Истаравшан ва Қазвин бародаршаҳр шуданд. Боз кадом шаҳрҳои Тоҷикистон ва Эрон ба ҳам бародаршаҳранд?

Date:

Шаҳри Қазвини Эрон ва шаҳри Истаравшани Тоҷикистон бародаршаҳр эълон шуданд. Дар ин бора қарори Шӯрои исломии шаҳри Қазвин имзо шудааст ва расонаи форсӣ аз он иттилоъ додаанд.

Бар иттилои хабаргузории эронии “Меҳр”, ин тасмим бо ҳадафи тавсеаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ миёни ду шаҳр ва тақвияти дипломатия гирифта шудааст.

Аъзои Шӯро бо таъкид бар муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон, ин иқдомро як қадами муассир дар ҷиҳати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷрибаҳои шаҳрдорӣ донистанд.

Истаравшан яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ буда, пешинаи беш аз 2500-сола дорад. Он бо номи Курушкада, Киропол (Кирэсхата), Уструшана, Суйдуйшана ва Ӯротеппа маъруф буд ва ҳамчун маркази ҳунарҳои мардумӣ, бахусус кордсозӣ, дар минтақа шӯҳрати зиёд дорад. Истаравшан дар тӯли таърих маркази муҳимми фарҳангӣ ва тиҷоратӣ буд ва имрӯз ҳам бо ёдгориҳои таърихиаш сайёҳони зиёдеро ҷалб мекунад.

Қазвин низ дар Эрон бо таърихи бошукӯҳаш шинохта шудааст. Он дар давраи Сафавиён пойтахти Эрон буд ва бо меъмории зебо, бозорҳои таърихӣ ва масҷидҳояш машҳур аст. Қазвин аз марказҳои илму адаб ва ҳунарҳои дастии Эрон ба шумор меравад.

Гуфта мешавад, ки муштаракоти таърихиву фарҳангӣ заминаи мустаҳкамеро дар таҳкими ҳамкориҳои ин ду шаҳр фароҳам меорад. Бо имзои ин қарордод, интизор меравад, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои туризм, фарҳанг ва иқтисод тақвият ёбанд.

 

Бародаршаҳрҳои дигари Тоҷикистон ва Эрон

Бо дарназардошти муштаракоти фарҳангӣ шаҳрҳои Тоҷикистону Эрон равобити наздик доранд. Дар баробари Қазвин ва Истаравшан, чанд шаҳри дигари ду кишвар низ бародаршаҳр ҳастанд:

Душанбе (пойтахти Тоҷикистон) ва Теҳрон (пойтахти Эрон) – ин шаҳрҳо соли 2001 бародаршаҳр шуданд. Ин ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва шаҳрсозӣ таҳким меёбад.

Кӯлоб (Тоҷикистон) ва Ҳамадон (Эрон) – ин шаҳрҳо низ аз соли 2001 бародаршаҳр ҳастанд ва ҳар ду шаҳр таърихи деринаи фарҳангӣ доранд.

Хуҷанд (Тоҷикистон) ва Нишопур (Эрон) – ин созишнома низ бо тамаркуз ба тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ баста шудааст, зеро ҳар ду шаҳр марказҳои муҳимми илму адаби минтақа буданд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ҳастанд ва дар гузаштаи таърихи муштарак доштанд. Муддате равобити сиёсии ду кишвар коста шуд, вале чанд сол боз робитаҳои дуҷониба беҳтар шудааст. Ҳатто сарони давлатҳо мегӯянд, ки равобити Тоҷикистону Эрон “дар сатҳи олӣ” қарор дорад. Намунаи ин бекор шудани раводид байни ду кишвар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...