелес аз рӯйи асарҳои Жюл Верн офарида шуд.
Филм ҳамагӣ 21 дақиқа давом мекард, вале барои замони худ воқеан инқилобӣ буд. Сужа ба гурӯҳи олимон ва астрономҳо бахшида шудааст, ки ба Моҳ сафар мекунанд. Яке аз саҳнаҳои машҳури филм ин расидани ракета ба чашми Моҳ аст, ки то имрӯз рамзи синамои классикӣ боқӣ мондааст.
Мелес дар ин филм нахустин маротиба аз усулҳои махсуси тасвирбардорӣ ва танзим истифода бурд. Бо ҳамин, ӯ асосгузори жанри кинофантастика ва филмҳои эффектӣ ба шумор меравад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 1 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва граду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 29+31º гарм.


