Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон ба таври назаррас поин рафт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми як ҳафтаи ахир, нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и пойтахти Тоҷикистон ба андозаи 4% – аз 4 сомониву 80 дирам-4сомониву 90 дирам  барои 1 литр дар охири ҳафтаи гузашта то ба 4 сомониву 60 дирам-4 сомониву 70 дирам дар имрӯз, 2 сентябр поин рафт.

Арзиши сӯзишворӣ маъмулан ба макони ҷойгиршавии НФС ва сатҳи хидматрасонӣ вобаста аст. Фарқияти нарх дар шаҳр ба ҳисоби миёна ҳудуди 10 дирам аст.

Ба ин тариқ, аз оғози сол нархи чаканаи 1 литр гази моеъ дар Душанбе қариб 40% – аз 7 сомониву 50 дирам дар моҳи январ то 4 сомониву 60 дирам дар имрӯз поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти омори расмӣ, давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ин навъи сӯзишворӣ ба андозаи 28,2%, аз ҷумла танҳо дар моҳи июл – 11,4% арзон шуд.

Бояд гуфт, ки тайи даҳсолаи ахир ба туфайли нисбатан арзон будан, гази моеъ навъи асосии сӯзишворӣ барои автомашинаҳо дар кишвар боқӣ монда буд, зеро дар аввали солҳои 2010-ум дар пасманзари болоравии нархҳо ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка), ронандагони автомашинаҳо тадриҷан ба истифодаи газ гузаштанд.

Аллакай дар нимаи солҳои 2010-ум тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 60%-и воситаҳои нақлиёти автомбилӣ дар ҷумҳурӣ гази моеъро истифода мебурданд.

Аммо солҳои охир бахусус дар пойтахт зиёдшавии шумори мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) ба мушоҳида мерасад. Ин ба камшавии талабот ба навъҳои маъмулии сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъ оварда расонид.

Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёт, соли 2024 ба Тоҷикистон ҳудуди 18 ҳазор адад ва дар зарфи 5 моҳи соли 2025 – қариб 13 ҳазор адад электромобилҳо ворид карда шуданд. Шумори умумии электромобилҳои то 1 июни соли 2025 зиёда аз 34 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддинҳисорӣ, нимаи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки 18,5 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Зиёда аз 53% аз ин ҳаҷми воридот ба ҳиссаи Русия ва ҳудуди 47% – ба Қазоқистон рост меояд.

Ба воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ дар ин давра 15 ширкат машғул будаанд, ки ҳиссаи зиёдтараш миёни онҳо ба ширкатҳои зерин рост меояд:     

– ҶДММ "Темур Ойл" – 27,8%;

– "Аллат" – 15,1%;

– ҶДММ "Газпромнефт Тоҷикистон" – 9,6%;

– ҶДММ "Ирис" – 7,8%;

– ҶДММ "Баҳор" – 7,2%;

– ҶДММ "Каёнуш таъминот" – 5,6%;

– ҶДММ "Октан сервис" – 5,5%;

– ҶДММ "Ҳабиб Ойл" – 5,0%»;

– ҶДММ "Мабдаи Нур" – 3,7%;

– ва дигар субъектҳо – 12,6%.

Дар Тоҷикистон сари чанд вақт нархи сӯзишворӣ, махсусан гази моеъ ва бензин боло меравад ва мутаносибан нархи роҳкиро ва хидматрасонии дигар низ гарон мешавад. Вале баъди чанд вақт, замоне ки нархи сӯзишворӣ поин мешавад, нархи роҳкиро ва дигар хидматраосниҳо бетағйир боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...