ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 20 СЕНТЯБР
– Имрӯз, аз соати 13 то 18:00 дар Маркази исмоилияи Душанбе чорабинии бошукуҳи "IMPACT Forum"-и Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" баргузор мешавад, ки дар он коршиносони соҳаи расонаҳо, бозоршиносӣ (маркетинг), тиҷорат ва технологияҳои иттилоотӣ (IT) иштирок мекунанд.
Дар кори форум на танҳо мушкилоту имконоти ин соҳаҳо баррасӣ мешаванд, инчунин таҷрибаҳои инфиродии муваффақи ин соҳаҳо муаррифӣ шуда, иштирокчиён доир ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ табодули назар мекунанд.
Билетҳоро метавон тариқи сомонаи echipta.tj ё рақами 4141 дастрас кард. Барои донишҷӯён 50% тахфиф пешниҳод мешавад.
– Имрӯз, дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал дар гурӯҳи “С” баргузор мешаванд. Он то 24 сентябр идома мекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тимҳои миллии Макао (20 сентябр), Камбоҷа (22 сентябр) ва Ҷопон (24 сентябр) рақобат мекунад. Ҳама бозиҳо бо иштироки дастаи мо соати 20:00 оғоз мешаванд. Нархи чиптаи ду бозии як рӯз 30 сомониро ташкил медиҳад.
– Рӯзҳои 20 ва 21-уми сентябр дар Душанбе барои бори якум мусобиқаи Ҷоми ҷаҳони куштии самбо доир мегардад.
Ин чорабинӣ дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, варзишгарон дар 14 вазн миёни мардону занон дар самбои варзишӣ ва самбои размӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнии “Атои саҳна” идома дорад. Ин намоиш ба ифтихори 85-солагии Ато Муҳаммадҷонов 16-уми сентябр оғоз гардид ва то 25-уми сентябр идома меёбад.
Дар намоиш беш аз 110 нигора, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, либосҳои саҳнавӣ, аксҳо, наворҳо ва китобҳо ки бозгӯи фаъолияти пурсамари ҳунарпешаи шинохта Ато Муҳаммадҷонов аст, пешниҳод мешавад.
– Дар Душанбе дуввумин "Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ – 2025" (DITE-2025) идома дорад. Намоишгоҳ 18-уми сентябр оғоз шуда, имрӯз, рӯзи охирини он аст.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 200 ширкату ташкилот аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ки самтҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ, ҷумла тиҷорат дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо, сайёҳии фарҳангӣ ва тиббиро намояндагӣ мекунанд, ширкат мекунанд.
– Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 20 СЕНТЯБР
1924 – Дар Душанбе аввалин шуъбаи почта ва телеграф кушода шуд.
1932 – Дар боғи марказии Сталинобод (ҳоло Душанбе) нахустин филми тасвирии тоҷикӣ бо номи «Вақте амирон мемиранд»-и коргардон Камил Ёрматов намоиш дода шуд.
2016 – Сергей Харитонов, узви собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс ба рӯйхати и беҳтарин муборизони ҷаҳон ворид шуд.
2016 – Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҷаллаи стратегии “Тоҷикистон: 25 соли Истиқлолияти давлатӣ”- ро нашр намуд.
2019 – Тағйироти нав ба Кодекси ҷиноятии ҶТ ворид гардид: барои ба шахсони сеюм додани симкорт ҷарима ба маблағи $8,5 ҳазор ё то се соли зиндон пешбинӣ шудааст.
2023 – Дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ “Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон”, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
ШАХСИЯТҲО
1909 – Мавлуди Ҷалол Икромӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон.
Ҷалол Икромӣ чун адиби пуркору сермаҳсул дар рушду нумуи насри давраи нави тоҷик ҳиссаи арзанда дорад. Адиб соли 1909 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст.
