Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Бархе хонандагони "Азия-Плюс" дар бораи хароҷоти барқарор кардани шиносномаи дохилии гумшудаи Тоҷикистон суол карданд. Мо натанҳо аз нархаш огаҳӣ ёфтем, балки тамоми тартиби гирифтани шиносномаи гумшударо муайян кардем.

Имрӯз шиносномаи Тоҷикистон дар шакли корти пластикии идентификатсионӣ (ID) дода мешавад, ки тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи соҳиби онро дар бар мегирад.

 

Гум кардани шиноснома ҷарима дорад

Мувофиқи моддаи 493-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, нигоҳдории бесалоҳияти шиноснома, ки боиси гум шудан ё вайрон шудани он мегардад, бо ҷарима аз 1 то 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муҷозот мешавад.

Айни замон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ аст, яъне маблағи ҷарима аз 75 то 150 сомониро ташкил медиҳад.

 

Ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст?

Тибқи Қоидаҳои додани шиноснома, дар ҳолати гум шудани шиноснома дар қаламрави Тоҷикистон, соҳиби он бояд бетаъхир ба воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз рӯйи ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош барои гирифтани шиносномаи нав бар ивази шиносномаи гумшуда муроҷиат намояд.

Дар ҳолати гум шудани шиноснома дар хориҷа соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии ҶТ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ хабар диҳад.

Дар сурати набудани муассисаи консулии ҶТ дар давлати будубош, шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст дар бораи ҳодисаи баамаломада фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош ва сипас ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии ҶТ дар кишвари наздиктарин ё Вазорати корҳои Тоҷикистон хабар диҳад. Дар чунин ҳолатҳо ба шаҳрванд барои бозгашт ба Тоҷикистон Шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд, агар шаҳрванд ариза бо худ дошта бошад, ӯ метавонад ба хатти фаъоли роҳбари Хадамот бо рақами +992 (37) 2275554 муроҷиат кунад.

 

Чӣ гуна ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Ба шӯъбаҳои минтақавии ВКД бояд бо нишон додани ҷой, вақт ва ҳолати гум шудани шиноснома аризаи хаттӣ пешниҳод шавад, ҳамчунин бояд китоби хонаводагӣ, 3 акси андозаи 3,5х4,5, расиди пардохти боҷи муқарраршуда барои додани шиноснома низ пешниҳод гарданд.

Намунаи ариза бо Қоидаҳои додани шиноснома дар долонҳои биноҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Тоҷикистон дар ҳар ноҳия овехта шудааст. Ҳамон ҷо нархҳо низ нишон дода шудаанд.

Дар сурати зарурат нусхаҳои сабти асноди шаҳодатнома дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар Дастумамали якҷояи ВКХ ва ВКД Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, талаб карда мешаванд.

 

Чӣ қадар маблағ пардохт кардан лозим аст?

Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шиноснома бояд маблағи баробар ба 10 доллар, барои гирифтани изи ангуштон – 12 сомонӣ, барои ариза ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ – 10 сомонӣ пардохт шавад. Ҳангоми муроҷиат ҳамчунин барои расмӣ кардани ҷойи қайд бояд 18 сомонӣ пардохт кунед.

Ҳамаи нархҳои боҷи давлатӣ ва хидматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД дар сомонаи зерин нишон дода шудаанд.

 

Шиносномаи навро кай ва дар куҷо мегиранд?

Тибқи тартиби муқарраршуда, на дертар аз 30 рӯз аз рӯзи пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ шиносномаи нав дода мешавад.

Шиносномаҳои ёфтшуда, инчунин шиносномаҳои пайдокардаи шахсони бедаракшуда ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешаванд, ки сипас ба шӯъбаҳои минтақавии ВКД ё ба ҷойи будубоши соҳиби шиноснома равон карда мешаванд.

Шиносномаҳои ёфтшуда ба соҳибонашон баргардонида мешаванд, лекин агар ба ин шаҳрвандон аллакай шиносномаҳои нав дода шуда бошад, шиносномаҳои пешина нобуд карда мешаванд.

Шиносномаҳои дар хориҷа ёфтшуда ба намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулгарии Тоҷикистон супорида мешаванд. Аз он ҷо онҳо ба ВКД ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар навбати худ онҳоро ба воҳидҳои минтақавӣ ирсол мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...