Тирамоҳ дар вақташ меояд. Ҳавои Тоҷикистон дар моҳи сентябр чӣ гуна мешавад?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҳаво дар моҳи сентябр дар Тоҷикистон гарми муътадил пешгӯӣ шуда, каме салқинтар мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорати миёнаи моҳона дар аксари минтақаҳо ба меъёри иқлимӣ мутобиқ ё 1 дараҷа поинтар аз он хоҳад буд. Дар нимаи дуюми моҳ, боришоти начандон зиёди боронҳо ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.

 

Вилояти Хатлон ва водиҳои шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ

Ҳарорати миёна дар водиҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) 22-24 дараҷа, дар доманакӯҳҳо 17-18 дараҷа (меъёр, мутаносибан 23-25 ва 18-10 дараҷа) гарм мешавад.

Аввали моҳ дар водиҳо рӯзона 31-36 дараҷа, шабона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Охири моҳи сентябр ҳарорат рӯзона то 19-24 дараҷа ва шабона – 9-14 дараҷа поин меравад.

Дар доманакӯҳҳо ҳарорат рӯзона 24-29 дараҷа ва шабона 12-17 дараҷа гарм шуда, охири моҳ мутаносибан то 13-18 дараҷа ва 6-11 дараҷа гарм паст мешавад.

Боришот баъзан дар ҳудуди меъёр (дар водиҳо – 0,5-5 мм, дар доманакӯҳҳо – 6-21 мм) ва пасттар аз меъёр дар назар аст. Боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ бештар дар охири моҳ эҳтимол доранд. Баъзан суръати шамол аз самти ғарб то 15-20 м/сония бо чангу ғубор ва туман пешбинӣ мешавад.

 

Вилояти Суғд

Ҳарорати миёна дар водиҳои вилояти Суғд 19-21 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 10-13 дараҷа гарм (меъёр, мутаносибан 20-21 ва 9-12 дараҷа) мешавад.

Давоми моҳ, ҳарорат дар водиҳо тадриҷан поин меравад: рӯзона аз 29-34 то 20-25 дараҷа ва шабона аз 13-18 то 8-13 дараҷа.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ҳарорат рӯзона аз 21-26 то 13-18 дараҷа ва шабона аз 6-11 то 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои ҷудогона поинравии ҳарорат то -2+3 пешбинӣ шудааст.

Миқдори боришоти моҳона паст ва баъзан зиёдтар аз меъёр (меъёр: 2,5-8,1 мм дар водиҳо, 5,3-11,2 мм дар кӯҳҳо) пешбинӣ шудааст. Боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ бештар дар нимаи дуюми моҳ дар назар аст. Суръати шамол баъзан то 15-20 м/сония пурзӯр мешавад.

 

Ноҳияҳои кӯҳии шаҳру навоҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳона дар ноҳияҳои кӯҳии шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ва ғарби ВМКБ дар сатҳи +13-18 дараҷа гарм (меъёр: 14-19) дар назар аст.

Дар даҳаи аввали моҳ, рӯзона ҳарорати 27-32 дараҷа ва шабона 12-17 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Дар даҳаи дуюм ва сеюм, ҳарорат рӯзона то 15-20 дараҷа ва шабона то 3-8 дараҷа поин меравад.

Дар ин даҳаҳо, боришот дар назар буда, миқдори онҳо паст ва баъзан зиёдтар аз меъёр мешавад (меъёр: 5-19 мм дар ноҳияҳои кӯҳии ШНТМ, 1-6 мм дар ғарби ВМКБ). Шамол аз самти ғарб баъзан то 13-18 м/сония мевазад.

 

Ноҳияҳои шарқи ВМКБ

Дар ин ҷо ҳарорати миёнаи моҳона 1 дараҷа баландтар аз меъёр – 5-8 дараҷа гарм (меъёр: 4-7 дараҷа) пешбинӣ мешавад.

Аввали моҳ ҳарорат рӯзона 13-18 дараҷа гарм шуда, охири моҳи сентябр ҳарорат поин меравад: рӯзона – то 6-11 дараҷа гарм, шабона то 2-7 дараҷа хунук.

Миқдори боршоти моҳона дар ҳудуди меъёр ва баландтар аз он (2,5-5,6 мм) дар назар аст. Боришот асосан дар нимаи дуюми моҳ пешбинӣ шудааст.

Ба сурати умум, моҳи сентябр дар Тоҷикистон аз аломатҳои фарорасии фасли тирамоҳ, яъне оғози нисбатан гарм ва охири салқинтар гувоҳӣ медиҳад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...