Ҷалол Икромӣ таҳсилро дар мактаби кӯҳнаи Қарокӯл, ки чанд вақт падараш он ҷо қозӣ будааст, оғоз мекунад. Баъдҳо дар мактаби нав ва аз соли 1922 дар Дорулмуаллимини Бухоро таҳсил менамояд.
Адиб баъди хатми Дорулмуаллимин (1927) чанд вақт дар Бухоро ба муаллимӣ машғул мешавад ва соли 1930 ба Сталинобод (Душанбеи имрӯза) мекӯчад. Чанд муддат дар Кумитаи тоҷикшиносӣ, маҷаллаи “Раҳбари дониш”, театри Лоҳутӣ кор кардааст.
Ҷалол Икромӣ фаъолияти адабии худро аз шеърнависӣ оғоз намудааст. Соли 1927 бо маслиҳати устод Айнӣ қалами худро дар наср месанҷад ва худи ҳамон сол аввалин ҳикояаш бо номи “Шабе дар регистони Бухоро” чоп мешавад.
Эҷодиёти баъди ҷангии Ҷалол Икромӣ дар адабиёти муосир мавқеи хос пайдо кардааст. Чун дар он давр асари сегонаи ӯ “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, ки аз вазъи зиндагии мардуми тоҷик дар асри ХХ дақиқан қисса мекунад.
Аз асарҳои арзишмантарине, ки дар он замон таълиф шудаанд қиссаҳои “Ҷавоби Муҳаббат”, “Тори анкабут” ва романи “Ман гунаҳгорам” мебошад, ки мавзӯи асосии онҳо низ зиндагӣ ва муборизаи мардуми ҳамон давру замон аст.
Ҳамин тариқ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ дар давоми умри худ асарҳои зиёд офарида, дар адабиёти муосири тоҷик аз худ бисёр асарҳои арзишманде гузоштааст.
Ин адиби саршиноси тоҷик соли 1993 даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.
1916 – Мавлуди Тӯтӣ Ғаффорова, ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1964).
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ Тӯтӣ Ғаффорова cоли 1931 Техникуми педагогии занонаи Самарқандро хатм карда, дар Театри драмаи мусиқии ҳамин шаҳр фаъолият кардааст.
Ӯ солҳои 1936-1941 ҳунарпешаи Театри опера ва балети С.Айнӣ ва 1942-1972 ҳунарпешаи Театри Лоҳутӣ буд.
Ин ҳунрапешаи пурмаҳорат дар қарибӣ сад намоишнома, аз қабили “Рӯдакӣ”, “Тӯй”, “Иродаи зан”, “Шоҳ Лир”, “Муфаттиш”, “Гунаҳкорони бегуноҳ” ва дар намоишҳо нақшҳои марказӣ бозида, тавассути қаҳрамононаш занонро ба мубориза баҳри мустаҳкам кардани иродаи зан, зидди беадолатӣ ва мубориза даъват менамуд.
Дар кинофилмҳои тоҷикии “Дӯсти ман Наврӯзов”, “Минтақаи парвоз”, “Ҷӯра- Саркор”, “Хокистари сӯзон”, “Чор тан аз Чорсанг” ва ғайраҳо нақшҳои хотирмон офаридааст.
Тӯти Ғаффорова соли 1986 дар 70 солагӣ даргузашт.
1930 – Мавлуди Абдуллоҳи Назрӣ, сарояндаи шинохтаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1955).
Абдуллоҳи Назрӣ сарояндаи мардумии тоҷик, бо сурудани сурудҳои анъанавии тоҷикона дар байни мардум мақоми худро пайдо кардааст.
Бо муаллифии ин ҳунарманд ба олами мусиқии тоҷик беҳтарин сурудҳои тоҷикона ворид шудаанд, ки то ҳол шунавандагони худро дорад. Дар сабки сурудани Абдуллоҳи Назрӣ мусиқии мардумӣ “Нигорам”, “Сиёҳчашм”, “Дилбари ман”, “Санам” ва “Мустазод” хеле хуб садо медоданд.
