Таъсиси ҷумҳурии мухтор дар 70 соли пеш, эълони сиёсати “бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ”-и Горбачёв, ташаккули ҳаракатҳои истиқлолхоҳ ва зиёиёну фарҳехтагони миллӣ ва талошу муборизаи онҳо ва ниҳоят пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз муҳимтарин ҳаводис ва заминаҳое буаанд, ки Тоҷикистонро ба истиқлол расониданд.
Таърихчаи истиқлол
Расо 34 сол пеш дар ин рӯз, 9-уми сентябри соли 1991, вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷатеро бо номи “Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карданд. Ҳамин тавр, Тоҷикистон 13-умин давлат миёни 15 давлати узви Иттиҳоди Шӯравӣ шуд, ки аз ҳайати ин иттиҳод берун ва соҳибистиқлол гардид.
Пештар аз Тоҷикистон 12 ва баъди Тоҷикистон ҳам 2 давлати дигар истиқлоли худро эълон карданд. Ҳамин тавр, Иттиҳоди Шӯравӣ пас аз 70 соли зимомдорӣ, ба қавли яке аз раисҷумҳурони пешини Амрико, “бидуни шиллики як тир” пош хӯрд. Иттиҳоде, ки 70 сол бо панҷаи оҳанин ҳар гуна ҳаракати истиқлолхоҳиро саркӯб мекард. Иттиҳоде, ки дар вопасин лаҳзаҳои умраш аксари кулли сокинонаш барои бақои он раъй доданд.
Омили аслии пошхӯрии ин иттиҳод то ҳол таҳқиқ мешавад ва назарҳо ҳам оид ба он гуногун аст ва таҳлили он асли ин матлаб нест. Суоле, ки дар ин матлаб посухи он ҷуста шуд, ҳаводиси таъсиргузор ба оғози раванди истиқлолхоҳӣ аст. Яъне кадом ҳаводиси он замон сокинону нерӯҳову ҳаракатҳои сиёсии он замонро ба истиқлолхоҳӣ такон дод ва дар ниҳоят, Тоҷикистонро ба истиқлол расонид?
Нахустин замина: таъсиси ҷумҳурии мухтор
Муҳаққиқон ва таърихнигорону шоҳидони ҳаводиси солҳои охири Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба истиқлол расидани Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин ҳаводиси таъсиргузори ин раванд андешаи якранг доранд, ҳарчанд оид ба сатҳи таъсири он назарашон гуногун аст.
Профессор Сайфуллоҳи Муллоҷон, муаррихи тоҷик нахустин заминаи истиқлоли Тоҷикистонро ба таъсиси ҷумҳурии мухтор дар соли 1924 ва ба дунболи он, ба ҷумҳурии шӯравӣ табдил ёфтани он дар соли 1929 рабт медиҳад.
Ӯ далели ба ин ҳад жарф назар кардани худро, бо он шарҳ медиҳад, ки “Тоҷикистон дар ҳамон ҳудудҳое, ки ин ҷумҳурӣ таъсис ёфт ба истиқлол расид”.
Зикр кардан ба маврид аст, ки то ду соли баъди таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ҳамчун қаламрави маъмурии мухтор ҳам шинохта намешуд ва қаламрави кунуниаш маълум набуд. Баъдан, бо гузашти 7 сол аз таъсиси иттиҳод, ҳарчанд бо “табартақсим” ва аз даст додани шаҳрҳои таърихиаш буд, ҳамчун давлат ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ворид гардид ва баъди қариб 70 сол бо ҳамон қаламрав истиқлол ба даст овард.
Бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ
Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси тоҷик, ки шоҳид ва иштирокчии раванди ба истиқлол расидани Тоҷикистон буд, мегӯяд “озодиҳои нисбие, ки пас аз гармои хурушовӣ, Бозсозӣ ва Ошкорбаёнии горбачёвӣ зуҳур доштанд” яке аз заминаҳои дигари истиқлолияти Тоҷикистон буд.
Сайфуллоҳи Муллоҷон ҳам ба сиёсати бозсозии горбачёвӣ таъкид мекунад. Ӯ мегӯяд, ин худогоҳии миллии тоҷиконро бештар кард ва пешзаминаи истиқлоли сиёсӣ ёфтани Тоҷикистон гардид.
“Нашри як силсила мақолаҳо дар бораи забону таъриху фарҳанги тоҷикон, ба лигаи бартари футболи Шӯравӣ роҳ ёфтани дастаи футболи “Помир”-и Душанбе, ҳамоиши миллии мақоми давлати гирифтани забон, таъсиси созмону ҳаракатҳои миллӣ назири “Растохез”, таъсиси рӯзномаҳои мустақил, ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990, интихоботи порлумонии соли 1990, раванди ба истиқлоли сиёсӣ расидани Тоҷикистонро ҳамвор кард”, – мегӯяд Сайфуллоҳи Муллоҷон.
