ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 3 СЕНТЯБР
Имрӯз дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола оғоз мешавад. Он аз 3 то 9-уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон давом мекунад.
Барои роҳхат ба қисми ниҳоӣ тимҳои Тоҷикистон, Сурия, Филиппин ва Непал мубориза мебаранд.
Имрӯз, соати 18:00 Сурия ва Филиппин ва соати 21:00: Тоҷикистон ва Непал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе бо ҳам рақобат мекунанд. Ғолибони гурӯҳ ва чор дастаи беҳтарин аз ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоӣ, ки моҳи январ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
– Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро боздид кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 3 СЕНТЯБР
Соли 1924 – Ҳавонавардии Тоҷикистон таъсис ёфт.
3-юми сентябри соли 1924 нахустин парвози ҳавопаймо ба Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҳамин рӯз ҳавопаймои Юнкерс Ю-13 дар хатсайри Бухоро-Душанбе парвоз анҷом дод. Маҳз ҳамин сана дар таърих ҳамчун рӯзи таъсиси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон сабт гардидааст.
Баъди се сол – соли 1927 алоқаи мунтазами ҳавоӣ дар хатсайри Тошканд–Самарқанд–Тирмиз–Душанбе кушода шуд.
Ҷолиб он аст, ки дар Душанбе парвозҳои ҳавоӣ ду сол пеш аз роҳҳои автомобилгард ва панҷ сол пеш аз роҳи оҳан ба роҳ монда шуда буданд.
Аввалин фурудгоҳи Душанбе соли 1924 дар маҳалле сохта шуд, ки имрӯз бинои ТВ “Сафина” қарор дорад.
Соли 1933 – Кӯҳнавардон бори аввал қуллаи баландтарини Иттиҳоди Шӯравӣ – Сталинро, ки имрӯз Исмоили Сомонӣ ном дорад, фатҳ карданд.
Соли 2001 – Дар қаламрави кишвар тангаҳои металлии арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50 дирам ба муомилот ворид карда шуданд.
Соли 2005 – Шабакаи телевизионии “Сафина” ба пахши барномаҳо оғоз кард.
Соли 2010 – Эмомалӣ Раҳмон фурудгоҳи Айниро, ки ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, ифтитоҳ намуд.
Соли 2014 – Дар пойтахт терминали нави фурудгоҳ ифтитоҳ ёфт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1925 – Мавлуди Шоиста Муллоҷонова, овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.
Шоиста Муллоҷонова яке аз чеҳраҳои мондагори фарҳанг ва санъати тоҷик аст, ки номи ӯ бо ҷаҳони мусиқии тоҷик, хусусан бо шашмақом ва опера пайванди ҷудонопазир дорад.
Ӯ аз овони ҷавонӣ истеъдоди бузурги мусиқӣ дошт ва ҳамагӣ 16-сола буд, ки ба ҳайси овозхон дар гурӯҳи рубобнавозони Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз кард.
Солҳои 1944–1958 саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ макони асосии ҳунарнамоии ӯ буд. Дар ин давра нақшҳои зиёд ва хотирмоне офарид, аз ҷумла, Маҳин (“Тоҳир ва Зуҳра”, А. Ленский), Гулизор (“Шӯриши Восеъ”, С. Баласанян), Марфа (“Невестаи шоҳ”), Гулчеҳра (“Аршин мал алан”, У. Ҳоҷибеков) ва ғайра.
Аз соли 1958 фаъолияти ӯ бештар ба ҳайси яккасарои Филармонияи давлатии Тоҷикистон идома ёфт. Ҳунари нотакрори ӯ ӯро ба сафарҳои байналмилалӣ бурд ва бо барномаҳои гуногун ба кишварҳои Ҳиндустон, Индонезия, Финландия, Фаронса, Юнон, Нидерланд, Дания, Таиланд, Исроил ва дигар мамолик рафт.
Баъд аз соли 1991, бо хонаводааш ба Амрико кӯч баст.
Ӯ 26 июни соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 84-солагӣ даргузашт.
Соли 1929 – Зодрӯзи Минҳоҷ Ғуломов, равонпизишк, доктори илми тиб, профессор.
Минҳоҷ Ғуломов яке аз бузургтарин равонпизишкон ва олимони тибби Тоҷикистон буд, ки бо фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва саҳмаш дар рушди равонпизишкӣ дар кишвар ва берун аз он ба ёдгор мондааст.
Ӯ соли 1952 факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И.П. Павловро хатм карда, солҳои 1952–1954 ординатор дар Институти психиатрияи назди Вазорати тандурустӣ, солҳо 1954–1957 аспиранти Институти умумииттифоқии тадқиқотии илмии психиатрияи умумисудии ба номи В.П. Сербский (Маскав), 1957–1960 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия ва аз 1974 то 1996 ноиби ректори ҳамин донишгоҳ буд.
Минҳоҷ Ғуломов беш аз 40 сол Сарравонпизишки Вазорати тандурустии Тоҷикистон буд. Бо ибтикори ӯ дар кишвар нахустин марказҳои реабилитатсионии кӯдаконаи равонпизишкӣ таъсис ёфтанд.
Ӯ аз соли 1986 ҳамчун эксперти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар бахшҳои психиатрия ва наркология фаъолият дошт ва ягона намояндаи Осиёи Марказӣ дар ин мақом буд.
Муаллифи 377 асари илмӣ, аз ҷумла 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ аст.