Ӯ муаллиф ва басаҳнагузорандаи силсилаи сюитаҳои рақсист, ки “Таронаҳои меҳнат”, “Биё ёрам”, “Мурғи саҳар”, “Шашзарб” аз қабили онҳоянд.
Ӯ аз овозхонҳои соҳибмактабе буд, ки бисёр шогирдонро тарбия кардааст, ки дар олами мусқии тоҷик соҳибмақом гардиданд.
Ҳунарпешаи мардумӣ Абдулло Назрӣ 5 марти соли 2006 дар сини 76-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт.
Бародарон Давлат Назрӣ ва Исмоил Назрӣ, Зариф ва Соҳиб Назриевҳо имрӯз аз ҳунармандоне дониста мешаванд, ки роҳи ин Абдуллоҳи Назриро идома медиҳанд.
1945 – Мавлуди Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Муаллифи матни Cуруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон ва яке аз шоирони саршиноси Тоҷикистон буда, дар рушди адабиёти кишвар саҳми назаррас дорад. Бештари соҳибназарони адабиёти тоҷик шеъри Гулназар Келдиро чун худи ӯ сода ва самимӣ арзёбӣ кардаанд.
Ӯ фориғуттаҳсили факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳо дар риштаи рӯзноманигорӣ низ фаъолият кардааст.
Фаъолияти меҳнатии ӯ дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз шуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расидааст. Сипас дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Пайванд”, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, рӯзномаи “Ваҳдат” фаъолият дошт. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат кардааст.
Шоири тоҷик солҳои 2005-2010 вакили парлумони Тоҷикистон буд. Баъдан як муддат ҳамчун раиси Кумитаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кард.
Шеърҳои аввалини Гулназар Келдӣ замони мактабхониаш ба табъ расида, маҷмӯаи нахустинаш соли 1969 бо унвони “Расми сарбозӣ” интишор ёфтааст. Ӯ муаллифи беш аз 40 маҷмӯаи ашъор, аз ҷумла, “Фасли оғоз”, “Тулӯи беборӣ”, “Оинаи ташна”, “Туву хубиву раъноӣ”, “Сафина”, “Шоиру шеъре агар ҳаст…”, “Оғӯши саршор”, “Девори сабз”, “Дарёи кӯча” аст.
Гулназар Келдӣ соли 1995 барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи “Се кулчаи танӯрӣ” ба Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор гардидааст.
Ӯ ҳамчунин дар навиштани филмнома ҳам маҳорат дошт ва тозатарин асараш дар ин замина филмномаи бахши дувуми силсилафилми “Дар орзуи падар” аст.
Мавсуф муаллифи “Суруди миллии Тоҷикистон” аст, ки соли 1994 пазируфта шудааст.
Ӯ дар 75-солагӣ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар беморхона бистарӣ шуд ва баъди чанде, 13-уми августи соли 2020 даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.
1946 – Зодрӯзи Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Шоири халқии Тоҷикистон
Ин эҷодкор дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз кардааст.
Баъдан дар ҳамчун рӯзноманигор дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтавори “Маданияти Тоҷикистон” фаъолият бурдааст. Ӯ аз соли 1994 раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд буд.
Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз шоирони соҳибзавқ буда, дар ашъораш асолату балоғати забони шевои модариро мутаҷаллӣ сохта, дар тасвири манзара, офаридани образҳо ва корбурди васоити суханороӣ муваффақ аст. Мекӯшад баёнгари дарди миллат ва дармонбахши он бошад, хонандаро ба худогоҳию хештаншиносӣ ва эҳтироми армонҳои миллӣ ҳидоят кунад.
Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст.
Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёти муосир соли 2012 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.
Ин марди сухан 10 октябри соли 2018 аз олам даргузашт.
1949 – Мавлуди Ғаниҷон Муҳаммадов, доктори илми биология, профессор.
1974 – Зодрӯзи Даврон Бобоҷонов, олим, доктори илмҳои иқтисодӣ.
