Зиёда аз 200 ширкат аз 20 кишвар. Киҳо ба “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2025” меоянд?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар доираи "Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ – 2025" (DITE-2025) дар Душанбе, Форуми сармоягузории байналмилалӣ ба бахши сайёҳӣ доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Форум таҳти унвони “Тағйирёбии иқтисод тавассути сармоягузориҳои стратегӣ ба сайёҳӣ” зиёда аз 200  иштирокчӣ бо шумули коршиносону роҳбарони мақомоти сайёҳӣ, инчунин намояндагони ширкатҳои пешрафтаи сайёҳӣ ва сармоягузоронро гирдиҳам меорад. Дар назар аст, ки дар форум масоили муҳими марбут ба рушди бахши сайёҳӣ, ҳамчунин дарнамои ҷалби сармоягузорӣ ба зерсохтори сайёҳӣ баррасӣ шавад.

Маросими ифтитоҳи форум 17-уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ дар Душанбе доир гардида, дар доираи он машғулиятҳои гуногуни дарси маҳорат ва маросимҳои рӯнамоӣ аз ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Киҳо дар намоишгоҳи DITE-2025 иштирок мекунанд?

Намоишгоҳи дуюми байнулмилалии сайёҳӣ аз 18 то 20-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир гардида, яке аз рӯйдодҳои бузургмиқёси сатҳи минтақавӣ хоҳад шуд.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 200 ширкату ташкилот аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ки самтҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ,  ҷумла тиҷорат дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо, сайёҳии фарҳангӣ ва тиббиро намояндагӣ мекунанд, ширкат меварзанд.

Интизор меравад, намояндагони Чин, Туркия, Русия, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок кунанд. Боздиди беш аз 400 меҳмон аз кишварҳои гуногун аз намоишгоҳ дар назар буда, онҳо бо лоиҳаҳои нав шинос ва ба роҳандозии робитаҳои корӣ бо шарикон аз Тоҷикистон талош меварзанд.

Ширкатҳои пешрафтаи сайёҳӣ, шабакаи меҳмонхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ аз ҷумлаи иштирокчииёни намоишгоҳ мебошанд. Бояд гуфт, ки баргузории чорабиниҳои намоишгоҳро шуъбаи рушди сайёҳии шаҳрдории Душанбе танзим мекунад.

 

Ҳадаф ва вазифаҳои намоишгоҳ

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ гуфтанд, ки рушди бахши сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба ин соҳа аз ҳадафҳои аслии намоишгоҳ маҳсуб меёбанд. Намоишгоҳ барои инъикоси имконоти фарҳангӣ, табиӣ ва таърихии Тоҷикистон, инчунин табодули таҷриба дар бахши сайёҳӣ ва беҳбуди сифати хидматрасониҳо заминаи хубе хоҳад буд.

Машғулиятҳои таълимӣ, аз қабили тренингу семинарҳо оид ба хидматрасонӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо, инчунин роҳандозии сайру саёҳатҳои шиносоӣ (экскурсионӣ) қисмати муҳими барнома мебошанд. Ин машғулиятҳо ба мутахассисони маҳаллӣ барои такмили ихтисос ва таъмини меъёрҳои баланди хидматрасонӣ барои сайёҳон кумак мекунанд.

 

Дигар чорабиниҳо

Дар чаҳорчӯби намоишгоҳ, ҳамчунин вохӯриҳо дар қолаби В2В пешбинӣ шудааст, ки ба иштирокчиён ҷиҳати роҳандозии робитаҳои мустақими корӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ имкон медиҳад. Дар ҷараёни он маросимҳои рӯнамоии лоиҳа ва стратегияҳои нав оид ба рушди зерсохтори сайёҳии Тоҷикистон, инчунин беҳбуди сифати хидматрасониҳо ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар назар аст.

Ғайр аз ин, пас аз анҷоми кори форум, ба иштирокчиён сайругашт дар Душанбе пешниҳод мешавад, то ки онҳо бо иншооти сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихии пойтахт аз наздик шинос шаванд.

Намоишгоҳ на танҳо як макон барои табодули таҷриба, балки майдоне хоҳад буд баҳри таҳкими робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва шарикони байнулмилалӣ.

 

Дурнамо барои Тоҷикистон

Дар Стратегияи рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон "Намоишгоҳи дуюми байнулмилалии сайёҳӣ" ҷойгоҳи хос дорад. Дар соли 2025 ин чорабинӣ рисолати худро дар ҷалби таваҷҷуҳ ба осору ёдгориҳои нодири фарҳангӣ ва табиии кишвар, беҳбуди зерсохтор ва густариши робитаҳои шарикӣ дар бахши сайёҳӣ идома медиҳад.

 

Таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон зиёд мешавад

Пас аз намоишгоҳи якуми "DITE-2024", дар назар аст, ки соли 2025 таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ба сифати самти сайёҳӣ идома ёбад. Иштирок лар намоишгоҳ ва кори форум ба ширкатҳо ҷиҳати тавсеъаи тиҷорат ва ба Тоҷикистон барои шинохти бештар дар арсаи байналмилалӣ имконоти нав муҳайё месозад.

Чорабинӣ бо саҳми ширкати сайёҳии “Сомон Трэвел” дар ҳамдастӣ бо шаҳрдории Душанбе, инчунин Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...