“Амрико моро дер огоҳ кард”. Сарвазири Қатар зарбаи Исроил ба Давҳаро шарҳ дод

Asia-Plus

Як рӯз баъди зарбари Исроил ба макони ҷамъомади роҳбарони гурӯҳи Ҳамос дар Давҳа, сарвазири Қатар онро “амали террористии давлатӣ” хонда, гуфт, кишвараш барои посухи ҳуқуқӣ омода мешавад ва ҳақи посух ба ин ҳамларо ҳифз мекунад.

Исроил 9-уми сентябр ба макони ҷамъомади роҳбарони Ҳамос, гурӯҳи фаластиние, ки дар Ғазза бо артиши Исроил меҷангад, чанд зарба зад ва гуфт, ҳамла бо Амрико, шарики роҳбурдии Қатар, ҳамоҳанг шуда буд.

Ҳамон рӯз намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қатар ҳамлаи Исроил ба қаламрави кишварашро “ҷиноят ва буздилӣ” номид.

Баъди як рӯзи ҳамла, Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, сарвазири Қатар гуфт, давлаташ дар бораи ҳамлаи Исроил аз пеш маълумот надошт ва Амрико ҳам дар бораи ҳамлаи Исроил пас аз 10 дақиқа хабар дод.

Ӯ ҳамлаи Исроил ба Давҳаро “амали террористии давлатӣ” номид ва таъкид кард, ки кишвараш барои посухи ҳуқуқӣ ба ин ҳамла гурӯҳе аз вакилони дифоро иттихоз кардааст.

“Давлати Қатар ҳаққи посух ба ин ҳамлаи Исроилро ҳифз хоҳад кард”, – зикр кардааст Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ.

Бояд гуфт, Исроил эътироф кард, ки ба Давҳа зарба задааст. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар шабакаи Х навишт, ки “амалиёт”-и имрӯза кори дасти Исроил аст.

“Исроил  ташаббус кард, Исроил татбиқ кард ва Исроил масъулиятро ба таври комил ба зимма мегирад”, – навишт Нетаняҳу.

Расонаҳои Исроил навиштанд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои зарба ба Ҳамос дар Қатар “чароғи сабз” нишон дода буд.

Доналд Трамп ҳарчанд аз зарбаи Исроил ба Давҳа норозигии худро баён кард, аммо онро маҳкум ҳам накард. Ӯ танҳо ба ҳамтоёни қатариаш ваъда кард, ки “ҳамчунин як рӯйдоде дар замини онҳо дигар такрор намешавад”.

Ҳамлаи Исроил ба Қатарро аксар кишварҳо маҳкум карданд. Аз ҷумла, Тоҷикистон онро “таҷовуз ба тамомияти арзӣ”-и Қатар дониста, қотеъона маҳкум кард.

Ёдовар мешавем, ки Исроил ҳадафи зарба ба Давҳаро “роҳбарони Ҳамос” номида буд. Баъди зарба ҳам расонаҳои исроилӣ аз эҳтимоли кушта шудани чанд роҳбари Ҳамос хабар доданд, аммо расонаҳои арабӣ, аз ҷумла “Al Jazeera” хабар дод, ки ҳамаи роҳбарони Ҳамос, ки ҳадафи ҳамла буданд, ҷон ба саломат бурдаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...