Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар рафт. Барои ширкат дар ҷаласаи изтирории раҳбарони кишварҳои исломӣ ва арабӣ

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 15-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо боздиди корӣ ба Қатар сафар кард. Дафтари матбуотии президент менависад, ки дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масоили хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ин сафар қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи изтирории сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) ва арабӣ, ки имрӯз, 15-уми сентябр дар Давҳа баргузор мегардад, ширкат кунад. Ин ҷаласа бо ибтикори Қатар дар пайи ҳамлаи Исроил ба раҳбарони гурӯҳи фаластинии Ҳамос ба Давҳа доир хоҳад шуд.

Дар он шуморе аз раисҷумҳурон ва мақомоти аршади кишварҳои арабӣ ва исломӣ иштирок хоҳанд дошт.

Хадамоти матбуотии президент, дар бораи ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст чизе нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 14-уми сентябр дар Қатар нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ ва арабӣ баргузор гардид, ки дар он Сироҷиддин Муҳридин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам ширкат дошт.

Дар ин ҷаласа ҳамлаи Исроил ба Қатар, инчунин, вазъи мураккаби Ховари Миёна баррасӣ шудааст. Дар нишаст вазирони корҳои хориҷӣ рӯзнома ва матни санади ниҳоии ҷаласаи изтирории сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ва арабиро тасдиқ кардаанд.

Муҳаммад ибни Абдураҳмон Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки Исроилро “барои ҳамаи ҷиноятҳое, ки содир кардааст, муҷозот кунад”.

Ёдрас мешавем, ки Исроил рӯзи 9-уми сентябр ба як бинои маскунӣ дар Давҳа, ки гуфта мешуд, тими музокиракунандаи гурӯҳи фаластинии Ҳамос он ҷо қарор доштааст, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Артиши Исроил  гуфт, ҳадафи ҳамла роҳбарони гурӯҳи Ҳамос аст.

Ҳамос гуфт, 5 нафар аз аъзояш дар ин ҳамла кушта шудаанд, аммо талоши Исроил барои террори музокиракунандагони Ҳамос шикаст хӯрдааст. Қатар ин ҳамларо “ҷиноят ва буздилӣ” хонда, гуфт, ҳаққи посух ба ин ҳамлаи ошкорои Исроилро маҳфуз медорад. 

Тоҷикистон қаблан ҳамлаи Исроил ба Қатарро “таҷовуз ба тамомияти арзӣ”-и ин кишвар дониста, онро қотеъона маҳкум карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...