Нерӯгоҳи “Норак” ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мешавад

Asia-Plus

Мутахассисони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и "Норак" барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар ин нерӯгох корҳои омодагӣ ва таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳою таҷҳизоти ёрирасонро мегузаронанд.

Анвар Киромаддинов, муовини сармуҳандиси нерӯгоҳ ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки ин тадбирҳо барои дар фасли зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо барқ амалӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, мутахассисони НБО "Норак" мувофиқи нақшаи тасдиқшуда як қатор чорабиниҳои муҳимро пурра ба иҷро расонидаанд:

– захира намудани маводи зиддилағжиш барои роҳҳои нақлиётии нерӯгоҳ;

– омода намудани нақлиёт ва механизмҳои хоҷагии нақлиёти автомобилӣ;

– тоза намудани сангрезаҳо аз паси девори муҳофизатии бинои “Зилзиласанҷӣ”;

– дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо;

– баровардани селовардҳо аз "барраж"-ҳои №1-2-и сойи "Сафедоб" ва аз ҳавзи сойи Лагер.

Айни замон дар нерӯгоҳи "Норак" корҳои навсозии гидроагрегати ҳафтум ва таъмири ҷории баъзе механизмҳои гидроагрегатҳо идома дорад.

Нерӯгоҳи барқи обии "Норак" яке аз иншооти стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки зиёда аз нисфи истеҳсоли нерӯи барқро дар кишвар, бахусус дар давраи зимистон таъмин мекунад.

Иқтидори муқарраршудаи нерӯгоҳ айни замон 3 015 (МВт)-ро ташкил медиҳад (9 гидроагрегат ҳар кадоме бо иқтидори 335 МВт).

Аввалин гидроагрегати нерӯгоҳ соли 1972 ва охиринаш – охири солҳои 1970-ум мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Айни замон дар нерӯгоҳи “Норак” корҳои таъмиру навсозии механизму таҷҳизоти он ҷараён доранд.

Моҳи октябри соли 2022 гирдроагрегати якуми барқароршуда пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифта, иқтидори он то 375 МВт расонда шуд, ки тақрибан 10% зиёдтар нисбат ба иқтидори пешинааш аст.

Моҳи августи соли 2024 гидроагрегати чоруми барқароргардида пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд.

Дар назар аст, ки пас аз анҷоми ҳамаи корҳои пешбинигардида тибқи нақша, иқтидори нерӯгоҳ то 3375 МВт зиёд карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола аз охири моҳи сентябр то апрели соли дигар дар Тоҷикистон мушкили норасоии барқ ба мушоҳида мерасад.

Дар ин давра ба сокинони деҳоти ҷумҳурӣ дар ҳаҷми маҳдуд нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Танҳо шаҳрҳои бузург шабонарӯзӣ бо барқ таъмин карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...