Доналд Трамп иқрор шуд, ки интизор надошт хатми ҷанг дар Украина то ин андоза душвор бошад

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бори дигар аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия изҳори ноумедӣ кард ва гуфт, ки поён додан ба ҷанги Русия дар Украин аз он чӣ дар аввал фикр мекард, мушкилтар баромад. 

Ӯ ин нуктаро рӯзи 18-уми сентябр пас аз дидор бо Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ба хабарнигорон зикр кард.

“Фикр мекардам, ба хотири робитаам бо Путин ин мавзуъ (хатми ҷанг дар Украина) осонтарин кор бошад. Аммо ӯ маро ноумед кард. Ӯ маро воқеан ноумед кард”, – гуфтааст раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида.

Ӯ дар идома гуфтааст, “умедворам, ки мо ба зудӣ дар ин бора хабари хуше хоҳем дошт". Аммо тафсилоти дигаре дар бораи ин хабар надодааст.

Русия ба ин гуфтаҳои раисҷумҳури Амрико то кунун вокунише нишон надодааст.

Дар мулоқоти Трамп бо Стармер, ки дар доираи сафари раисҷумҳури Амрико ба Бритониё сурат гирифт, яке аз масъалаҳои асосие, ки баррасӣ гардидааст, роҳҳои поён додан ба ҷанг дар Украина будааст. Ба гуфтаи нахуствазири Бритониё, онҳо дар бораи афзоиши фишор болои раисиҷумҳури Русия ба хотири қабул кардани сулҳ гуфтугӯ кардаанд.

Дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи ҷорӣ шудани таҳримҳои нав алайҳи Русия Трамп ва Стармер посухи мушаххас надодаанд. Доналд Трамп аз оғози давраи раёсатҷумҳурияш то ҳол алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ накардааст, ҳарчанд борҳо ваъда дода буд, ки агар Русия омодагии худ ба сулҳро нишон надиҳад, ин корро анҷом медиҳад.

Доналд Трамп баъди дубора нишастан ба курсии роҳбари Амрико ваъда карда буд, ки дар ду ҳафта ҷанги Русия дар Украинаро хотима медиҳад. Вале бо гузашти беш аз 6 моҳ, бо вуҷуди мулоқоти телефонӣ ва вохӯрӣ бо Владимир Путин ӯ ба ин кор муваффақ нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...