Сиёсати “бозсозӣ”-ро Михаил Горбачёв, аввалин ва охирин раисҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1985 эълон кард ва дар пайи он аз “ошкорбаёнӣ” дар кишвар ҳарф зад. Ин сиёсатгузорӣ боис гардид, ки масоили зиёди даҳсолаҳо пинҳонмондаву доғи миллӣ рӯ заданд ва заминае барои пайдоишу ташаккули ҳаракатҳои истиқлолхоҳ гаштанд.
Ташаккули ҳаракатҳои истиқлолхоҳ ва зиёиёни миллӣ
Абдунабӣ Сатторзода пайдоиш ва ташаккули ҳизбу ҳаракатҳои истиқлолхоҳро аз заминаи дигари истиқлоли кишвар медонад.
Дар ин раванд, ӯ нақши ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷунбишҳои мардумӣ, мисли Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ (ҳоло фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон мамнӯъ аст), маҳфили “Рӯбарӯ”, Ҷунбиши мардумии “Растохез”-ро муассир медонад.
Сайфуллоҳи Муллоҷон дар баробари ҷунбишҳову ҳаракатҳои миллӣ, ба нақши зиёии миллӣ ва талошҳои онҳо низ таъкид мекунад.
“Сарфи назар аз ҳукмронии як идеология (марксистӣ) ва тарғиби забону фарҳанги рус дар саросари қаламрави Шӯравӣ, дар дохили ҷумҳуриҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон зиёии миллӣ тавлид шуда, ташаккул ёфт”, – мегӯяд ӯ.
Ӯ мегӯяд, ҳаракати миллӣ аз солҳои 70-ум авҷ гирифта, дар илму адабиёти мо масъалаҳои забон, таърих, ойину фарҳанг матраҳ гардиданд.
“Шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Муҳаммад Осимӣ, Муъмин Қаноат, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Акбар Турсун бо навиштани китобу мақолаву суханрониҳо дар худшиносии миллии тоҷикон саҳми муносиб гузошта, ҷомеа ва мардумро барои пазируфтани истиқлоли оянда омода карданд”, – таъкид мекунад Сайфуллоҳи Муллоҷон.
Ҳаракату ҷунбишҳои мардумии истиқлолхоҳ ва зиёиёни саршинос бо тафаккури миллӣ баъдан дар баробари зимомдорони коммунист, ки то охирин лаҳза намехостанд ҳарфи онҳо шунида шавад, истод шуданд ва аввал дар қабули “Қонуни забони тоҷикӣ” ва баъдан эълони истиқлоли Тоҷикистон саҳм гузоштанд.
Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ
Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, истиқлоли кишвар ва на танҳо Тоҷикистон, балки аксар кишварҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буда, “тӯҳфае аз ғайб” буд, зеро “мунтазир набудем, ки султаи муқтадири Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин зудӣ ва бо ин суръат пош мехӯрдад”.
Сайфуллоҳи Муллоҷон ҳам фурӯпошии Шӯравиро аз заминаҳои муассири ба истиқлол расидани кишварҳои дар ҳайати онбуда медонад.
Ҳукумати Шӯравӣ бошад, ба қавли ӯ, “аз дохил бар асари сиёсатҳои нодурусти иқтисодӣ ва миллӣ ба буҳрон гирифтор шуда, давлатҳои узви иттиҳодро раҳо кард”.
Ормони соҳибистиқлолӣ
Абдунабӣ Сатторзода таъкид мекунад, ки қавмҳои эронӣ, ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон дар таърихи тӯлонии худ соҳибистиқлол буданд ва соҳибистиқлолиро дӯст медоштанд ва замоне ки аз он маҳрум мегаштанд, барои дубора ба даст овардани он мубориза мебурданд. Муборизаҳои онҳо бар зидди истилогарони хориҷӣ, монанди юнониён, арабҳо, муғулон, англис ва русҳо дар таърих маълум аст.
“Афсӯс, ки барои дубора ба даст овардани истиқлол муваффақ нагардидаанд. Аммо як нукта дар ин замина лозим ба таъкид аст, ки бо ин ҳама шикастҳои пайдарпай ҳеҷ гоҳ ормони соҳибистиқлолиро аз сар бадар накардаанд”, – мегӯяд Сатторзода.


