5 доллар барои зинда мондан. Нафақа дар Тоҷикистон пасттарин дар фазои пасошӯравӣ аст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақа дар Тоҷикистон ба андозаи 10% афзуд. Лекин ин болоравӣ танҳо қисман гароншавии молу хидматрасониҳоро метавонад ҷуброн кунад. Барои аксари нафақахӯрон иловапулӣ рамзӣ боқӣ мемонад ва мушкили даромади пастро ҳал намекунад.

Маҳсулоти ниёзи аввалия дар Тоҷикистон доимо гарон мешаванд. Ин бахусус дар мисоли нону орд ва сабзавот назаррас аст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2025 нархи нон 4,7% ва орд – қариб 5% зиёд шудааст. Аз миёни сабзавот сабзӣ дар як сол се баробар ва сирпиёз – ду баробар гарон шуда, нархи картошка ва карам низ боло рафт.

Барои одамони калонсол, ки дар ҳама чиз сарфаҷӯӣ мекунанд, ин ҳолатҳо ба як озмоиши ҷиддӣ табдил меёбанд. Аксарият аз маҳсулоти аз ҳама зарурӣ даст кашида, бисёре аз нафақахӯрони тоҷик аслан бо кумаки хешону пайвандон зиндагӣ мекунанд.

Нафақаи миёна дар Тоҷикистон имрӯз яке аз пасттарин дар фазои пасошӯравӣ аст. То аввали моҳи августи соли 2025 ҳаҷми он 470,62 сомонӣ, яъне 50 доллар тибқи қурби ҷориро ташкил медиҳад. Аз 1 сентябр ба он 5 доллар илова шуд.

Дар кишвар се навъи нафақа таъин мешавад: меҳнатӣ, суғуртавӣ ва иҷтимоӣ. Ҳаҷми миёнаи онҳо аз 366 то 644 сомонӣ ё худ аз 39 то 68 долларро ташкил медиҳад.

Муқоиса бо ҳамсоякишварҳо

Агар бо дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) муқоиса кунем, фарқият хеле бузург аст.

Дар Қазоқистон нафақаи миёна ба 300 доллар, Русия – қариб 290 доллар ва Беларус – 256 долларро ташкил дода, ҳатто дар Қирғизистон ва Ӯзбекистон нафақахӯрон дар як моҳ зиёда аз 120 доллар мегиранд.

Барои муқоиса: нафақахӯри тоҷик агар ҳамаи нафақаашро ба хариди гӯшти гов сарф кунад, пулаш ба ҳамагӣ – 4-5 кг дар як моҳ мерасад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар Беларус ин нишондиҳанда ба ҳудуди 32 кг баробар аст.

Дар ҳамин ҳол теъдоди нафақахӯрон дар Тоҷикистон нисбатан зиёд нест. То 1 июли соли 2025 дар ҷумҳурӣ каме бештар аз 858 ҳазор нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда буданд, ки ҳамагӣ ба 8%-и аҳолӣ баробар аст.

Барои муқоиса, дар Русия ҳисса одамони калонсод 28%, Қазоқистон, Беларус ва Эстония – ҳудуди 25% ва Гурҷистон – зиёда аз 16%-ро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи нисбатан пасти нафақахӯрон дар Тоҷикистон афзоиши баланди табиии аҳолӣ маънидод мешавад, ки ба 2% дар як сол баробар буда, баландтарин нишондиҳанда байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аст.

Ислоҳоте, ки сурат нагирифт

Коршиносони масоили иқтисодӣ таъкид мекунанд, ки чунин вазъияти демогорафӣ, яъне вақте ба як нафақахӯр қариб 4 шахси коргар рост меояд, метавонист барои низоми нафақаи устувор асоси мусоид шавад. Аммо дар амал маоши паст ва имконоти маҳдуди буҷет пардохтҳои шоиставу муносибро таъмин карда наметавонанд.

Маоши миёна дар Тоҷикистон ҳудуди 283 долларро ташкил медиҳад ва саҳмгузориҳои нафақа маҳз ба ҳамин даромадҳо вобастаанд.

Мақомот ҳанӯз соли 2005 қонун “Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа”-ро қабул карданд, ки бояд сохторҳои хусусии андӯхтро роҳандозӣ мекард, лекин қариб дар муддати аллакай 20 сол ҳеҷ яке аз чунин фондҳо пайдо нашуд.

Сабабҳояш фаҳмоянд: маоши паст барои одамон маблағи зиёдатӣ барои андӯхти нафақа боқӣ намегузорад, эътимод ба ташкилотҳои хусусӣ бинобар муфлисшавии бонкҳои бузург халалдор шуд ва саводнокии молиявии аҳолӣ паст боқӣ мемонад.

Ба ин ҷо хавфҳои таврррумро илова мекунем ва фаҳмотар мешавад, ки чаро шаҳрвандон ба лоиҳаҳои дарозмуҳлат саҳмгузорӣ кардан намехоҳанд.

Имрӯз нафақа дар Тоҷикистон на сарчашмаи воқеии даромад, балки як пардохти рамзӣ боқӣ мемонад. Коршиносон бар ин назаранд, ки тағйири вазъият танҳо тариқи рушди низоми хусусии нафақа ва фароҳам овардани ҳавасмандиҳо барои андӯхт имкопазир аст. Бидуни ин одамони калонсол мисли пештара ба кумакми фарзандони худ вобаста  ва дастгирии давлат дар сатҳи кумакпулиҳое, ки ҳатто ба таъмини пиронсолии як навъ шоиста қодир нест, боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти гузориши “Маҷмӯаи омории Нишондиҳандаҳои асосии Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2024”, нафақа 13,9% аз ҳаҷми маҷмӯи даромадҳои хонаводаҳоро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумот дар бораи таркиби даромад аз лиҳози навъи зист, нисбат ба деҳот дар хонаводаҳои шаҳр ҳиссаи нафақа зиёдтар аст.

Қисмати зиёди даромадро дар деҳот хоҷагии шахсии ёрирасон ва шуғли инфиродӣ ё худ мустақилона таъмин карда, дар шаҳрҳо сарчашмаҳои асосӣ нафақа ва маош мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...