Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар Душанбе эълон кард, ки дар ин ниҳод хидматрасонии пешниҳоди маълумотномаи доғи судӣ оғоз ёфтааст.
Ин ниҳод имрӯз, 13-уми сентябр, гуфт, акнун сокинони пойтахт метавонанд, аз рӯзи душанбе то шанбе, аз соати 08:00 то 16:00 барои гирифтани ин санад ба РВКД дар Душанбе муроҷиат кунанд.
Қаблан маълумотномаи доғи судиро танҳо аз воҳидҳои маркази иттилоотии ВКД гирифтан имкон дошт.
Дар Тоҷикистон як шарти қабул ба кор пешниҳоди маълумотнома дар бораи доғи судӣ аст. Дар ин санади навишта мешавад, ки фард ҷинояте кардааст, ё не. Нархи он аз 30 сомонӣ (дар муҳлати 10 рӯзи корӣ додан) то 50 сомонӣ (дар муҳлати 7 рӯзи корӣ додан) аст.
Барои гирифтани маълумотномаи доғӣ судӣ чунин ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад:
– нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи миллӣ ё хориҷӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи тағйири ному насаб (ҳангоми мавҷуд будан) ва шаҳодатномаи таваллуд (барои ноболиғон);
– маълумотнома дар бораи гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ (изи ангушт) (ба истиснои ноболиғон ва шахсоне, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд);
– пешниҳоди расиди пардохти хидматрасонӣ.


