Дар пайи таркиши балони газ дар Суғд як наврас захмӣ шудааст

Asia-Plus

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як балони газ таркида, сабаби ҷароҳат бардоштани навраси 13-солаи ноҳия шудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), ин ҳодиса рӯзи 14-уми сентябр дар хонаи Меҳроҷ Самадов, як сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи мазкур “бо сабабҳои номаълум” рух додааст.

Мақомот гуфтаанд, ки сабаби инфиҷорро муайян мекунанд.

Наврасе, ки дар пайи ин ҳодиса ҷароҳат бардоштааст, ҳоло дар бемористон қарор дорад.

Бояд гуфт, ки сокинони рустоҳои Тоҷикистон барои омода намудани хӯрок аз балонҳои гази моеъ истифода мекунанд. Таркиши балонҳо дар гузашта ҳам рух дода буд ва сабаби захмиву дар баъзе ҳолатҳои марги сокинони гардида буд.

Аз ҷумла, моҳи майи соли 2023 бар асари таркиши балони гази моеъ дар нуқтаҳои тезтаёри назди бозори марказии ноҳияи Панҷ 28 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, 1 тани онҳо фавтида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...