Қурбонӣ барои борон. Сокинони яке аз деҳаҳои ноҳияи Ашт мегӯянд, норасоии об мушкили зиёд эҷод кардааст

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Субҳи Понғоз, деҳае дар ноҳияи Ашт, маъмулан хеле барвақт ва яксон – бо такопӯ дар атрофи об оғоз мешавад. Чун имсол дар деҳа хушксолӣ аст, сокинон барои таъмини рӯзгор аз дуриҳо бо сатил об меоранд. Обёрии замин бошад, боз ҳам душвор аст. Бархе маҳалҳо бидуни мироб (нафаре, ки масъули тақсими одилонаи об аст) мондаанду сокинон ба умеди борон қурбонӣ мекунанд. Баҳсу ҷанҷол барои об ба як ҳолати муқаррарӣ табдил ёфтааст.

Сокинон сабаби хушксолии имсоларо дар зимистону баҳори бебориш медонанд. Пайдо кардани оби ошомиданӣ осонтар аст. Дар деҳа қубурҳо кашида шуда, дар баъзе ҷойҳо оби чашма ҳам ҳаст, аммо фишори об нисбати солҳои қаблӣ паст аст. Ва ин мушкили дигарро пеш овардааст: сокинон барои пур кардани зарфи обкашонӣ вақти зиёд сарф мекунанд.

Сокинони Понғоз танҳо аз норасоии оби ошомиданӣ ранҷ намебаранд. Обёрии заминҳои кишт ҳам бинобар норасоии об душвор шудааст.

“Бори охир барои обёрии боғчаи назди ҳавлиамон 18 интизор шудем ва навбат пойидем. Ниҳоят бо баҳсу ҷанҷол ва даводав тавонистем ба боғча об орем”,- мегӯяд Саида, як сокини деҳаи Понғоз.

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд ҷӯйборҳои деҳа аз дохили ҳавлиҳо мегузаранд, вале сарфи назар аз ин, хушксолӣ ва норасоии об эҳсос мешавад. Заминҳои хушкшуда ва баргҳои зарду хазоншудаи дарахтҳо аз норасоии об гувоҳӣ медиҳанд.

Бояд гуфт, ба Понғоз об аз болои деҳа меояд, аз ин рӯ, ба қавли сокиноне, ки дар қисми болоии деҳа зиндагӣ мекунанд, он ҷо дастрасӣ ба оби полезӣ нисбатан беҳтар аст. 

Дар ҷӯйбори поёни деҳа, маҳалле, ки Саида зиндагӣ мекунад, имсол оби равон рӯзҳои башумор омадааст. Аксари чоҳҳои кофтаи сокинон низ хушк шудаанд.

Ба гуфтаи Шаҳбол, сокини дигари деҳа, имсол роҳи наҷоти аксарият ҳавзҳо буданд, вале дар хушксолӣ пур кардани онҳо низ машаққати зиёдро талаб мекунад.

“Хушбахтона, ҷӯйи “Чанбар”-и маҳаллаи мо мисли ҷӯйи “Бодомак”-и маҳаллаи ҳамсоя пурра хушк нашуд ва хушксолӣ бароямон сабуктар гузашт” – гуфт Шаҳбол.

Имсол бархе маҳаллаҳо мироб (нафаре, ки масъули тақсими одилонаи об аст) надоранд.

“Одатан, ба ҳайси мироб яке аз мардони боғайрату шуҷоатманди маҳалла интихоб мешавад. Имсол бошад, касе талабгори ин “вазифа” нашуд. Маҷбурем худамон об пайдо карда, то боғамон орем. Агар касе дар ин муддат ҷараёни обро тағйир дода, обатонро “надуздад”, донед, ки рӯзатон бисёр хуш гузашт”, – бо ханда мегӯяд Саида.

“Обдуздӣ” дарди дигари ин соли беобист. Аксаран маҳз ҳамин сабаби баҳсу ҷанҷолҳо дар сари об мешаванд.

“Ба фикрам, имсол дар деҳа аз ҳама ибораи маъмул “ҳой оба набанд” садо кардани касе аст”, – илова кард ӯ.

Ба нақли Саида, хушксолӣ ба ҳосилнокӣ таъсири зиёд надоштааст.

“Дар гармои тобистон мардум заминҳои калонро бо сатилу чалакҳо обёрӣ карда, боғҳоро аз хушкшавӣ нигоҳ доштанд. Хушбахтона, ин суд доду ҳосил имсол хуб буд”, – нақл кард ӯ.

Дар ин асно, баъзеҳо аз хушксолӣ фоида низ гирифтаанд. Сокинон мегӯянд, баъзе аз одамон омодаанд обро бо арзиши то 100 сомонӣ барои 1 соат то ҳавлӣ ё боғ оранд. Ба ҳисоби миёна, барои обёрии боғи начандон калон то 3 соат вақт меравад ва ин 300 сомонӣ аст. Барои сокинони деҳа ин пули кам нест.

“Дар қишлоқ ҳатто гӯсфандеро қурбонӣ карданд. Пас аз чанд рӯз борон борид, вале ин вазъро ҷиддан тағйир надод”, – нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Сокинони Понғоз чунин хушксолиро дар чанд соли охир дар хотир надоранд. Ба гуфтаи Саида, соли гузашта тақрибан ҳамин вақт сел омада буд. 

Хушксолӣ дар деҳаҳои дигари ноҳияи Ашт низ эҳсос мешавад. Масалан, сокинони маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон низ об надоранд. Ба хонаҳои истиқоматии ин ҷо бо реҷаи муайян об интиқол меёбад. Ба гуфтаи сокинон, дар беморхонаи марказӣ низ интиқоли об қатъ мешавад. Аммо дар деҳаи Бободархон, ки чашмаҳои зиёд дорад, хушксолӣ мисли Понғоз сахт нест. 

Сокинон умед доранд, ки соли оянда сербориш меояд ва хушксоливу беобӣ ҷузъи доимии зиндагии онҳо намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...