“Яке аз барӯмандтарин шоирони тоҷик аст”. Гузориш аз таҷлили 80-солагии Гулназар дар Душанбе

Date:

Дар Душанбе 80-солагии Гулназар, Шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллӣ таҷлил шуд. Дар ҷашнвора ӯро нигаҳбони оташи шеър ва яке аз тавонотарин шоирони тоҷик унвон карда, аз хотираҳои хушаш ёдовар шуданд.

Ба хотири поси ёду номи шоири шаҳир мансабдорони соҳаи фарҳанг, шоирону нависандагон, овозхонҳо, рӯзноманигорон ва ҳаводорони суруду мусиқӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷамъ омаданд.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфилро оғоз карда, мухтасар перомуни шеъри Гулназар ҳарф зад ва гардонандагии маҳфилро ба Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло вогузошт.

Инчунин Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг ва Фарҳод Мукаррамзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ расман суханронӣ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Камол Насрулло

 

“Гулназар – яке аз тавонотарин шоирони тоҷик”

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси шинохта гуфт, “Гулназар яке аз тавонотарин ва барӯмандтарин шоирони тоҷик аст”.

"Гулназар дар шеъри муосири тоҷикӣ пас аз Лоиқ дувумин нафарест, ки дар гуфтани ғазалу рубоию дубайтӣ тавфиқ ёфтааст", – афзуд Сатторзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Барои ин гуфтааш адабиётшинос дубайтии зерро мисол овард:

Чу бинам Каҳкашону гарди коҳаш,

Зи нав ман бачагиро мекунам ёд.

Ки байни деҳу хирманҷо замоне,

Мисоли барги коҳе рафт барбод.

Ба гуфтаи Сатторзода, дар асри 20 нигаҳбони оташи шеъри тоҷикӣ устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Мӯмини Қаноат, Лоиқ ва Бозор Собир буданд. Пас аз марги Мӯъмин Қаноат, Лоиқ ва Бозор Собир рисолати нигаҳбонии оташи шеъри тоҷикӣ ба зиммаи Гулназар афтода буд.

“Бовар доштам, ки ӯ ин рисолати адабӣ ва миллии хешро бо сарбаландӣ анҷом хоҳад дод. Сад афсӯс, ки аҷал амон надод, ки ӯ ин рисолаташро то ба охир расонад”, – гуфт Абдунабӣ Сатторзода.

Кароматулло Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон, гуфт, ки Гулназар бо китоби “Дастархон” вориди адабиёт шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Кароматулло Мирзо

“Дар аввал дастархони Гулназар камбағалона буд, дастархони майдае дар хонааш буд, баъдан дастархони пур аз нозу неъмат шуд, аз хона баромад ва тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз онро фаро гирифт”, – гуфт нависанда.

Ӯ таъкид кард, ки ҳар кас аз ин дастархон неъмати дилкаш гирифтанд ва то ҳол, пас аз даргузашти шоир, ҳамоно ин дастархон кушода ва пур аз нозу неъмат аст.

 

Шоири шеърҳои хуби ошиқона

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон гуфт, Гулназар шоири тавоно, боистеъдод, заҳматкаш ва пешсафи адабиёти муосири тоҷик буд.

“Шеъри Гулназар аз ҷумлаи шеърҳои ноби тоҷик аст. Шеърҳои хусравонии нағз доранд, шеърҳои ошиқонаи нағз ҳам доранд. Солҳои охир дар ҳар шеъри устод Гулназар калимаи “бӯса” такрор мешуд. Боре ба худи устод гуфтам, ки насли оянда ба Шумо унвони наве медиҳанд. Бо тааҷҷуб пурсиданд, ки чӣ унвон будаст? Гуфтам – шоири бӯсаҳо! Аз ин унвон бисёр хушашон омад”, – иброз дошт Абдулҳамид Самад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулҳамид Самад

 

Ба қавли ӯ, агар китоби дуҷилдаи “Чодари сафеди маҳтобӣ”-и Гулназар мавриди таҳқиқи адабӣ қарор гирад, хеле маводи таҳқиқӣ дорад ва Гулназари навро кашф мекунад.

Афзалшо Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, гуфт, ки бо суруди “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад”, ки матнаш аз Гулназар аст, шӯҳрат пайдо кардааст.

“Соли 1984 ба ин шеъри устод Гулназар оҳанг бастам ва то кунун дилам бар Рӯдакӣ месӯзад, дар ҳар маҳфил мехонам, ин суруд ба ман зиёд шӯҳрат овардааст”, – гуфт овозхон.

Ӯ ба танз афзуд, “вақте ба шеърҳои Гулназар оҳанг мебастам, гоҳо ба бало ҳам мемондам. Ба шеъри “Ман номи туро наметавонам гуфт” оҳанг бастам, то ҳол занам мепурсад, ба кӣ дил бастаед, ки номашро гуфта наметавонед”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Афзалшоҳ Шодиев

 

Афзалшо Шодиев сурудҳои “Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро”, “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад” ва “Шеърро шоир кунед, то қадри Лоиқро бидонад”-ро зинда сароид.

Инчунин, сарояндагони шинохтаи дигар, ба мисли Раҳматулло Ҳошимов, Исмоил Назриев ва Хосияти Зарафшонӣ аз ашъори Гулназар сурудҳо суруданд.

Ортиқ Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон низ дар маҳфил шеъри “Дилам дард мекунад”-и Гулназарро қироат кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ортиқи Қодир

 

Шарҳи ҳоли Гулназар​​​​​​​

Гулназар Келдӣ 20-уми сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро бо нишони тилло тамом карда, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст ва онро соли 1966 бо дипломи аъло хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз намуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расидааст. Сипас дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Пайванд”, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, рӯзномаи “Ваҳдат” дар вазифаҳои мудири шуъба ва сардабир фаъолият кардааст.

То охири умр ба ҳайси муовини раиси Кумитаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият дошт.

Шеърҳои аввалини ӯ ҳангоми шогирди мактаби миёна буданаш ба табъ расидаанд. Ашъораш аз ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои навин орӣ нестанд ва худи ӯ дар инкишофи адабиёти муосири тоҷик саҳми шоиста гузоштааст. Беш аз 20 китоби ашъораш ба дасти хонанда расидааст.

Мунаққидонаш мегӯянд, шеъри Гулназар чун худи ӯ сода ва самимӣ аст.

Ӯ муҳаққиқи рӯзгор ва корномаи суханварони саршиноси тоҷик, минҷумла Лоиқ Шералӣ ва Қутбӣ Киром низ ҳаст.

Дар асоси филмномаҳои Гулназар чанд филм ҳам бардошта шудааст. Қисми охири силсилафилми пурбинандаи “Дар орзуи падар” ҳам ба қалами ин шоир тааллуқ дорад.

Гулназар як давра дар солҳои 2005 то 2010 вакили Парлумон Тоҷикистон буд.

Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Дар соли 1991 шеъри Гулназар Суруди миллии Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 1994 барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи “Се кулчаи танӯрӣ” сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд ва як сол пас унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистонро гирифт.

Шоири халқии Тоҷикистон 5 сол пеш, 13-уми августи соли 2020 бо сабаби гирифтор шудан ба бемории КОВИД-19 дар 75-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.

Ёду хотири ин шоир тоҷик гиромӣ бод!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...