Ғизо, либос, хайма, ангишт… Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон кӯмак фиристод

Тоҷикистон ба сокинони аз зилзила осебдидаи Афғонистон кумаки башардӯстона равон кардааст. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дода, гуфт, корвони мошинҳои кумаки башардӯстона субҳи имрӯз, 8-уми сентябр, ба роҳ баромад. Ба гуфтаи манбаъ, “беш аз 100 мошини боркаш бо тақрибан 3000 тонна кумаки башардӯстона ба Афғонистон раҳсипор” шудаанд. “Ҳукумати Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Тоҷикистон ба сокинони аз зилзила осебдидаи Афғонистон кумаки башардӯстона равон кардааст. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дода, гуфт, корвони мошинҳои кумаки башардӯстона субҳи имрӯз, 8-уми сентябр, ба роҳ баромад.

Ба гуфтаи манбаъ, “беш аз 100 мошини боркаш бо тақрибан 3000 тонна кумаки башардӯстона ба Афғонистон раҳсипор” шудаанд.

“Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти ҳолати зарардидагон маводи ғизо, либос, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу болопӯши зимистона, оби ошомиданӣ, ангиштсанг ва дигар ашёи заруриро ҳамчун кӯмаки башардӯстона ирсол намуд”, – гуфтааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки зилзилаи шашдараҷаӣ, ки шаби 31-уми август ба 1-уми сентябр дар шарқи Афғонистон рух дод, боиси марги беш аз 2200 нафар ва захмӣ шудани ҳазорҳо тани дигар шуд.

 

Намояндагони “Толибон”* пештар гуфтанд, заминларза ба ноҳияҳои Ватапур, Манугӣ, Чапа Дара, Сукӣ ва Норгул низ хисороти ҷиддӣ расонида, биноҳои зиёдеро хароб кардааст.

Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки бо назардошти дар зери харобаҳо мондани теъдоди зиёди одамон, эҳтимоли афзоиши қурбониён вуҷуд дорад. Амалиёти наҷотдиҳӣ ба далели маҳалли душворгузар, харобии роҳҳо ва пулҳо ва қатъи шабакаҳои алоқа бо мушкилот рӯбарӯ шудааст.

Дар ҳаводиси табии солҳои гузашта кишвари мо ба мардуми Афғонистон кумакҳои башардӯстона фиристода буд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи “Толибон” тобистони соли 2021, пас аз даҳсолаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак 4 сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунад.

Тоҷикистон ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият нашинохтааст ва бо ин кишвар робитаи дипломатӣ надорад, вале бо ин вуҷуд ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ мондааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.