Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон. Бо ширкати президент дар Ховалингу Балҷувон кадом иншоот ифтитоҳ гардид?

Asia-Plus

Имрӯз, 11-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон, дар навоҳии Ховалинг ва Балҷувон чанд мактабу кӯдакиистон, корхонаи саноатӣ ва Осорхонаи таърихии асри сангро ба истифода дод.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар Ховалинг бинои  Гимназияи хусусии ба номи Ҷалол Икромиро бозкушоӣ кард.

Тибқи иттилои расмӣ, бинои муассиса аз ду ошёна иборат буда, барои 456 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Гимназия аз ҷониби Абдулло Ҳасанов, соҳибкори ватанӣ бо маблағи 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихии асри санги ноҳияи Ховалингро ба истифода додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар осорхона ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихие, ки аз мавзеъҳои Кӯлдара, Хонақоҳ, ва Хонақоҳ 1-2-и Ховалинг дарёфт гардидаанд, гирд оварда шудаанд. Олоти кории сангие, ки дар осорхона нигоҳдорӣ мешавад, ба давраи полеолити поин рост омада беш аз 950 ҳазор сол умр доштаанд.

Ин осорхона ба омӯзиши давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт, давраи антиқа, миёнаи охир, қарнҳои 18-19 ва баъди истиқлоли Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Роҳбари кишвар, инчунин, дар ин ноҳия 3 мактаб, 2 кӯдакистон ва як маркази варзишии сайёҳиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кардааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, ки иншоотҳо дар деҳаҳои Чуқурак, Таги Ҷар ва Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг бунёд шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ мактабҳо бо лавозимоти соҳавӣ ҷиҳозонида шуда, дар онҳо то 2100 хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад.

Мактаби №5 дар шаҳраки Мунк аз ҷониби Зафар Сафаров, соҳибкори ватанӣ азнавсозӣ шудааст. Ин мактаб дорои 34 синфхона буда, барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар деҳаи Таги ҷари Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дорои 10 синфхона, хонаи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон буда, аз ҷониби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи президент бунёд шудааст.

Дар деҳаи Чуқураки деҳоти Ҷонбахт бошад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ба истифода дода шуд. Ин муассиса бо саҳми Абдулло Ҳасанов, соҳибкори маҳалӣ сохта шуда барои 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.  

Раисҷумҳур ҳамчунин, дар деҳаи Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг аз намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид кардааст. 

Дар намоишгоҳ, намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба тамошо гузошта шуда, зикр гардид, ки иқлими ноҳияи Ховалинг барои парвариши картошка, пиёзи маҳаллӣ, сабзӣ  ва карам хеле мусоид мебошад. 

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, дар ноҳияи Балҷувон корхонаҳои нави истеҳсоли орд, равған, афшӯраи меваю сабзавот ва коркарди меваю гиёҳҳои хушк ба истифода дода шудааст.

Ин иншоот аз 4 корхонаи саноатӣ иборат буда, дар масоҳати беш аз 1 гектар замин аз ҷониби як гуруҳ соҳибкорони ватанӣ бо маблағи 9 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Инчунин дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст.

Тибқи иттилои расмӣ дар ин бино ба кормандони ин ниҳод 9 хонаи истиқоматӣ низ тақдим шудааст.

Ҳамзамон дар ин ноҳия бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон аввалин мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ шудааст. Мактаб дорои 32 синфхона буда барои 1520 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

“Синфхонаҳои таълими меҳнат, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, ошхона,  толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузорад”,-омадааст дар хабари расмӣ.

Дар инҷо раисҷумҳур ба таври фосилавӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, ки аз ҷониби Рустам Муъминов, соҳибкори ватанӣ сохта шудааст ба истифода супурдааст. Ин мактаб дорои 16 синфхона буда барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шудааст.

Бояд гуфт, ки роҳи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳимми инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа буда, бо амалӣ гардидани тарҳ равуои доимӣ байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Балҷувон ва Сари Хосор таъмин мегардад.

Ин роҳ қарор аст дар масоҳати умумии 54,1 километр ва паҳноии 10 метр ва бо ду қитъа – Қитъаи А 30 км ва Қитъаи Б 24,1 км сохта шавад. Сабаби ба ду қитъа ҷудо шудани роҳи лоиҳавӣ ба ҳаҷми кор ва мушкилии вобаста ба иқлим рабт дода шудааст.

“Дар доираи лоиҳа, дар баробари навсозии роҳ ҳамзамон сохтмони пулҳо, қубурҳои обгузар, танбадеворҳо, корҳои соҳилбандӣ, сохтмони ҷӯйборҳои канори роҳ, роҳҳои пиёдагард, насби деворҳои ҳимоявӣ ва хатти равшанидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст”,-омадааст дар хабари матбуот.

Гуфта шудааст, ки роҳи мазкур бо маблағгузории ҳукумати кишвар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бунёд мегардад.

Роҳбари кишвар ҳамчунин муассисаи давлатии “Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон”-ро баъди таъмиру навсозӣ ба истифода додааст.

Ба иттилои манбаъ барои таъмиру навсозии марказ аз ҳисоби буҷет 6 миллиону 322 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 17 миллиону 624 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Марказ дорои толори намоишӣ, осорхонаи таърихӣ, китобхона ва гӯшаҳои махсуси фарҳанги миллӣ буда дар он намунаҳои нодири санъати дастӣ, нигораҳои қадимӣ, ашёи рӯзгори ниёгон ва асарҳои муҳаққиқону адибон ҷой дода шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...