ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 11 СЕНТЯБР
– Имрӯз, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши мусиқавии (мюзикл) “Дракула: ишқ аз марг қавитар аст” ба намоиш гузошта мешавад. Чиптаҳоро аз echipta.tj дастрас карда метавонед.
– Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.
– Дар осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии истиқлоли давдатӣ намоишгоҳ ташкил гардидааст. Дар он 26 асари тасвирии рассомони ҷавони тоҷик дар аҳди истиқлол ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ то 15-уми сентябр идома мекунад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 СЕНТЯБР
2012 – Телевизиони давлатии Тоҷикистон (“Шабакаи аввал”) ба пахши шабонарӯзӣ оғоз кард.
2013 – Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон расман эълон кард, ки ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназароваро ҳамчун номзади ягонаи мухолифин барои интихоботи президентӣ пешбарӣ мекунад. Вале номзадии Бобоназарова аз сӯи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ сабти ном нашуд.
2017 – Тақрибан 20 ҷонибдори мухолифини тоҷик дар назди бинои САҲА дар Варшава даст ба эътироз заданд. Дар посух ба он ҳайати расмии Тоҷикистон аз иштирок дар муҳокимаи вазъи ҳуқуқи инсон дар конфронси САҲА худдорӣ намуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1953 – Мавлуди Уткур Аҳмадов, педиатр, номзади илмҳои тиб.
Соли 1964 – Зодрӯзи Муаззама Камолова, олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ.
Соли 1975 – Зодрӯзи Ҳомидҷон Ҳакимзода, сиёсатмадор, иқтисодчӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.
Соли 2007 – Ҳаким Қурбонов декани факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даргузашт.
Соли 2013 – Ёқуб Сабзанов, оҳангсози тоҷик дар синни 84 даргузашт.
Ёқуб Сабзанов оҳангсоз ва таронанавис маъруф, ки оҳанги таронаи “Зебида туро либоси атлас” бар пояи шеъри Мирзо Турсунзода офаридааст ва ин яке аз офаридаҳои маъруфи ӯст.
Ӯ то замони муҳоҷираташ ба Амрико дар соли 1992 тайи 37 сол дар муассисаҳои фарҳангии кишвар фаъолият кардааст. Оҳангҳои зиёди ӯ ба таронаҳои “Аз қадат гардам”, “Шаҳри ман”, “Тӯёна”, “Ишқ” ва “Ба дилбар” дар иҷрои ситораҳои шуҳратёре чун Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова, Борис Наматиев ва Рафаэл Толмасов хазинаи тилоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат медиҳанд.
Операҳои “Бозгашт” бар пояи достони Аминҷон Шукӯҳӣ, “Имтиҳон”, достонҳои симфонии “Турнаҳо”, “Мақом”, “Ёди Рӯдакӣ” аз осори мусиқиест, ки аз Ёқуб Сабзанов ба ёдгор мондаанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
11 сентябри соли 2001 дар ИМА бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар таърих сурат гирифт. Тибқи иттилои расмӣ, масъулияти ин ҳамлаҳо бар дӯши созмони террористии “Ал-Қоида” мебошад.
Дар ин рӯз ду ҳавопаймое, ки террористон идора мекарданд, ба осмонбӯсҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк бархӯрданд. Дар натиҷа, ҳарду манора фурӯ рехта, биноҳои атроф зарари ҷиддӣ диданд.
Дар қатори 19 террорист, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 3000 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 6000 нафар маҷрӯҳ ва 24 нафари дигар бедарак шуданд. Аксари қурбониён сокинони осоишта буданд.
11 сентябри соли 2006 дар Ню-Йорк муҷассамаи “Ашки ғам”-и Зураб Серетели – тӯҳфаи мардуми Русия ба мардуми Амрико ба хотири қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ ифтитоҳ ёфт. Баландии ин муҷассама беш аз 30 метр, вазнаш беш аз 170 тонна аст.
Он як лавҳаи биринҷии шикастаро ифода мекунад, ки рамзи “манораҳои дугоник”-и фурӯрехта мебошад. Дар дохили тарқиш як қатраи пӯлодини 12-метра, ашк овезон аст.
11 сентябри соли 1888 дар маросими кушодашавии намоиши саноатӣ дар Торонто нахустин сабти оммавии садои инсон сурат гирифт. Ин сабт аз ҷониби яке аз ихтироъкорон, ки ба ин намоишгоҳ даъват шуда буд, анҷом дода шуд. Ин ҳодиса аввалин сабти садои инсон дар Канада маҳсуб мешавад.
11 сентябр ҳамчунин Рӯзи финҷоми шишагин (гранёный стакан) таҷлил карда мешавад. Дар ҳамин рӯз 82 сол пеш дар заводи шишабарории Гус-Хрустални аввалин финҷоми шишагини шӯравӣ истеҳсол шуда буд.
Тарҳи финҷом ба Вера Мухина, муаллифи композитсияи муҷассамавии "Коргар ва колхозчӣ" нисбат дода мешавад. Аммо, ин бо ҳуҷҷат тасдиқ нашудааст. Тибқи баъзе маълумот, Вера Игнатевна шакли стаканро махсус барои хӯрокпазии ҷамъиятии шӯравӣ таҳия кардааст.
Имрӯз Рӯзи таъсиси Фонди Умумиҷаҳонии Муҳофизат (WWF) аст. Ин бузургтарин созмони ғайриҳукуматии байналмилалии ҳифзи табиат дар ҷаҳон мебошад, ки барои ба ҳалли мушкилоти мубрами ҳифзи табиат дар тамоми гӯшаву канори сайёра кӯшиш дорад.
Фонд дар саросари ҷаҳон беш аз 5 миллион ҷонибдор дорад, ки дар зиёда аз 100 кишвар фаъолият мекунад ва ҳудуди 1300 лоиҳаи ҳифзи табиатро дастгирӣ менамояд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 11 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 22+27º гарм
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, дар баъзе минтақаҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 28+33º гарм
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 32+34º гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 35+37º гарм
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 30+32º гарм мешавад.


