“Моҳӣ дар шаст” – нахустин филми муштараки Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шоми 21-уми сентябр дар шаҳри Теҳрони Эрон нахустнамоиши филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” баргузор гардид. Ин филм нахустин лоиҳаи муштараки “Довфилм”, “Тоҷикфилм” ва ширкатҳои эронии “Ifilm” ва “30CUP” мебошад.

Дар ин бора Муҳиддин Музаффар, роҳбари “Довфилм” ва коргардони филми мазкур ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, дар нахустнамоиш Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, Ғуломалӣ Ҳадод Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, Паймон Ҷибалӣ, раиси Созмони садо ва симои Эрон, инчунин таҳиягарон ва гурӯҳи эҷодии филм баргузор шуд.

“Ин асар достони ҷасорат ва худбоварии кӯдакест, ки мисли моҳӣ ба дом наафтад. Тамошобинони эронӣ филмро бо ҳаяҷон ва эҳсоси амиқ қабул карда, ба он баҳои баланд доданд. Пас аз анҷоми намоиш, бисёре аз ҳозирин кори гурӯҳи эҷодиро тавсиф намуда, онро оғози марҳалаи нав дар ҳамкории синамои Тоҷикистону Эрон арзёбӣ карданд”, – гуфт Муҳиддин Музаффар.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи коргардон, дар фасли поизи имсол филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба кинофестивали байналмилалии филмҳои бачагон ва наврасони Исфаҳони Эрон ҳам роҳхат гирифтааст.

Филми мазкур пурра дар Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шудааст. Ин таҷрибаи бесобиқа барои синамои муосири тоҷик дар даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.

Оҳангсози филм яке аз композиторони маъруфи Эрон – Фардин Халъатбарӣ мебошад. Ораш Қосимӣ – садогузор, Эмоди Худобахш – танзимгар, Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар таҳиягарони “Моҳӣ дар шаст” мебошанд.

 

Дар филм ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон, Русия ва Эрон барои нақшофарӣ ҷалб карда шудаанд. Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.

Филм қиссаи писарбачаи 10-сола бо номи Далерро нақл мекунад, ки дар мактаб-интернат ба воя расидааст. Ӯ ҳамроҳи Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, дар вақти таътил ба ҷустуҷӯи модари худ мебарояд. Ин сафар аз шимол то ҷануби Тоҷикистон тӯл кашида, қаҳрамононро бо рӯйдодҳои ғайриинтизор рӯ ба рӯ мекунад. Дар ниҳоят, Далер бояд қароре қабул кунад, ки масири зиндагии ӯро дигаргун месозад.

Нақши қаҳрамони асосӣ – Далерро Абдулло Абдураҳимзода, писарбачаи 8-сола аз мактаб-интернати шаҳри Душанбе бозидааст. Ӯ аз байни 1800 довталаб интихоб шудааст.

Нахустнамоиши ҷаҳонии филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” охири моҳи сентябр дар Олмон баргузор мегардад. Он дар доираи 30-юмин кинофестивали байналмилалии филмҳои бачагон ва наврасон – “Шилингел” ба намоиш гузошта мешавад.

 

Бояд гуфт, ки филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” моҳи октябри соли 2024 дар синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар Душанбе соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Дар шаҳри Душанбе дар доираи кинофестивали байналмилалии “Тоҷи Сомон” моҳи октябр нахустнамоиши филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки киностудияи “Довфилм” аз 5-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, 11-уми ноябри соли 2023 бо дарёфти иҷозатнома расман ба фаъолият шурӯъ намудааст. Филми “Дов”, ки дар 33 кинофестивал иштирок намуда, соҳиби 27 ҷоиза гардид, созандагони филмро илҳом бахшидааст, ки ба ҳамин ном киностудияи “Довфилм”-ро таъсис диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...