6 майи соли 1996 академик Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи ректори ДДТТ Баширхон Исҳоқӣ дар Душанбе бераҳмона кушта шуд.
Соли 1954 – Зодрӯзи Толиббек Бухориев, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академик.
Соли 1975 – Абдулло Абдурауфов, сарояндаи операи тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистони шуравӣ.
Соли 1972 – Мавлуди Сайфуллоҳи Муллоҷон, доктори илмҳои таърих, профессор.
Сайфуллоҳи Муллоҷон олими маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих ва профессор буда, соли 1995 шуъбаи рӯзонаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих-муаллими таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм кард.
Солҳои 1995–2000 мутахассиси пешбар дар Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон буда, аз 1 октябри соли 1999 фаъолияти омӯзгориро дар ДМТ оғоз кард ва солҳо ҳамчун омӯзгор, муовини декан, мудири кафедра буд.
Ӯ профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ аст.
Сайфуллоҳи Муллоҷон муаллифи зиёда аз 180 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад ва дар конференсияҳои байналмилалӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Челябинск, Алмаато, Остона, Ашхобод, Теҳрон, Бишкек ва Нукус ширкат кардааст.
Ӯ муаллифи асарҳои “Таърихи халқи тоҷик” (2011, 2012, 2013, 2015, бо ҳаммуаллифон), “Таърихи Масъудӣ”-и Абулфазли Байҳақӣ”, “Хуросону Мовароуннаҳр аз нигоҳи ҷаҳонгардон” аст.
Сайфуллоҳи Муллоҷон ҳамчун муҳаққиқи таърихи асримиёнагӣ ва таърихи дин дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст. Ӯ андешаҳои илмии худро дар матбуот низ баён намуда, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар заминаи таърихӣ арзёбӣ мекунад.
Соли 2003 – Мавлуди Абдурозиқ, овозхон ва блогер тоҷик.
Абдурозиқ Эгамов, ки бо номи Абдурозиқ маъруф аст, овозхон, рэпсаро, блогер ва шоумени тоҷик буда, дар оилае ба дунё омадааст, ки ба арзишҳои суннатӣ пойбанданд. Дар хурдсолӣ бемор шуд ва оқибат ҷисмаш дигар рушд накард. Бо вуҷуди ин, истеъдод ва рӯҳи қавии ӯ имкон дод, ки маҳдудиятҳои ҷисмониро паси сар кунад. Абдурозиқ аввал бо сурудҳои тоҷикӣ ва ҳиндӣ шуҳрат ёфт. Ӯ бо шавқ ва истеъдоди табиӣ ба сурудхонӣ машғул мешуд ва наворҳои овозхониаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн шуданд.
Пас аз он ки овозхонии ӯ тавассути Instagram нашр гардид, ӯ таваҷҷӯҳи овозхон ва продюсери маъруф Baron-ро ҷалб кард, ки боиси оғози ҳамкориҳои ҷиддии эҷодӣ ва шуҳрати густурда гардид.
Абдурозиқ баъди нишасти матбуотӣ ва баҳсҳои шабакавӣ бо блогери маъруф Хасбуллоҳ Магомедов (Хасбик) боз ҳам машҳуртар шуд. Ин рақобати рамзӣ таваҷҷӯҳи миллионҳо бинандаро дар саросари ҷаҳон ба худ ҷалб кард.
Соли 2022 ӯ дар Ҳиндустон, бахусус дар Болливуд, фаъолияти худро густариш дода, ба сифати шоумен ва сароянда ширкат варзид.
Ғайр аз овозхонӣ, Абдурозиқ дар фазои маҷозӣ низ хеле фаъол аст. Саҳифаи ӯ дар Instagram миллионҳо мухлисро аз кишварҳои гуногун муттаҳид мекунад.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии флотҳои тиҷоратӣ Merchant Navy Day таҷлил мешавад. Ин рӯз ба ёди маллоҳон ва мардони баҳрӣ таъсис ёфта, санаи интихобшуда ба оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон рабт дорад. Маҳз 3-юми сентябри соли 1939 киштии англисии Athenia дар баҳри Атлантик ғарқ шуд ва аввалин талафоти ҷангӣ ба қайд гирифта шуд.
Имрӯз Merchant Navy Day ба таври рамзӣ дар бисёр кишварҳо ҷашн гирифта мешавад, зеро нақши нақлиёти баҳрӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъминоти молиявӣ бузург аст.
Имрӯз ҳамчунин як иди ғайрирасмии дигар – Рӯзи ҷаҳонии сохтмон ва меъмории биноҳои баландпоя ҷашн гирифта мешавад. Ин сана бо таваллуди меъмор Луис Салливан (Louis Sullivan, 1856–1924), ки “падари биноҳои осмонхарош” номида мешавад, рост меояд.
Имрӯз Skyscraper Day ҳамчун рӯзи эътирофи пешрафтҳои муҳандисӣ ва меъморӣ дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин рӯз бештар муҳандисон, меъморон ва дӯстдорони шаҳрсозӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Ҳамасола аз соли 2018 инҷониб 3-юми сентябр Рӯзи байналмилалии ҷалби истеъдодҳо (“Global Talent Acquisition Day”) таҷлил мешавад.
Ин рӯз ба мутахассисони бахши HR (идоракунии захираҳои инсонӣ) бахшида шудааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ3 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 29+31º гарм.