1974 – Зодрӯзи Нуралӣ Нурзод, адабиётшинос, ховаршинос, доктори илмҳои филологӣ.
Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба итмом расонида солҳои 2002-2009 мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии донишгоҳи мазкур будааст. Аз моҳи сентябри соли 2011 мудири кафедраи адабиёти классикии донишгоҳи номбурда мебошад.
Силсилаи мақолаҳояш дар маҷаллаву маҷмӯаҳои илмӣ ва электронии хориҷӣ, аз ҷумла, Эрон, Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Англия, Ҳоланд ва ғ. ба дасти чоп расидаанд.
Яке аз адабиётшиносони муваффақ ва пуркори тоҷик аст.
1992 – Зодрӯзи Наврӯзшо Қурбонҳусейнов, овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960) дар 82 солагӣ даргузашт.
2020 – Лутфулло Солиев, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия дар 79-солагӣ даргузашт.
2001 – Акбар Махсумов, доктори илмҳои кишоварзӣ дар синни 73 солагӣ даргузашт.
2021 – Абдуали Абдуманнонов, доктори илмҳои физикаю математика дар 68 солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Дар ин рӯзи соли 2011 дар Афғонистон дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ дар ҳавлиаш, Бурҳонуддин Раббонӣ, президенти пешини ин кишвар кушта шуд.
Бурҳонуддин Раббонӣ солҳои 1980-90-ум яке аз раҳбарони муҷоҳидини афғон буд. Ӯ пас аз сарнагун шудани ҳукумати Наҷибулло дар соли 1992 ба мақоми президенти Афғонистон расид ва то истеъфои расмиаш дар 22 декабри соли 2001 ин вазифаро ба ӯҳда дошт.
Раббонии 71-сола то лаҳзаи маргаш раҳбарии Шӯрои олии сулҳро бар дӯш дошт, ки вазифаи асосии он музокирот байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон буд.
Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон 2-юми сентябр Бурҳониддини Раббонӣ бо мукофоти олии Тоҷикистон – ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардидааст.
Ин мукофоти ба хотири расидани ба сулҳи миллӣ, ки дар он ҳисси Бурҳониддини Раббонӣ низ буд, дода шуд. Чун ӯ дар ташкилу баргузории музокирот байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин саҳми арзанда дошт.
Рӯзи 20-уми сентябри соли 1946 аввалин Фестивали синамои Канн кушода шуд. Ифтитоҳи нахустин фестивали байналмилалии синамо дар Канн қарор буд, ки тирамоҳи соли 1939 баргузор гардад. Бар асоси идеяи ташкилкунандагон, ин фестивал мебоист ҷойгузин ба Фестивали синамои Венетсия мешуд, ки зери таъсири мақомоти расмии фашистӣ қарор дошт.
Барнома омода буд ва Луи Люмйер (ихтироъкори синамо) раиси фахрии ҳакамон таъин шуда буд. Қарор буд, ки ифтитоҳ рӯзи 1-уми сентябр баргузор шавад, аммо маҳз дар ҳамин рӯз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз гардид.
Бинобар ин, аввалин Фестивали синамои Канн баъди ҷанг, яъне 20-уми сентябри соли 1946 баргузор шуд. Барои озмун 46 филм пешниҳод шуда буд, ки 11-тои онҳо ҷоизаи асосӣ — Гран-прии фестивалро ба даст оварданд.
з Иттиҳоди Шӯравӣ филми Ф. Эрмлер “Тағйироти бузург” ин ҷоизаро гирифт. “Шохаи хурмои тиллоӣ” ҳамчун ҷоизаи олии фестивал аз соли 1955 ба ин сӯ дода мешавад. Аз соли 1946 инҷониб фестивали синамо ҳамасола баргузор мегардад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 20 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 19+24º гарм
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 25+30º гарм
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона -4+1º, рӯзона 14+19º гарм
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 27+29º гарм
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 32+34º гарм
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 28+30º гарм


